Насби танӯрҳо дар мадорис: Омоиши духтарон ба кори хонаи шавҳар?
Image copyrightBBC World ServiceРаиси вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, раҳбарони шаҳрҳо ва навоҳии ин вилоятро муваззаф кардааст, ки дар макотиби ҳамагонии ин вилоят танӯрҳои нонпазӣ ва бухориҳо барои омода кардани ғизоро насб кунанд.
Ҳадаф аз ин пешниҳоди Абдураҳмон Қодирӣ тақвияти дарсҳои "таълими меҳнат", ки ҳоло "дарси текнулужӣ" (дарси кору фанноварӣ) ном гирифта, ва ҷалби шогирдон ба омӯзиши корҳои иҷтимоъӣ будааст.
Ҳамакнун дар макотиби ҳамагонии ин вилоят шогирдон дар дарси кору фанноварӣ пешаҳои хайётӣ, гулдӯзӣ, қолибофӣ ва ҳунарҳои дигареро меомӯзанд.
То ҳол дар ҳудуди 300 мактаби ҳамагонӣ дар ин вилоят танӯр ва оташдонҳо (бухориҳои ошпазӣ) насб шуда ва масъулони макотиби дигари вилояти Суғд машғули фароҳам сохтани ин шароит барои шогирдон ҳастанд.
Вазорати маъориф ва илми Тоҷикистон аз ин иқдоми устондори Суғд ҳимоят кардааст.
Иқдоми ҷалб ба меҳнат
Раъно Бобоҷонова, муъовини устондори Суғд ва масъули бахши омӯзишу парвариши устондорӣ, ба Би-би-сӣ гуфт, ки яке аз аҳдофи роҳандозии ин тарҳ ҷалби ҷавондухтарон ва ҷавонписарон ба омӯзиши кор аст.
Хонуми Бобоҷонова гуфт: "Воқеъан ҳам барои рӯзгордорӣ ин дарсҳо дар мактабҳо ҳаст. Барои таъмини мактабҳо бо танӯр ва оташдонҳо бевосита ҷамоъатҳо, мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти иҷроияи ҳукумати шаҳру навоҳӣ муваззаф шудаанд, ки макотибро бо маводди лозима, аз ҷумла орд, равған ва ҳезум таъмин кунанд. Ва ё соҳибкорони вилоят метавонанд барои таъмини макотиб бо ин мавод иқдом кунанд."
Ӯ мегӯяд, ки шогирдон дар интихоби омӯзиши ҳунарҳо озод ҳастанд ва бархе аз ин дарсҳо дар берун аз дарсҳои аслӣ сурат хоҳад гирифт.
Ҳамчунин, хонуми Бобоҷонова мегӯяд, ки дар ин замина волидони шогирдон аз ҷамъоварии маболиғ барои танӯрҳо ва оташдонҳо ва ё маводди лозима муъоф ҳастанд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи иддае аз ҳуқуқдонҳо дар вилояти Суғд ахиран иддае аз падару модарон аз он шикоят кардаанд, ки масъулони макотиб барои дарси ошпазӣ аз шогирдон дархости овардани маводди лозимӣ ба мактабро кардаанд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар бархе аз навоҳии вилоят аз волидон барои насби танӯр ва бухориҳои ошпазӣ пул дархост шудааст. Аммо масъулони ҳукумати вилоят ин хабарро такзиб карда ва мегӯянд, ки алайҳи ҳар гуна иқдоми маблағҷамъкунӣ мубориза мекунанд.
Танӯри бобоӣ ба ҷои компютери замонавӣ
Дар мактабҳои ҳамагонӣ дар даврони Шӯравӣ низ "дарси меҳнат" вуҷуд дошт ва дар ҷараёни он шогирдон довталабона аз миёни чандин шуғли пешниҳодӣ якеро интихоб ва тайи ду сол қабл аз фориғ шудан аз таҳсил онро фаро мегирифтанд.
Ҳатто дар он замон дар мактабҳо дарси ба истилоҳ ошпазӣ тадрис мешуд, вале барои пухту паз умдатан аз бухориҳои ҷадид истифода мешуд.
Раъно Бобоҷонова низ мегӯяд дар сурате ки мактабҳо имкони харидории фанноварии ҷадиди ошпазиро дар ихтиёр дошта бошанд, метавонанд дар дарсҳо аз чунин фанноварӣ истифода кунанд.
Аммо дар ҳоле ки дар кишварҳои мухталиф донишомӯзон дар макотиб ба омӯзиши фанновариҳои пешрафта ҷалб мешаванд, ин суол матраҳ аст, ки оё дар Тоҷикистон танӯрҳо ва бухориҳои бобоӣ метавонанд таваҷҷуҳи шогирдонро ба омӯзиши ҳунарҳои мухталиф ҷалб созанд?
