Мулоқоти Раҳмон бо вузарои чиниву қирғиз ва фармондеҳи омрикоӣ
Image copyrightBBC World ServiceБаъд аз зуҳри дирӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вазирони умури хориҷаи Қирғизистону Чин ва бо як фармондеҳи омрикоӣ ба таври ҷудогона мулоқот кардааст.
Ба гуфтаи манобеъи дафтари риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқоти оқои Раҳмон бо женерол Луйд Остин III, фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Омрико, масоили ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои амнияту дифоъ ва таъмини саботи минтақаӣ баррасӣ шудааст.
'Ҳамкорӣ бо Омрико омили саботи минтақа'
Оқои Раҳмон гуфта, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Омрико омили муҳимми ҳифзи сабот дар минтақа аст. Оқои Остин ҳам аз оқои Раҳмон "барои мусоъидати фаъъоли Тоҷикистон ба тарғиби ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар" ибрози қадрдонӣ кардааст.
Сойти риёсати ҷумҳурӣ менависад: "Доир ба иштирок ва мусоъидати Омрико дар иҷрои лоиҳаҳои минтақаии иқтисодию иртибототӣ, ки ба густариши робитаҳои миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ва тавсеъаи имконоти иқтисодӣ ва тронзитии Афғонистон нигаронда шудаанд, табодули назар карда шуд."
Таҳлилгарон бо таваҷҷуҳ ба хурӯҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон дар соли ҷорӣ мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон ба кумакҳои амниятию дифоъии Омрико, бавижа барои таҳкими марзҳояш бо Афғонистон ва мубориза бо терурисм ва ифротгароӣ башиддат ниёзманд аст.
Дидори ин фармондеҳи омрикоӣ дар Тоҷикистон ҳамзамон бо баргузории ҳамоиши вузарои хориҷии Гурӯҳи Шонгҳой дар шаҳри Душанбе анҷом шуд. Ин гурӯҳ шомили Русияву Чин, Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистону Узбакистон аст, ки ба гуфтаи нозирон, талош дорад нуфузи Ғарбро дар минтақа хунсо кунад.
Дар ин ҳамоиш вузарои хориҷаи шаш кишвар муқаррароти пайвастани кишварҳои дигар ба ин созмонро баррасӣ кардаанд ва интизор меравад дар дидори сарони ин кишварҳо дар моҳи сентябр дар Душанбе санаде дар ин замина ба тасвиб расад, ки заминаи тавсеъаи ин созмонро фароҳам хоҳад кард.
Талош барои тавсеъаи Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар ҳолест, ки равобити Русия, аз аъзои умда ва бонуфузи ин созмон, бо Ғарб ба хотири буҳрони Укройн башиддат тира шудааст. Аз сӯйи дигар, кишварҳои узви ин созмон бо ҳамдигар ихтилофи назарҳои ҷиддие доранд.
Аз ҷумла, равобити Тоҷикистон бо Узбакистон аз авохири даҳаи 1990 рӯ ба вахомат гаройида, вале дар ин авохир бо Қирғизистон низ ба хотири танишҳо байни сокинон дар марзи ду кишвар тира шудааст.
Торнамои риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон менависад, ки дар мулоқоти оқои Раҳмон бо Эрлан Абдилдаев, вазири хориҷаи Қирғизистон, ҳамкориҳои ду кишвар, масоили марзӣ, амнияти мантақа ва масоили иқтисодиву тиҷорӣ миёни ду кишвар баррасӣ шудааст.
'Таҳкими дӯстӣ миёни ду ҳамсоякишвар'
Ба гуфтаи манобеъи риёсати ҷумҳурӣ, дар ин мулоқот масоили марбут ба таҳкими муносиботи ҳамсоягӣ, ҳалли мушкилоти марзию ҳудудӣ ва рушди ҳамкорӣ дар заминаҳои сиёсат, амнияти минтақа, иқтисод ва тиҷорат, нақлиёту боркашонӣ ва дигар мавзӯъҳо матраҳ шудааст.
