Нуралиев: 'Таҳримҳо алайҳи Русия дар иқтисоди Тоҷикистон асар мегузорад'
Image copyrightBBC World ServiceМуъовини аввали вазири дороии Тоҷикистон мегӯяд, эъмоли таҳримҳои бештар алайҳи Русия аз ҷониби Омрико ва Иттиҳодияи Урупо барои иқтисоди Тоҷикистон паёмадҳои номатлубе хоҳад дошт.
Дар пайи идомаи буҳрони Укройн ва суқути ҳавопаймои мусофирбари Молезӣ дар фазои минтақаи таҳти кунтрули ҷудоиталабони укройнӣ, ки Русия аз онҳо пуштибонӣ мекунад, Омрико ва Иттиҳодияи Урупо гуфтаанд, ки таҳримҳои бештаре алайҳи Русия эъмол хоҳанд кард.
Ҷамолиддин Нуралиев, муъовини аввали вазири дороӣ, ки рӯзи ҷумъаи 25 июл дар нишасте хабарӣ суҳбат мекард, гуфт, ки қабл аз ҳама аз ин таҳримҳо муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар шаҳрҳои Русия фаъъолият мекунанд, зиён хоҳанд дид.
Зимнан, бино ба иттилоъи манобеъи расмии Тоҷикистон, дар Русия ҳудуди 800 ҳазор тан аз муҳоҷирони тоҷик кор ва зиндагӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Идораи муҳоҷирати Русия теъдоди атбоъи тоҷик дар Русияро болиғ бар як милюн нафар арзёбӣ кардааст.
Аз сӯйи дигар, иқтисоддонҳо нақши сармояҳои интиқолии муҳоҷирони кориро дар иқтисоди Тоҷикистон калидӣ хонда ва гуфтаанд, ки ин маболиғ дар соли гузашта муъодили беш аз 47 дар сади тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон будааст.
Бино ба иттилоъи Вазорати дороии Тоҷикистон, дар соли гузашта аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар кору фаъъолият доранд, беш аз чаҳор милёрд дулор ба Тоҷикистон сармоя ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли 2012 беш аз 20 сад бештар аст.
Гуфта мешавад, дар сурати ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия бахши аъзаме аз корхонаҳою ширкатҳои сохтмонии ин кишвар аз фаъъолият бозмонда ва мумкин аст теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик ба далели бекорӣ ба ватан бозгарданд.
Оқои Нуралиев гуфт, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз бурузи буҳрони иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон давлат тасмим гирифтааст, ки дар кутоҳмуддат машоғили нав эҷод кунад. Аз ҷумла, раиси ҷумҳур дастур додааст, ки барои тоҷирону сармоядорони дохилӣ шароит фароҳам шавад, то корхонаҳои нав боз кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст дар соли оянда дар Тоҷикистон 299 корхонаи хурду мутавассит таъсис шуда ва бахше аз муҳоҷирони корӣ, ки бар асари таҳримҳо аз Русия ба ватан бармегарданд, машоғил пайдо кунанд.
Аз сӯйи дигар, масъулони вазорати дороӣ ба имкони азсаргирии корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" ишора карданд. Ба гуфтаи онҳо, интизор меравад дар моҳи сентябри соли ҷорӣ гузориши ниҳоии коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди бозрасии тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" эълом ва роҳ барои азсаргирии корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ ҳамвор шавад.
Ҷамолиддин Нуралиев гуфт: "Дар рӯзҳои 14-15 июл дар Қазоқистон машварати 5-уми Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи "Роғун" бо мушорикати намояндагони ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Миёна баргузор шуд ва ман дар он ширкат доштам. Дар ин ҳамоиш тасмим гирифта шуд, ки то 29 июл суолҳои пайдошуда ба машваратчиён ба таври хаттӣ пешниҳод ва сипас, бо пурра шудани он, гузориши мукаммал дар моҳи сентябр мунташир шавад."
Дар тобистони соли 2012 бо дархости Бонки Ҷаҳонӣ ҳама гуна корҳои сохтмонӣ дар тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" то замони анҷоми бозрасиҳои байналмилалӣ мутаваққиф шуд ва ҳудуди панҷ ҳазор коргар таътил шуданд.
Хайрулло Сафаров, мудири кулли нерӯгоҳи "Роғун", он замон ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки воқеъан се ҳазор нафар, ки ба корҳои сохтмонӣ машғул буданд, аз кор барканор нашуда ва то замони поёни бозрасии Бонки Ҷаҳонӣ дар сохтмонҳои дигар, назири тунелҳои "Шаҳристон"-у "Истиқлол" ва бунёди роҳҳои иртиботӣ фаъъолият мекунанд.
Интизор меравад, бо азсаргирии корҳои сохтмонӣ дар тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" ин афрод ба маҳалли кори пешини худ бозгарданд.
Бино ба иттилоъи Вазорати дороии Тоҷикистон, будҷеи соли ҷорӣ барои корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" як милёрду 140 милюн сомонӣ пешбинӣ шуда ва то ҳол аз ин маблағ 397 милюн ё 27 дарсад ҳазина шудааст.
Масъулони Вазорати дороӣ гуфтанд, ки бонкҳои ин кишвар, бахусус бонкҳои тиҷоратӣ, ки бо бонкҳои Русия ҳамкориҳои танготанге доранд, дар баробари таҳримҳо алайҳи ин кишвар осебпазир хоҳанд буд.
Аз ин лиҳоз, ҳукумати Тоҷикистон ин бонкҳоро "ба ҳушёрӣ даъват кардааст", то дар сурати ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия мутаҳаммили хисороти зиёде нашаванд.
