Баррасии вазъи Афғонистон ва Укройн дар мулоқоти вазирони хориҷии Тоҷикистону Русия
Image copyrightBBC World ServiceВазири умури хориҷаи Русия мегӯяд, ки дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикистонияш вазъи феълӣ дар Афғонистон ва Укройнро баррасӣ кардааст.
Сергей Лавров, ки рӯзи чаҳоршанбеи 30 июл баъд аз анҷоми мулоқот бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тҷоикистон, бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, ки дар мавриди вазъият дар шарқи Укройн ҷонибҳо ақидаи ҳамгун доранд.
Оқои Лавров ба манзури ширкат дар ҷаласаи Шӯрои вузарои умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва барои анҷоми сафаре расмӣ вориди Тоҷикистон шудааст.
Вай мегӯяд: "Мо дар мавриди он ки дар шарқи Укройн фавран бояд хунрезӣ қатъ шуда ва барои расидан ба роҳи ҳалли ин мушкил барои тамоми сокинони ин минтақа музокирот шурӯъ шавад, ҳамъақида будем."
Оқои Лавров ҳамчунин гуфт: "Русия ҳамаи иқдомоти заруриро, ки ба ин кишвар бастагӣ дорад, барои ҳамкорӣ ва кумак ба иҷрои тавофуқоти қаблӣ идома хоҳад дод. Ҳамчунин, мо омодаем дар заминаи иҷрои эъломияи Женев аз 17 апрел ва қатъномаи 21/66-и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки дар иҷрои он мавонеъи маснуъӣ вуҷуд доранд, ҳамкорӣ кунем.”
Ҳамчунин оқои Лавров мегӯяд, ки вазъи Афғонистон яке дигар аз масоили мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо дар мулоқот буд.
Вай афзуд: "Ба вахомат гаройидани бештари авзоъ дар Афғонистон боъиси нигаронии ҷонибҳо дар мулоқот буд, зеро ин вазъ метавонад дар вазъияти амниятӣ дар Осиёи Миёна таъсироти бештари манфӣ гузорад. Дар ин замина мо ба меконисми ҳамкориҳои бештаре дар чорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой таъкид кардем."
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, ба навбаи худ мулоқоти имрӯзро барои беҳбуди ҳамкориҳои кишвараш бо Русия судманд хонд.
Оқои Аслов афзуд: "Бо истифода аз фурсат ман аз давлати Русия, ки барномаи ирои кумакҳои фаннӣ-низомии худ барои беҳбуди вазъи артиши Тоҷикистон дар ояндаи наздикро таъйид кард, сипос мегӯям. Ин иқдоми Русияро мо чун саҳми воқеъӣ ва қобили мулоҳиза дар таъмини амният ва сулҳу саботи комил дар минтақа арзёбӣ мекунем."
Оқои Аслов афзуд, ки бо ҳамтои руси худ масъалаи осон намудани вуруди донишҷӯёни тоҷик ба қаламрави Русия ва ҳузури муҳоҷирони кории ин кишвар дар Русияро низ баррасӣ кардааст.
Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Русия бо баҳонаи идомаи мулоқотҳо аз посух ба суолоти хабарнигорон худдорӣ карданд. Имрӯз вазири хориҷаи Русия бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, низ мулоқот кардааст.
