Асомиддин Атоев: Дастури Идораи иртиботот ғайриқонунӣ аст

  • 16 Декабр, 2013
Атоев
Image caption Оқои Атоев гуфт, ки дастури идораи иртиботот ғайриқонунӣ аст

Масъулони Анҷумани фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон иқдоми Идораи иртиботот (Хадамоти алоқа) дар бораи ба ширкати "Тоҷиктелеком" вогузор шудани хидматрасонии интернетӣ барои идораю муассисоти давлатиро бо қавонини ин кишвар муғойир хонданд.

Асомиддин Атоев, раиси ин ниҳод, ба Би-би-сӣ гуфт, ки рӯзи 7 ноябри соли ҷорӣ Идораи иртиботот ба ширкатҳои фароҳамгари интернет номае ирсол карда ва аз онҳо хостааст, то аз хидматрасонӣ ба идораю муассисот ва корхонаҳои давлатӣ худдорӣ кунанд.

Оқои Атоев гуфт, ки ин ниҳод қасд дорад бозори иртибототро дар инҳисори ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" қарор диҳад, ки ин амал хилофи қонунҳои Тоҷикистон ва таъаҳҳудоти ин кишвар ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, Анҷумани фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон зимни як номаи расмӣ аз Идораи иртиботот хостори ташреҳи ин иқдом шудааст.

Зимнан, як манбаъи Идораи иртибототи Тоҷикистон вуҷуди чунин номаро таъйид кард, аммо аз шарҳи ҷузъиёт ва авоқиби он худдорӣ кард.

Аммо коршиносон мегӯянд, ки аз ин тариқ ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" қасд дорад бозори иртибототи кишварро, ки дорои сармояи ҳангуфте аст, ба инҳисор (монополия)-и худ дароварад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Анҷумани фароҳамгарони интернет мегӯянд, ки "Тоҷиктелеком" ба лиҳози доштани таҷҳизоти фаннӣ ва нерӯи инсонӣ аз ширкатҳои мушобеҳи хусусӣ пешӣ надорад.

Асомиддин Атоев ҳушдор дод, ки дар сурати иҷрои ин дастур рақобат дар бозори иртиботот ҷиддан аз миён рафта ва раванди эҷоди ҳукумати электруник дар Тоҷикистон кунд хоҳад шуд. Зеро ин ширкат имкони фаннии расондани хадамоти комил дар ин заминаро надорад.

Оқои Атоев гуфт, ки рӯзи 13 декабр Анҷумани фароҳамгарони интернет ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, Шӯрои фанноварии иттилоъот ва иртиботот ва вазорату идораҳои зирабт нома ирсол карда ва хостори арзёбии ҳуқуқии ин иқдоми Идораи иртибототи Тоҷикистон шудааст.

Матолиби муртабит