Саидов: “Ҷашни “Занги камолот”-ро комилан манъ мекунем”
Image copyrightBBC World ServiceДар соли оянда баргузории ҷашни "Занги камолот" дар мадориси Тоҷикистон мамнӯъ хоҳад шуд.
Ин матлабро Нуриддин Саидов, вазири маъориф ва илми Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 7-уми июл дар нишасти матбуъотӣ дар шаҳри Душанбе эълом кард.
Вай гуфт: “Дар соли ҷорӣ баргузории ҷашни хатми мадраса, ки дар миёни мардум бо номи “Занги камолот” бештар маъруф аст, натиҷаи дилхоҳ надод. Мо шоҳиди он будем, ки дар ду мадрасаи шаҳри Душанбе шогирдон баъд аз анҷоми ин ҷашн даст ба иртикоби ҷароим заданд. Масъулони ин ду мадраса барои роҳ додани чунин камбудӣ муҷозот шуданд”.
Оқои Саидов афзуд, ки ҳоло раёсати вазорати маъориф ва илми Тоҷикистон ин ҳаводисро баррасӣ карда ва бар ин назар аст, ки эҳтимол дорад дар соли оянда баргузории “Занги камолот”-ро комилан мамнӯъ кунанд. Зеро хатми мадраса на 7-уми июн балки бо дарёфти санади хатми мадраса рух медиҳад.
Вазири маъориф ва рушди Тоҷикистон, ҳамчунин хабар дод, ки дар зудтарин фурсат дар Тоҷикистон кутуби ҷадиди дарсӣ таҳия шуда ва низоми баҳогузорӣ дар мадорис низ тағйир хоҳад ёфт.
Вай афзуд, ки ҳоло санҷиши низомномаи баҳогузории дониши шогирдон дар якчанд мадрасаи Тоҷикистон идома дорад ва баъд аз натиҷагирии ниҳоӣ тасмим гирифта хоҳад шуд.
Вай афзуд: “Ҳоло рӯшан нест, ки низоми ҷадид 100, 20 ва ё 12 имтиёзӣ хоҳад буд. Вале мо асноди ҳуқуқӣ барои чунин як гузориш омода мекунем ва баъд аз гирифтани тасмими ниҳоӣ базудӣ низоми ҷадид дар мадориси кишвар роҳандозӣ мешавад. Дақиқ ин нукта аст, ки ба низоми ҷадид хоҳем гузашт”.
Феълан дар Тоҷикистон низоми панҷимтиёзии арзёбии дониши шогирдон роиҷ аст, ки аз замони шӯравии собиқ ба мерос мондааст. Вале соҳибназарон мегӯянд, ки ин низом бозгӯйи донишҳои муъосири ҷавонон шуда наметавонад.
Ҳамчунин, Нуриддин Саидов хабар дод, ки ҳоло коршиносони вазорати маъориф ва илми Тоҷикистон ба таҳияи истондортҳои ҷадиди таълим дар мадорис машғуланд ва сипас барномаҳои ҷадиди таълим низ муъаррифӣ хоҳад шуд.
Оқои Саидов афзуд: “Барномаҳои ҷадид фарогири арзишҳои миллӣ ва бо дарназардошти истиқлоли Тоҷикистон таҳия хоҳанд шуд. Мутмаъинам, барномаҳои ҷадиди таълим ҷавобгӯйи истондортҳои ҷаҳонӣ хоҳанд шуд”.
Зимнан, гузориш шуд, ки дар Тоҷикистон 3 ҳазору 836 мадраса фаъъол ҳастанд ва вазорати маъориф ва илми кишвар бар ин боваранд, ки бо истифода аз маболиғи сармоягузорони дохилӣ ин рақам дар чанд соли оянда ба таври қобили мулоҳиза афзоиш хоҳад ёфт.
Дар поёни нишасти матбуъотии худ оқои Саидов ба мавзӯъи иртикоби ҷароим дар миёни шогирдони мадорис рӯй овард ва гуфт, ки ин мавзӯъ ба мавзӯъи тарбияи ҷавонон дар фазои хонаводагӣ низ иртибот дорад.
Дар ҳамин ҳол вазири маъориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти матбӯъотии имрӯз аз дастовардҳои ин вазоратхона дар нимсолаи соли ҷорӣ зиёд ҳарф зад ва хабар дод, ки масъулон барои рафъи камбуди устодон дар мадрасаҳо талош мекунад.
Вале ба гуфтаи Нуриддин Саидов, тасмим шудааст, ки Тоҷикистон камбуди устодони забон ва адабиёти рус дар мадориси кишварро ба танҳоӣ ҳалл хоҳад кард. Аз ҷумла, қарор аст дар соли ҷорӣ ба бахшҳои забон ва адабиёти рус теъдоди бештари довталабон пазируфта шаванд.
Ин дар ҳолест, ки дар баҳори соли ҷорӣ мақомоти тоҷик аз Русия хоста буданд ки барои рафъи ин мушкил ба Тоҷикистон ҳудуди 450 нафар аз чунин устодонро эъзом кунад.
