Манъи вуруд ба Русия бо шиносномаи дохилии Тоҷикистон

  • 23 Июн, 2014
Раҳмон ва МедведевImage copyrightBBC World Service
Image caption Иддае аз коршиносон мегӯянд, ки дар ҳоле, ки мақомоти Русия Тоҷикистонро ба унвони яке аз шарикони аслии истротежик медонанд, таъаҳҳудоти худ дар назди ин кишвар, ба вижа ироаи имтиёзоти бештар барои муҳоҷиронро иҷро намекунанд

Нахуствазири Русия бо имзои як санаде вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бо шиносномаҳои дохилиро мамнӯъ кардааст.

Тибқи иттилоъи хабаргузории ИТАР-ТАСС-и Русия, Дмитрий Медведев фармон дар мавриди ислоҳи феҳристи асноди вуруд ва хуруҷ ба Русияро рӯзи 17 июни соли ҷорӣ имзо кардааст.

Ҳамакнун шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо гузарномаҳои хориҷии расмӣ, диплумотӣ, биометрӣ ва гувоҳномаи вижа барои бозгашт ба ватан метавонанд ба Русия раванд ва ё аз он хориҷ шаванд.

Тарҳи ин санадро Идораи муҳоҷирати Русия омода карда буд.

Оқои Медведев бо имзои ин фармон,санади қаблии Русияро, ки сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русияро бо шиносномаҳои дохилӣ ва гувоҳномаҳо барои сокинони то синни 18-соларо иҷоза медод, лағв кардааст. Ин санад дар моҳи сентябри соли 2005 ба тасвиб расида буд.

Ин дар ҳолест, ки даҳҳо ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон, ки дар ҳоли ҳозир дар Русия ба унвони муҳоҷири корӣ ба сар мебаранд, бо шиносономаҳои дохилӣ ба ин кишвар сафар карда буданд.

Коршиносон мегӯянд, ки амри Русия дар мавриди лағви сафар ба он кишвар бо шиносономаҳои дохилӣ чунин муҳоҷиронро ба ҳангоми бозгашт ба ватан бо мушкилот рӯбарӯ хоҳад кард.

Аммо Давлаталӣ Давлатов, намояндаи порлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки лағви вуруди тоҷикистониён ба Русия танҳо бо гузарномаҳои хориҷӣ таъсири амиқе ба муҳоҷират нахоҳад гузошт.

Оқои Давлатов афзуд: “Ҳанӯз даҳ соли қабл давлати Тоҷикистон ба сокинон ҳушдор дода буд, ки сафар ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русияро танҳо бо гузарномаҳои хориҷӣ анҷом диҳанд. Ва бештари муҳоҷирон ба Русия аз он замон бо гузарномаҳои хориҷӣ мерафтанд.”

Аз сӯйи дигар оқои Давлатов мегӯяд, ки муҳоҷироти тоҷик дар Русия дар муқоиса ба шаҳрвандони кишварҳои дигари шӯравии пешин аз имтиёзҳое бархӯрдор ҳастанд.

Дар пойизи соли 2013 мақомоти зидахли Русия дар пайи тасвиби қарордод дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии он кишвар дар қаламрави Тоҷикистон барои муҳоҷирони кории ин кишвар имтиёзоте дода буданд. Аз ҷумла, мӯҳлати сабти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз 7 ба 15 рӯз афзоиш дода шуд.

Аммо бисёре аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, ки муқаррароти ахири он давлат дар мавриди муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия, ки дар авохири соли гузашта баъд аз додани имтиёзоте ба муҳоҷирони тоҷик тасвиб шуда буд, зиндагии онҳо ва пайдо кардани ҷои кор дар он кишварро бо мушкилот рӯбарӯ кардааст.

Яке аз ин муқаррарот, ки аз оғози соли милодии нав иҷрояш шурӯъ шуд, масъалаи сабти ҷои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ аст. Қаблан садҳо муҳоҷир дар як опортумон худро ба сабт мерасонданд, вале бо иҷрои қонуни нав ин кор ғайриқонунӣ эълом шудааст.

Ҳамакнун тақозои Русия барои вуруд ба он кишвар бо гузарномаҳои хориҷӣ низ ба мушкилоти муҳоҷирони корӣ дар Русия афзоиш хоҳад кард.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи бахши Идораи муҳоҷирати вазорати шуғл ва муҳоҷирати Тоҷикистон низ мегӯяд, ки бо таваҷҷӯҳ ба он ки 99 дарсади муҳоҷирони тоҷик ба Русия барои кор мераванд, ин иқдоми Русия барои муҳоҷирони тоҷик мушкилоти изофӣ эҷод хоҳад кард.

Оқои Қодирӣ мегӯяд: “Бисёре аз муҳоҷироне, ки чунин гузарномаҳоро надоранд, водор мешаванд, ки барои дарёфти он ба ватан бозгарданд. Яъне, ҳудуди як ҳазор дулор барои рафту омад ва ҳамин тавр вақти худро низ бар ҳадар медиҳанд.”

Иддае аз коршиносон мегӯянд, ки дар ҳоле, ки мақомоти Русия дар сутуҳи мухталиф Тоҷикистонро ба унвони яке аз шарикони аслии истротежик дар минтақа медонанд, таъаҳҳудоти худ дар назди ин кишвар, ба вижа имтиёзот барои муҳоҷиронро ҳамеша иҷро намекунанд.

Аз сӯйи дигар Олим Салимзода, раиси Кумитаи равобити байналмилалии порлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки Русия ҳақ дорад, қонун ва муқаррарот дар кишварашро тағйир диҳад ва мардуме ки ба он кишвар сафар мекунад бояд ин муқарраротро риъоя кунанд.

Вай афзуд: “Барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия нуқотҳои изофӣ барои дарёфти гузарномаҳои Тоҷикистон фаъъол шуданд ва муҳоҷирон метавонанд бо осонӣ аз ин нуқот гузарномаҳо дарёфт кунанд”

Ин дар ҳолест,ки ба гуфтаи бисёре аз муҳоҷирони корӣ дар Русия онҳо ҳатто барои дарёфти гувоҳномае аз сафорати Тоҷикистон ва намояндагиҳои дигари Тоҷикистон дар он кишвар бо душвориҳо рӯбарӯ ҳастанд.

Ҳамчунин дар бархе аз ин нуқоти дарёфти аснод ва мадрак аз ришвахории кормандони он ба ҳангоми ироаи хадамоте ба муҳоҷирон гузориш шудааст. Ҳарчанд масъулони вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамвора ин иттилоъотро рад мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Русия беш аз як милюн нафар аз сокинони Тоҷикистон ба унвони муҳоҷирони корӣ сабт шудаанд ва иттилоъоти дақиқ дар мавриди он, ки чи қадар аз ин афрод бо шиносномаҳои дохилӣ ба он кишвар сафар кардаанд, дар даст набудааст. Дар ҳамин ҳол мақомоти расмии давлати Тоҷикистон дар қиболи ин тасмими Русия вокунише накардаанд.

Матолиби муртабит