Муҳлати сабти довталабони вуруд ба донишгоҳҳо тамдид шуд
Image copyrightBBC World ServiceМаркази миллии озмун ё тести Тоҷикистон замони сабти номи довталабон барои таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишварро то авохири моҳи ҷорӣ тамдид кардааст.
Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, ин тасмим дар пайи дархости Вазорати маъориф ва илми Тоҷикистон ва бархе аз волидони ҷавонон ва бо ризояти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар, гирифта шудааст.
Ситора Назарова, як масъули бахши матбӯъотии Маркази миллии озмун гуфт: "Айни замон теъдоди онҳое, ки номнавис шудаанд, 49 ҳазору 958 нафарро ташкил медиҳад."
"Ҳамчунин, тибқи маълумоти оморӣ шумораи довталабон дар кластерҳои 4 (ҷомеъашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5 (тиббӣ, зистшиносӣ ва варзиш) нисбат ба нақшаи қабул бамаротиб зиёд мебошад. Шумораи ками довталабон ба кластери 1 (табиъӣ ва техникӣ) рост меояд."
Соҳибназарон мегӯянд, ки яке аз сабабҳои аслии тамдиди замони сабти довталабон дар Маркази миллии озмун он аст, ки барои таҳсил дар бархе аз донишгоҳҳо теъдоди камтари довталабон сабти ном шудаанд ва ин амр рақобат миёни довталабонро зери суол мебарад.
Тибқи оморе, ки Маркази миллии озмун ироа дода, дар тамоми донишгоҳҳои Тоҷикистон шумори сандалиҳои пешбинишуда барои донишҷӯёни тозаворид 37 ҳазору 621 адад аст, аммо шумори довталабони сабтшуда дар маҷмӯъ 49 ҳазору 593 нафар аст.
Ин бад-он маъност, ки шумори довталабон ҳамагӣ ҳудуди 32 дарсад бештар аз шумори сандалиҳоест, ки барои донишҷӯёни оянда дар назар гирифта шудааст. Яъне, дар маҷмӯъ рақобат ҳатто ба истилоҳ як ба як ҳам нест ва имкон дорад бештари довталабон ҳатто дар сурати надоштани дониши кофӣ донишҷӯ шаванд.
Ҳамакнун суоли матраҳ ин аст, ки аз миёни беш аз 103 ҳазор нафар аз донишомӯзоне, ки имсол фориғуттаҳсил мешаванд, чиро ҳатто нимашон барои вуруд ба донишгоҳҳо худро номнавис накардаанд? Ин дар ҳолест, ки маъмулан шумори зиёде аз фориғуттаҳсилони солҳои пешин ҳам, ки вориди донишгоҳ нашудаанд, имкон дошт имсол худро сабтином кунанд.
'Ажиотаж' дар солҳои пешин
Масъалаи камбуди довталаб дар солҳои пешин ҳам матраҳ буда, вале азбас системи вуруд ба донишгоҳҳо шаффоф набуд, иттилоъ дар ин бора камтар мунташир мешуд. Масалан, соли 2010 барои 29 ҳазор сандалӣ ё ҷой дар донишгоҳҳо ҳамагӣ 31 ҳазор довталаб бо ҳам рақобат доштанд.
Бо ин ҳол, ба гуфтаи соҳибназарон, ҳамасола дар мавсими қабули довталабон як навъ эҳтикор ё ба истилоҳ "ажиотаж" дар донишгоҳҳо сурат мегирифт ва волидон талош мекарданд, ки барои қабули фарзандонашон ба изофаи пардохти маблағи қарордод миёнаравҳое пайдо кунанд ва ришваи зиёде ҳам бипардозанд.
Аммо ба назар мерасад, ки донишгоҳҳо камбуди шумори довталабонро бо пазируфтани ҳарчи бештари онҳо сарфи назар аз сатҳи донишашон ҷуброн мекарданд. Яъне ҳар довталабе бо ҳар сатҳи дониш имкони вуруд ба донишгоҳро дошт. Оё чунин имкон дар соли ҷорӣ ҳам вуҷуд хоҳад дошт?
Ҳарчанд посухи масъулони Маркази миллии озмун ба ин суол манфист, вале баъид нест тасмимоте мисли тамдиди муҳлати сабти довталабон дар поёни кор гирифта шавад.
