Коҳиши интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон

  • 9 Июл, 2014
ДулорImage copyrightGetty
Image caption Дар соли ҷорӣ интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 502 милюн дулор ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса бо пулҳои интиқолӣ дар давраи мушобеҳи соли гузашта ҳудуди 14 дарсад камтар аст.

Гуфта мешавад, ин маблағ муъодили 30,8 дарсади тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон аст. Ин дар ҳолест, ки мизони пулҳои воридотӣ аз Русия дар семоҳаи аввали соли гузашта баробари 41,3 дарсади тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон будааст.

Бархе аз иқтисоддонҳои тоҷик далели коҳиши мизони пулҳои интиқолӣ аз Русия ба Тоҷикистонро ба авоқиби таҳримҳои иқтисодии Омрико ва Иттиҳодияи Урупо алайҳи Русия рабт медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ масъулони ниҳодҳои молии Тоҷикистон иброз дошта буданд, ки ин таҳримҳо дар рушди иқтисоди Русия асароти чандоне надошта ва мизони интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик ба ватан ба таври қобили мулоҳизае коҳиш нахоҳад ёфт.

Ба гуфтаи масъулони Бонки миллии Тоҷикистон, саҳми муҳоҷирони тоҷик дар пулҳои воридотӣ аз Русияро мушаххас кардан душвор буда, мумкин аст бахше аз ин маболиғ аз ҷониби тоҷирон ба ватан мунтақил шавад.

Аммо коршиносон мегӯянд, ки тибқи гузориши расмии Идораи муҳоҷирати Русия дар авоили моҳи гузашта дар ин кишвар як милюну 178 ҳазор муҳоҷири тоҷик сабти ном шудааст ва имкон дорад 95 дарсади маболиғи воридотӣ аз сӯйи муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон мунтақил шудааст.

Дар соли гузашта муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи 4 милёрду 173 милюн дулор пул интиқол дода буданд, ки дар муқоиса бо соли 2012 (3 милёрду 651 милюн дулор) 14,3 дарсад бештар буд.