Бархе аз коршиносои умури омӯзишу парвариш мегӯянд, ки ин иқдом метавонад ба ҷойи кумак ба омӯзиши ҳунарҳо ба тафаккури бисёре аз донишомӯзон латма занад. Бо ин вуҷуд, то ҳол дар ҳудуди 300 мактаби ҳамагонӣ дар ин вилоят танӯр ва оташдонҳо насб шудаанд.
Пухтани нон ва талоқ дар хонавода
Масъулони ҳукумати вилояти Суғд мегӯянд, ки афзоиши мавориди талоқ дар хонаводаҳои ҷавон бо баҳонаи ба истилоҳ "беҳунар будани арӯсон" дар ин минтақа дар солҳои ахир афзоиш ёфта ва онҳо яке дигар аз аҳдофи ин иқдомро ҷилавгирӣ аз ин падида медонанд.
Ба бовари онҳо, фаро гирифтани духтарон ба омӯзиши корҳои манзил метавонад эҳтимоли аз манзили шавҳар ронда шудани онҳоро дар оянда коҳиш диҳад.
Вале Алла Қувватова, ҳуқуқдон, мегӯяд дар ҳоле ки мақомот аз боло бурдани ҷойгоҳи занон ва духтарон дар зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоъии Тоҷикистон шиъор медиҳанд, ҷорӣ кардани дарсҳои нонпазӣ ва ошпазӣ дар макотиб қабл аз ҳама дар ҷавондухтарон таъсироти манфӣ мерасонад.
Хонуми Қувватова мегӯяд, ки пухтани нон он қадар мушкил нест: "Ҷавондухтарон пухтани нонро дар манзил аз модарон ёд мегиранд. Аммо ҳоло дар макотиб барои боло бурдани ҷойгоҳи занон дар ҷомеъа бояд ба сатҳи омӯзиши қувваи ақлонии духтарон ва боло бурдани сатҳи дониши сиёсии онҳо аҳаммияти бештар қоил шудан зарурист."
Ин ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, ки клишеҳои ҷинсиятӣ дар бораи занон дар ҷомеъаи имрӯзии Тоҷикистон ва табъиз алайҳи занону духтарон афзоиш ёфтааст. Ба бовари ӯ, ин рафтор дар ҷомеъаро бо омӯзондани пухтани нон ва ғизо барои духтарон намешавад иваз кард.
Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдон дар вилояти Суғд, низ насби танӯрҳо ва бухориҳои ошпазӣ дар макотиби ҳамагонӣ дар ин вилоятро як иқдоми “ғайриахлоқӣ” унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, бунёди танӯрҳо ва бухориҳо дар назди бинои мактабҳо метавонад дар фаъъолияти мактабҳо низ таъсири манфӣ расонад.
Аз сӯйи дигар, оташафрӯзӣ дар назди макотиб барои амнияти донишомӯзон низ хатарнок аст: "Бӯйи дуди ғализ ва равған дар мактаб низ бад аст. Шогирдон ба мактаб донишомӯзӣ мераванд ё ошхӯрӣ? Ҳамчунин, бо ин иқдом дидаву дониста мо шогирдонро барои корҳо дар муҳоҷират омода мекунем."
Ба гуфтаи ин ҳуқуқдони маҳаллӣ, ҳамакнун макотиб дар вилояти Суғд дар тафаккури духтарон ин нуктаро ҷо хоҳанд дод, ки барои духтар муҳиммтар аз ҳама омӯхтани корҳои дохили хона аст.
Бо ин вуҷуд, масъулони Вазорати маъориф ва илми Тоҷикистон аз иқдоми мақомоти суғдӣ дар заминаи тақвияти сатҳи омӯзиши дарси кору фанноварӣ дар макотиб ибрози ҳимоят кардаанд.
Эҳсол Хушвахтов, сухангӯйи ин вазорат, мегӯяд, ки ҳар гуна иқдоме дар макотиб, ки дар он таваҷҷуҳ ба омӯзиш ба суди шогирдон ҷалб мешавад, иқдоми созанда аст.
Оҳои Хушвахтов гуфт: "Ин иқдом барои дарси фанноварӣ хуб аст. Чиро ки толибъилмон, аз ҷумла духтарон, аз синни мактабӣ дар ин замина обу тоб меёбанд ва ба зиндагии мустақиллона омода мешаванд."
Аммо оқои Хушвахтов низ афзуд дар сурате ки маблағи маводди зарурӣ аз ҳисоби волидон набошад ва ҳукумат барои дарёфти он талош кунад, вазорат аз ин иқдом ҳимоят хоҳад кард.
Насби танӯрҳо ва бухориҳои ошпазӣ дар макотиби вилояти Суғд дар ҳолест, ки шаҳрдории Душанбе аз соли 2012 ба ин сӯ талош дорад танӯрҳои насбшуда дар миёни биноҳои маскунии шаҳрро аз байн барад.
Масъулони шаҳрдорӣ гуфтаанд, ки танӯрҳои сохташуда дар атрофи сохтмонҳои маскунӣ дар симои шаҳр таъсири манфӣ расонда ва мунҷар ба олудагии муҳити зист шудаанд.
