Шикофи густардаи ҷинсиятӣ дар сабти довталабон барои донишгоҳҳо
Image copyrightBBC World ServiceМуҳлати сабти довталабони вуруд ба муассисоти омӯзиши олии Тоҷикистон дар Маркази миллии озмун поён ёфт ва ҳудуди 50 ҳазор нафар худро дар ин марказ ба сабт расондаанд.
Аммо омори сабти довталабон ҳокӣ аз шикофи густардаи ҷинсиятӣ аст. Аз ҷумлаи довталабони сабтшуда дар ин марказ беш аз 33 ҳазор нафарро писарон ва танҳо ҳудуди 16,5 ҳазор нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Яъне шумори довталабони писар тақрибан ду баробари довталабони духтар аст. Адами тавозуни ҷинсӣ дар шумори довталабони вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон бавижа дар вилояти Хатлон ва навоҳии минтақаи Рашт ба мушоҳида мерасад.
Дар вилояти Хатлон аз ҳудуди 21 ҳазор довталаб ҳудуди 15 ҳазорро писарон ва ҳудуди шаш ҳазорро духтарон ташкил медиҳанд. Дар ноҳияҳои таҳти идораи ҳукумати марказӣ аз ҷумлаи ҳудуди 8,5 ҳазор довталаб беш аз шаш ҳазор нафарро писарон ва беш аз ду ҳазорро духтарон ташкил медиҳанд.
Аз ҷумла, аз ҷумлаи 141 довталаби сабтшуда дар ноҳияи Тоҷикобод танҳо ду нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Аз 249 нафаре, ки дар Нуробод сабт шудаанд, танҳо 15 нафар духтарон ҳастанд.
Тавозун дар Бадахшон
Дар вилояти Суғд, ки дар замони шӯравӣ яке аз пешрафтатарин манотиқ маҳсуб мешуд, аз 12,3 ҳазор довталаб 7,5 ҳазорро писарон ва 4,8 ҳазорро духтарон ташкил медиҳанд. Дар ин вилоят бавижа дар ноҳияҳои кӯҳистонии Айнӣ ва Мастчоҳ шумори духтарони довталаб бо шумори писарон тафовути ҷиддӣ дорад.
Вилояти худмухтори кӯҳистонии Бадахшон танҳо минтақаест, ки тавозуни ҷинсӣ дар он то ҳадде риъоят шуда ва шумори духтарони довталаб аз писарон танҳо се нафар камтар (мутаносибан 1135 ва 1138) аст.
Дар ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа, Рӯшон, Шуғнон ва шаҳри Хоруғ шумори духтарони довталаби вуруд ба донишгоҳҳо бештар аз писарон аст. Зимнан, мардуми ин минтақа аз лиҳози мазҳаб ва забон бо соири манотиқи Тоҷикистон мутафовитанд.
Бадахшон ҳамчунин минтақаест, ки бештари шумори донишомӯзонаш худро барои вуруд ба донишгоҳҳо ба сабт расондаанд. Дар ин минтақа ҳарчанд шумори донишомӯзон нисбат ба соири манотиқи Тоҷикистон дар маҷмӯъ камтар аст, вале 71 дарсади онҳо барои вуруд ба донишгоҳҳо худро сабти ном кардаанд.
Таносуби сабти довталабон бо шумори куллии фориғуттаҳсилон дар вилояти Суғд нисбат ба соири манотиқи дигари Тоҷикистон камтар аст. Аз миёни донишомӯзони ин минтақа, ки имсол фориғуттаҳсил мешаванд, андаке беш аз 40 дарсад худро сабт кардаанд.
Дар ин вилоят Конибодом танҳо ноҳияе аст, ки теъдоди духтарони довталаб дар он бештар аз писарон аст. Дар ин ноҳия 391 писар ва 430 духтар худро дар Маркази миллии озмун сабт кардаанд.