Азим Байзоев, устоди донишгоҳ ва коршиноси умури омӯзишу парвариш, бар ин назар аст, ки Маркази миллии озмун соли нахуст аст, ки фаъъолият мекунад ва дар солҳои дигар дар бархе ҷанбаҳои фаъъолияташ ҳамтан бознигарӣ хоҳад шуд. Вале вай муътақид аст, ки таъсиси ҳамин марказ худ "як қадам ба пеш аст".
Ба эътиқоди оқои Байзоев, роҳандозии Маркази миллии озмун мавориди фасод ва ришваситонӣ дар фаъъолияти донишгоҳҳоро аз байн хоҳад бурд.Ҳамчунин, агар дар гузашта довталаб метавонист танҳо барои пазируфта шудан ба як донишгоҳ асноди худро таслим кунад, акнун вай метавонад миқдори бештари донишгоҳҳо барои идомаи таҳсили худ интихоб кунад.
Таҳсили пурхарҷи 'шатрномавӣ'
Таҳлилгарон мегӯянд, ки яке аз далоили аслии камбуди довталаби вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон харҷи зиёди таҳсил ё ҳамон маблағи қарордод аст. Бахши аъзаме аз риштаҳои таҳсилӣ дар донишгоҳҳо қарордодӣ ё баистилоҳ "шартномавӣ" аст ва маблағи он аз 400 то ду-се ҳазор дулор аст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон кишваре фақир аст ва бештари хонаводаҳо, ки маъмулан фарзандони зиёд доранд, тавони пардохти харҷи таҳсили фарзандонашонро надоранд. Бештари ҷавонон баъд аз фориғуттаҳсил шудан барои дарёфти кор ва кумак ба хонаводаҳояшон ба Русия муҳоҷират мекунанд.
Омори тоза нишон медиҳад, ки интихоби бархе аз риштаҳои таҳсил, монанди пизишкӣ ва ҳуқуқ, нисбат ба соири риштаҳо тарафдори бештаре дорад. Ба гуфтаи коршиносон, довталабон умдатан риштаҳоеро интихоб мекунанд, ки баъд аз донишгоҳ тавонанд шуғли пурдаромад пайдо кунанд ва "кордашон болои равған бошад."
Интихоби риштаҳои марбут ба фанноварӣ ё текникӣ аз сӯйи довталабон камтар аст. Набуди корхонаҳои санъатии муъосир ва ҳуқуқи андаки коргарон дар бахшҳои санъатӣ довталабонро водор мекунад, ки барои таҳсил риштаҳои дигареро интихоб кунанд.
Тибқи омори Маркази миллии озмун, то ба имрӯз беш аз 97 ҳазор мавриди интихоби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, беш аз 41 ҳазор мавриди интихоби Донишгоҳи пизишкӣ ва ҳудуди 30 ҳазор мавриди интихоби Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон барои таҳсил аз сӯйи довталабон сабт шудааст.
Вале барои таҳсил дар Донишгоҳи текникӣ беш аз 17 ҳазор нафар ва дар Донишгоҳи текнулужӣ ҳудуди 10 ҳазор нафар худро сабти ном кардаанд. Арқоми интихоби донишгоҳҳо дар маҷмӯъ аз шумори умумии довталабон зиёд аст, зеро ҳар довталаб барои таҳсил чанд донишгоҳро интихоб мекунад.
Аз сӯйи дигар, теъдоде аз довталабон, ки барои таҳсил Донишгоҳи муштараки исловии Русия ва Тоҷикистон ва ё шуъбаи маҳаллии Донишгоҳи Ломоносови Маскавро интихоб мекунанд, дар Маркази миллии озмун сабт нашудаанд. Ҳамчунин, арқоми марбут ба он идда аз ҷавононе, ки қасди таҳсил дар хориҷи Тоҷикистонро доранд, дар ин омор мунъакис намешавад.
Дар соли ҷорӣ имтиҳоноти қабул ба донишгоҳҳои Тоҷикистон барои бори нахуст тавассути Маркази миллии озмун сурат мегирад. Аз миқдори умумии донишгоҳҳо, ки 38 адад унвон мешаванд, тавассути супоридани имтиҳонҳои вурудии мутамаркиз довталабон ба 13 донишгоҳ, 14 донишкада, Ҳунаристони миллии Тоҷикистон ва 2 шуъба ё филиал, ҷамъ 30 муассисаи омӯзиши олӣ қабул карда мешаванд.
