Шаш тоҷик аз Русия ихроҷ шуд
Шаш шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳузури ғайриқонунӣ дар Русия аз вилояти Смоленски ин кишвар ихроҷ шуданд.
Бино ба иттилоъи Идораи муҳоҷирати Русия, дар маҷмӯъ 22 муҳоҷири хориҷӣ, шаҳрвандони Ӯзбакистон, Ветном, Укройн, Марокаш, Озорбойҷон ва Арманистон бо иттиҳоми мушобеҳ аз Русия берун шудаанд.
Ин манбаъ гуфтааст, ба ин афрод бо маблағи буҷети давлати Русия чиптаи ҳавопаймо харидорӣ шуда ва ба кишварҳояшон эъзом шудаанд.
Тибқи қавонини Русия афроди хориҷии ихроҷшуда дар муддати 5 соли оянда аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум хоҳанд шуд.
