Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон барои саркашӣ аз пардохти нафақаи кӯдакон

  • 21 Апрел, 2014

Додситонии Русия аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия хабар додааст. Ин сокини Тоҷикистон муддати тӯлонӣ дар пайгарди қонунӣ дар ин кишвар қарор доштааст.

Тибқи иттилоъи сойти расмии ин ниҳод, кормандони интизомӣ дар Тоҷикистон, К. Саидовро барои саркашӣ аз пардохти нафақаи кӯдаконаш муттаҳам кардаанд.

Таҳқиқоти муқаддамотӣ мушаххас кардааст, ки оқои Саидов бо бим аз муҷозот шудан дар соли 2013 аз Тоҷикистон ба Русия фирор карда ва ҳудуди як сол дар шаҳрҳои мухталифи он кишвар ба сар бурдаст.

Ҳарчанд дар хабари ин сойт дар мавриди шумораи кӯдакони оқои Саидов иттилоъи дақиқие пахш нашудааст, аммо масъулони додситонӣ аз ӯ ба унвони "падари серфарзанд" ёдовар шуданд.

Додситонии Русия ҳамчунин хабар додааст, ки ин тоҷикистонӣ дар яке аз боздоштгоҳҳои муваққатӣ дар шаҳри Чита ба сар мебарад ва масъулони ин ниҳод машғули ҳалли наҳваи истирдоди оқои Саидов ба Тоҷикистон ҳастанд.

Қонуни Тоҷикистон барои волидоне, ки аз пардохти нафақаи (алимент) кӯдакони зери синни 18- сола саркашӣ мекунанд, ду сол зиндон пешбинӣ кардааст.