Вазорати хориҷаи Русия: Порсол танҳо 39 муҳоҷири тоҷик кушта шудаанд
Image copyrightBBC World ServiceСоли 2013 дар Русия бо марги иҷборӣ танҳо 39 нафар аз атбоъи Тоҷикистон ҷони худро аз даст додаанд. Ин иттилоъ дар сойти расмии Вазорати хориҷаи Русия мунташир шудааст.
Вазорати хориҷаи Русия дар баёнияе навишта, ки водор шудааст баъд аз пахши омори ба гуфтаи ин ниҳод носаҳеҳ дар бархе аз расонаҳои хориҷӣ ва дохилӣ ба пахши ин баёния иқдом кунад.
Аз ҷумла, ахиран Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, иддиъо карда буд, ки танҳо дар соли гузашта дар шаҳр ва вилояти Маскав беш аз 500 муҳоҷири тоҷик кушта шудаанд.
Вай ҳамчунин гуфта буд, ки ин оморро аз яке аз сардхонаҳои (моргҳо) шаҳри Маскав дарёфт кардааст.
Дар соли 2012 ин рақам муъодили 428 нафар будааст. Оқои Шарипов чунин омореро бештар аз талафот дар манотиқи ноамн унвон карда буд.
Вале вазорати хориҷаи Русия ин иддиъоро бепоя хонда ва навиштааст, ки соли гузашта танҳо 39 нафар аз атбоъи тоҷик дар қаламрави ин кишвар кушта шудаанд.
Ба навиштаи ин манбаъ, дар ҳоле ки ҳудуди 1,5 милюн нафар аз ҷамъияти Тоҷикистон дар Русия машғули кор ҳастанд, ин рақам чандон зиёд нест. Зеро дар дохили Тоҷикистон афроди бештаре ҳамасола кушта мешаванд.
Аз сӯйи дигар, вазорати хориҷаи Русия ёдовар шуда, ки давлатҳои Тоҷикистону Русия барои беҳбуд бахшидан ба шароити будубоши муҳоҷирони кории тоҷик тадобире рӯйи даст гирифтаанд.
Аз ҷумла, аз соли милодии ҷорӣ атбоъи тоҷик аз ҳаққи будубош дар Русия ба муҳлати 15 рӯз бидуни сабти номдар идораи пулис бархурдор шудаанд. Онҳо ҳамчунин метавонанд барои то се сол муҷаввизи кор дарёфт кунанд.
Бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ дар Тоҷикистон, ҳамасола бештар аз як милюн нафар аз шаҳрвандонаш барои ҷустуҷӯйи ҷой кор ва ҳуқуқи муносиб озими Русия мешаванд.
Созмонҳои молии байналмилалӣ мегӯянд, ки ҳамасола муҳоҷирони кории тоҷик барои бароварда сохтани ниёзҳои хонаводаҳои худ ба ватан маболиғи зиёде интиқол медиҳанд, ки он ҳудуди 50 дарсади тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Ба ин далел соҳибназарон мегӯянд, ки саботи нисбии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон умдатан ба пулҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия вобаста аст.