Дар вилояти Хатлон ҳудуди 52 дарсад, дар ноҳияҳои марказӣ ҳудуди 47 дарсад, дар шаҳри Душанбе 53,4 дарсад аз шумори умумиии донишомӯзоне, ки дар ҳар кадоме аз ин манотиқ имсол фориғуттаҳсил мешаванд, худро ба сабт расондаанд. Ҷиргатол ноҳияест, ки бо 18 дарсад сабти довталабон камтарин дарсад аз фориғуттаҳсилонаш худро барои вуруд ба донишгоҳҳо сабт кардаанд.
Паёмадҳои манфӣ
Коршиносон мегӯянд ин арқом баёнгари ин аст, ки духтарон аз шароит ва имконоти кофӣ барои таҳсил дар донишгоҳҳо бархурдор нестанд. Хонаводаҳо бештар ба таҳсили писарон таваҷҷуҳ доранд, ҳеч гуна манобеъи молиро барои таҳсили онҳо дареғ намедоранд, вале дар таҳсили духтарон сармоя намегузоранд.
Авомили зиёде монанди табъизи ҷинсиятӣ, мамонеъати хонаводаҳо аз таҳсили духтарон, зуд шавҳар додани онҳо, фароҳам набудани шароити лозим барои духтарон дар муассисоти омӯзишӣ, монанди хобгоҳ, ва ғайра монеъ аз вуруди шумори бештаре аз духтарон ба донишгоҳҳо мешавад.
Нилуфари Азиз, фориғтутаҳсили риштаи рӯзноманигорӣ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ҳоло дар донишгоҳе дар Белорус дар риштаи равобити байналмилалӣ унвонҷӯ (аспирант) аст, мегӯяд мамонеъат аз таҳсили духтарон барои онҳо паёмадҳои манфӣ дорад.
Вай дар суҳбате онлойнӣ ба Би-би-сӣ гуфт: "Аслан савияи мардуми манотиқи кӯҳистон, бавижа падару модарон, хеле паст аст. Волидон садди роҳи хондан ва илмомӯзии фарзандонашон мешаванд. Имрӯзҳо шумори талоқ рӯз ба рӯз меафзояд, ки сабабаш ана ҳамин мамнӯъ кардани таҳсили духтарон аст."
Ба эътиқоди хонум Азиз, маҳрумияти духтарон аз омӯзиши олӣ ҳамчунин метавонад боъиси "пӯсидашавии пояи давлатдории навин" шавад, зеро нақши модарон дар тарбияти фарзандон, ва ҳамин тур, дар боло бурдани сатҳи фарҳанги ҷомеъа, бисёр муассир аст.
'Дин монеъи омӯзиш нест'
Тафовут дар омори минтақаҳо нишон медиҳад, ки мазҳаб ва хурдафарҳангҳои маҳаллӣ низ дар талоши духтарон ба идомаи таҳсил дар муассисоти олӣ ва ё тасмими хонаводаҳои онон дар ҳимоят кардан ё накардан аз таҳсили духтаронашон асароти ҷиддие барҷой мегузорад.
Аммо хонум Азиз мегӯяд мазҳаб монеъи таҳсили духтарон нест: "Охир дини мубини ислом танхо аз шавҳар кардан иборат нест!!!! Падар берун аз хона ва модар ҳамеша дар муҳити оила аст, масалан модари ман аввал илми диниро дар оила омӯзонд, сипас илми дунявиро. Пайғамбари ислом мефармояд, ки "аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй" ва ё ҷойи дигар меафзояд, ки "омӯхтани илм барои ҳар зану марди мусалмон фарз аст!"
Зимнан, дар Эрон, ки расман кишваре исломӣ ва бо Тоҷикистон ҳамзабону ҳамфарҳанг маҳсуб мешавад, шикофи ҷинсиятӣ байни писарону духтарони донишҷӯ бори аввал соли 2001 аз байн рафтааст. Аз он замон ба баъд шумори духтарони донишҷӯ аз писарон пайваста бештар шуда ва соли 2012 тақрибан 60 дарсади донишҷӯён дар Эрон духтар буданд.
