Сервиси ҷадиди телефуни ҳамроҳ барои муҳоҷирони тоҷик
Image copyrightSPLШиркати мухобиротии мавсум ба ММТ дар Русия аз роҳандозии як фароҳамгари маҷозии шабакаи телефуни ҳамроҳ бо номи Aiva Mobile барои муҳоҷирони хориҷӣ, аз ҷумла атбоъи тоҷик, хабар дод.
Муштариёни ин ширкат ҳамакнун метавонанд ду шумораи мубойли Русия ва Тоҷикистонро дар ихтиёр дошта бошанд ва дар қаламрави ҳарду кишвар бо таърифае яксон бо ҳамдигар суҳбат кунанд.
Ин бад-он маъност, ки муштариёни ин ширкат барои ҳар дақиқа аз муколимоти телефунии худ дар Тоҷикистон ва Русия маблағи яксон мепардозанд ва дар сурати сафар аз як кишвар ба кишвари дигар ҳеч ниёзе ба харидани симкорти ҷадид ё иваз кардани таърифаи худ надоранд.
Он гуна, ки дар торнамои расмии ин ширкат омадааст, Тоҷикистон нахустин кишварест, ки хадамоти фароҳамгари ҷадиди иртибототи телефуни ҳамроҳ дар он ҷо ба таври озмоишӣ роҳандозӣ мешавад. То охири соли ҷорӣ Ойво Мубойл (Aiva Mobile) дар ду кишвари дигари осиёи Миёна низ фаъъол хоҳад шуд.
Шарики аслии ширкати МТТ дар роҳандозии ин тарҳи ҷадид ширкати "МТС" аст, ки яке аз бузургтарин ширкатҳои мухобиротӣ дар ҳавзаи Урупои Шарқӣ маҳсуб мешавад. Ин ширкат зерсохтҳои иртиботи родиюии худро дар ихтиёри ширкати Ойво Мубойл қарор додааст.
Ойво Мубойл нахустин ширкат дар Русия хонда шуда, ки иртиботи маҷозии телефуни ҳамроҳро фароҳам мекунад. Ин ширкат шабакаи худро дорад ва ширкати МТС васоили пардохт, табодули итилоъ ва муколимот, свичер, маркази тамос ва ғайраро барои он фароҳам кардааст.
Масъулони ширкати Ойво Мубойл роҳандозии онро дар Тоҷикистон бисёр судманд ва муҳим мехонанд, зеро ҳамасола беш аз як милюн нафар аз атбоъи ин кишвар барои дарёфти машоғил ва ҳуқуқи муносиб ба Русия муҳоҷират мекунанд ва иртибот бо пайвандонашон барои онҳо ҳаётист.
Маболиғе, ки муҳоҷирони кории тоҷик барои бароварда сохтани ниёзҳои хонаводаҳои худ ба ватан мунтақил мекунанд, муъодили ҳудуди 50 дарсади мизони тавлидоти нохолиси милии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Ҳарчанд то ҳол мизони арзиши муколимоти телефунӣ дар ширкати Ойво Мубойл эълом нашудааст, вале дастандаркорон изҳор доштаанд, ки қимати хадамоти он бамаротиб арзонтар аз анвоъи дигари иртибототи телефуни ҳамроҳ хоҳад буд.
Ширкати Ойво Мубойл дар садад аст дар зудтарин фурсат ҳудуди яксад ҳазор муштарӣ пайдо кунад. Сипас онҳо дар сададанд хадамоти мушобеҳеро бо Узбакистон ва Қирғизистон низ роҳандозӣ кунанд.
Ба гуфтаи коршиносон ин амр, ки чиро Тоҷикистон ба унвони нахустин кишвар барои роҳандозии ин хадамот интихоб шуда, теъдоди бештари муҳоҷирон дар Русия набуда, балки омодагии ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон барои роҳандозии ин тарҳ ва рушди арсаи мухобиротии кишвар будааст.
Дар ҳамин ҳол, ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон аз чанд сол пеш бад-ин сӯ хадамоти телефуни NJN-ро роҳандозӣ кардаанд. Бо истифода аз ин хадамот, атбоъи тоҷик дар хориҷи кишвар низ метавонанд бо истифода аз интернет бароҳатӣ бо пайвандони худ дар тамос бошанд.
Вале барои фаъъол шудани ин сервис муштарӣ бояд ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст бошад. Ин амр махориҷи изофӣ низ ба дунбол дорад.
Масъулони ширкати Ойво Мубойл мегӯянд, ки сервиси ҷадиди онҳо барои атбоъи ду кишвар махориҷи зиёд тақозо намекунад ва шумораҳои ин ширкат барои дӯстону пайвандон ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон пайваста фаъъол хоҳад буд.
