Пулиси рус аз истирдоди як тоҷикистонӣ хабар дод

  • 18 Июн, 2014

Бар асоси иттилоъи бахши Интерпол дар Вазорати умури дохилаи Русия, ин ниҳод як шаҳрванди Тоҷикистонро ба кишвараш мустарад кардааст.

Тибқи иттилоъи сойти расмии ин ниҳод, ин фард, ки ҳувияташ ифшо нашуда, барои муддати тӯлонӣ ба иттиҳоми созмондиҳии гурӯҳе ҷиноӣ дар Тоҷикистон дар пайгарди қонунӣ қарор доштааст.

Таҳқиқоти муқаддамотии пулиси Русия мушаххас карда, ки ин табаъаи Тоҷикистон дар маҳбасхонаи минтақаии Хокосиёи Русия бо мадорик ва номи “тақаллубӣ” зиндонӣ будааст.

Ҳамчунин дар хабар гуфта шуда, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба иттиҳоми ғоратгарӣ боздошт ва барои панҷ солу шаш моҳ маҳкум ба зиндон шудааст.

Тибқи гузоришҳои расмӣ, дар Русия беш аз панҷ ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон ба иттиҳоми иртикоби ҷароими мухталиф зиндонӣ ҳастанд.