Сойти риёсати ҷумҳурӣ менависад: "Таъкид гардид, ки барои таҳкими дӯстии миёни ду ҳамсоякишвар, ҳалли масоили баҳсталаб аз тариқи василаҳои диплумотик, пешгирӣ аз низоъҳои алоҳидаи марзӣ миёни ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияҳои вилояти Бодканди Қирғизистон аз тамоми имконоти мусоъид бояд пурсамар истифода бурд."
Тайи шаш моҳи ахир танишҳо дар минтақаи марзии Исфара ва Бодканд байни сокинони Тоҷикистону Қирғизистон афзоиш ёфтааст. Дар як даргирии ахир миёни марзбонони қирғиз ва сокинони ғайринизомии Тоҷикистон дар ҳаволии рустои Ворух дастикам як табаъаи тоҷик кушта шудааст.
Ин вазъият дар равобити диплумотики ду кишвар низ асароти ҷиддие барҷо гузошта ва ҷонибҳо дар мавориде ҷудогона бо судури баёнияҳои тунд бар ҳам тохтаанд. Аммо музокирот бар сари масоили марзӣ ҳамчунон идома дорад.
Рӯзи гузашта оқои Абилдаев ба хабарнигорон гуфт, ки дар бораи масоили марзӣ бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, низ мулоқот кардааст.
Вай баъд аз анҷоми ҷаласаи вузарои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба хабарнигорон гуфт: "Мо амиқан дарк мекунем, ки сокинони ноҳияҳои марзӣ набояд дар фазои бим ва тарс ба сар баранд ва онҳо бояд фаҳманд, ки зиндагии ояндаи собите хоҳанд дошт."
Нозирон мегӯянд, ки мушкилоти марзӣ миёни ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон ба замони тақсимоти марзии ҷамоҳири шӯравии собиқ дар минтақа бармегардад.
Он замон зоҳиран тадобири муваққатӣ ба мавриди иҷро гузошта шуда буд, вале бо касби истиқлоли ду кишвар танишҳо дубора буруз кардааст. Мардуми маҳаллӣ аз ҳарду ҷониб умдатан бар сари манобеъи об, замин, роҳҳои мошингард ва чарогоҳҳо ихтилофи назар доранд.
'Чин, шарики истротежик'
Ҳамакнун, дар ҳоле ки мақомоти ду кишвар ба музокироти худ идома медиҳанд, маълум нест, ки Созмони Ҳамкории Шонгҳой, ки шомили ҳарду кишвар аст, чи кумаке барои рафъи ихтилофоти марзӣ ва ҷилавгирӣ аз хушунати бештар миёни ин ду кишвари узваш метавонад ироа кунад.
Рӯзи гузашта Президент Раҳмон бо Ёнг Ҷиечӣ, вазири умури хориҷаи Чин, низ, ки сафаре расмӣ ба Тоҷикистон дошт, мулоқот ва ҳамкориҳои миёни ду кишвар, аз ҷумла сафари давлатии қарибулвуқӯъи Шӣ Ҷинпинг, раиси ҷумҳурии Чин, ба Тоҷикистонро баррасӣ кардааст
Оқои Раҳмон дар ин мулоқот гуфтааст: "Муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чин афзалияти доимии сиёсати хориҷии мо ва намунаи ибратбахши робитаҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ аст. Муносиботи ҳасанаи мо ба ҳамсонӣ ва наздикии мавзеъҳои ду давлат дар масоили сиёсати минтақаию ҷаҳонӣ ва ба мувофиқати қавлу амали мо дар масоили рушди ҳамкорӣ миёни ду кишвар такя доранд."
Торнамои риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон менависад, ки пас аз эъломи "шарикии истротежики" ду кишвар дар соли гузашта густариши равобити Душанбе ва Пекан амалан "эҳсос мешавад."
"Тасмимоти басо муҳимми дуҷониба, аз ҷумла доир ба кашидани лӯлаи гози Туркманистон-Чин тавассути қаламрави Тоҷикистон, оғози корҳо барои маблағгузорӣ ва сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа ва қабули Барномаи ҳамкории Тоҷикистону Чин барои солҳои 2015-2020 намунаҳои пурарзиши шарикии истротежики ду кишвари дӯсту ҳамсоя номида шуд."
