Идораи иртиботот: Тоҷикистон ҳаргиз бе интернет нахоҳад монд

  • 7 Феврал, 2014
Рафиқҷон ШокировImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Шокиров гуфт, ки интернет дар Тоҷикистон ҳаргиз қатъ нахоҳад шуд

Идораи иртибототи Тоҷикистон мегӯяд, дар сурате ки кишвари ҳамсояи Қирғизистон дар дастрасии фароҳамгарони тоҷик ба интернет мушкил эҷод кунад, онҳо чанд роҳи дигари бурунрафт аз ин буҳрони эҳтимолиро хоҳанд дошт.

Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, агар хутути фибер-нурие, ки аз қаламрави Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид мешавад, гусаста ё масдуд шавад, Тоҷикистон метавонад аз хутути фибер-нурие, ки бо Чин, Афғонистон ва Узбакистон муртабит аст, интернетро барои шаҳрвандонаш фароҳам созад.

Рафиқҷон Шокиров, муъовини раиси Идораи иртибототи Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 7 феврал дар як нишасти хабарӣ гуфт: "Дар сурати пеш омадани чунин мушкил бо ҳамаи кишварҳо, мисли Қирғизистон, Афғонистон, Чин ва ё Узбакистон, мо имкон дорем аз тариқи моҳвора дастрасӣ ба интернетро барои муштариён дар дохили кишвар фароҳам кунем."

Тибқи иттилои масъулони Идораи иртибототи Тоҷикистон, ҳоло беш аз 3,8 млн нафар дар ин кишвар аз интернет истифода мекунанд. Яъне аз миёни ҳар сад нафар аз шаҳрвандон 47 нафар ба шабакаи ҷаҳонӣ дастрасӣ доштаанд.

Оқои Шокиров афзуд, ки дар ҳоли ҳозир бархе аз вазоратхонаҳо ва идорот шабакаҳои дохилии худро доранд ва дар сурати фаъъол шудани шабакаи саросарии кишвар тамоми онҳо ба ҳам пайваст хоҳанд шуд.

Масъулини Идораи иртибототи Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди масдуд шудани баъзе аз сойтҳо, мисли шабакаҳои иҷтимоъии Фейсбук ва YouTube, торнамоҳои хабаргузориҳои Озодагон ва родиюи Озодӣ гуфтанд, киҳеч дастуре дар ин бора ба фароҳамгарон содир нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бисёре аз корбарони интернет дар Тоҷикистон, дастрасӣ ба ин сойтҳо аз тариқи хадамоти бархе аз ширкатҳои фароҳамгари интернет маҳдуд ё масдуд аст.

Оқои Шокиров дар мавриди ин хабари баҳсбарангези ахир, ки корхонаву идораҳои давлатӣ бояд танҳо аз интернети ширкати "Тоҷиктелеком" истифода кунанд, гуфт: "Тибқи қарори ҳукумат таҳти шумораи 550 вазорату корхонаҳои давлатӣ дар доираи қонун ба хотири милликунонӣ ва таъсиси ҳукумати электрунӣ бояд аз фароҳамкунандаи интернети "Тоҷиктелеком" истифода кунанд."

Ин дар ҳолест, ки Анҷумани фароаҳмгарони интернет дар Тоҷикистон аз ин тасмим ибрози норизоятӣ карда ва мегӯяд, ки ин амр хилофи усули бозор ва рақобати озод аст ва ба инҳисори (монополия) хадамоти интернет аз сӯйи як муассисаи давлатӣ мунҷар мешавад.

Сару садоҳо дар мавриди пеш омадани мушкил бо интернет дар Тоҷикистон баъд аз муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистон, ки 11 январ ба амал омад, пайдо шудааст.

Бисёре бо ишора ба ин ки интернети Тоҷикистон умдатан аз Қирғизистон ворид мешавад, аз он ибрози нигаронӣ карданд, ки мумкин аст мақомоти қирғиз иртиботи интернетӣ бо ин кишваро қатъ кунанд.

Ҷониби Қирғизистон пас аз даргирии 11 январ дар марз сафири худро аз Тоҷикистон фаро хонда ва гузаргоҳҳои марзияш бо ин кишварро бастааст. Дар натиҷа, гуфта мешавад, бисёре аз комюнҳо ё мошинҳои борбари Тоҷикистон дар он сӯйи гузаргоҳҳои марзӣ дар Қирғизистон гир мондаанд.

Дар вокуниш ба ин амр, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар поёни моҳи гузашта бо ирсоли номае ба Вазорати умури хориҷаи Узбакистон аз он кишвар хостааст, ки ба комюнҳояш аз тариқи гузаргоҳҳои марзии байни ду кишвар иҷоза бидиҳад.

Ҷониби Узакистон дар посух ба дархости мақомоти тоҷик гуфта, ки омода аст комюнҳои Тоҷикистонро барои гузаштан аз гузаргоҳҳои марзии худ ба ин кишвар иҷоза бидиҳад.

Матолиби муртабит