Тайи ду соли ахир бисёре аз донишгоҳҳои таҳти назари гурӯҳҳои муҳофизакор дар Эрон маҳдудиятҳое дар заминаи таҳсили духтарон дар бархе аз риштаҳои таҳсил эъмол кардаанд. Бо ин ҳол, сатҳи омӯзиши олии духтарон дар муқоиса бо писарон ҳамчунон болотар аст.
Дар Тоҷикистон, ки кишваре секулор маҳсуб мешавад, зоҳиран ҳеч маҳдудияте дар заминаи таҳсили духтарон вуҷуд надорад. Баръакс, аз соли 1997 ба ин сӯ давлат барои ҷалби духтарон ба омӯзиши олӣ аз манотиқи кӯҳистонӣ имтиёзоте (квотаҳо) дар назар гирифта, вале ба назар мерасад, ки ин тадобир ҳам барои ташвиқи бештари духтарон ба омӯзиши олӣ то кунун чандон муассир воқеъ нашудааст.
Бархе аз соҳибназарон муътақиданд, ки маҳдудиятҳое монанди манъи ҳиҷоб ва эродгириҳои мукаррари устодон ба сару либоси духтарон, мавориди озору азияти ҷинсӣ дар донишгоҳҳо, ки аслан гуфтугӯ дар бораи он навъе "тобу" аст, низ монеъ аз ҷалби духтарон, бавижа аз манотиқи рустоӣ, ба донишгоҳ мешавад.
Дар гузашта мавориди худкушии духтарони донишҷӯ дар Тоҷикистон, ки иддаъо мешуд ҳадафи озори ҷинсӣ қарор гирифта буданд, гузориш шуда, вале ин маворид ҳаргиз ба таври ҷиддӣ таҳқиқ нашудааст.
'Омӯзиш амре ҳаётӣ нашудааст'
Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари масоили иҷтимоъӣ, мегӯяд, ки рафтани духтарон ба донишгоҳҳо мушкилоти печидае дорад ва авомили он яку дуто нест. Муҳиммтарин омил боз ҳам шароит ва имконоти иҷтимоъию иқтисодист, ки дар пайдо шудани омилҳои дигар низ таъсиргузор мебошад.
Вай мегӯяд: "Ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ, ки тамоми озодиҳоро дар худ дошт, духтарон хеле кам ба донишгоҳҳо мерафтанд. Имрӯз бархурд ба дарёфти маълумоти олӣ комилан дигар шуда бошад ҳам, амалкарди суннатӣ боқист ва худи тақсимбандии ин масъала дар баъзе навоҳии кӯҳистонӣ далели он аст. Яъне ҳоло ҳам таҳсилоти олӣ барои рушду пешрафти миллат асос қарор нагирифтааст."
Оқои Сайфуллозода системи адолати иҷтимоъӣ дар Тоҷикистонро зери суол мебарад ва мегӯяд, ки аз бас имкони пайдо кардани машоғил барои ҳама ба таври баробар вуҷуд надорад, доштани дониш ва мадраки омӯзиши олӣ ба навъе авлавият ё амре ҳаётӣ ва таъйинкунанда дар ҷомеъа табдил нашудааст.
Ӯ афзуд: "Дар ин маврид мушкилоти маҳалгароӣ ва барои дигарон қоил нашудани ҷои кор дар идораву муассисаҳои ҳукуматӣ ва хусусӣ боъис гашта, ки дарёфти маълумот бахусус барои духтарон аҳаммияти ҷиддӣ пайдо накунад. То вақте шароит ва имконот барои ҳама таъмин нашавад ё ба тарзи дигар адолат риъоят нашавад, ин мушкил ҳалли худро пайдо намекунад."
Аз сӯйи дигар, бисёриҳо муътақиданд, ки зиёд будани шумори довталабон ё донишҷӯёни писар дар Тоҷикистон нишонаи таваҷҷуҳ ва алоқаи бештари ҷавонписарон ба омӯзиши олӣ нест. Бисёре аз онҳо танҳо ба хотири муъоф шудан аз хидмати сарбозӣ, ки дар Тоҷикистон амре иҷборист, ба донишгоҳ мераванд.
