Суръати интернет: Тоҷикистон бар ҳамсоягонаш пешӣ дорад

Тоҷикистон дар миёни 188 кишвари ҷаҳон дар заминаи суръати шабакаи ҷаҳонии интернет мавқеъияти 56-умро касб кардааст.
Ин арзёбиро ширкати байналмиллалии "NetIndex" анҷом додааст. Аз лиҳози мавқеъият Тоҷикистон дар миёни кишварҳои минтақа танҳо аз Қазоқистон, ки дар радаи 53 қарор дорад, пойинтар аст.
Узбакистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, дар ин арзёбӣ ҷойгоҳи 169-умро касб кардааст. Чин, кишвари дигари ҳамсояи Тоҷикистон, дар мақоми 43 қарор дода шудааст. Кишвари дигари ҳамсоя, Қирғизистон, дар радаи 77 ҷой гирифтааст.
Тибқи ин арзёбӣ, Ҳунгкунг ва Сангопур дар радаи аввал ва дувум қарор доранд. Русия ва Омрико мутаносибан дар радаҳои 29 ва 30 қарор гирифтаанд. Укройн, як ҷумҳурии дигари шӯравии собиқ, дар ин феҳраст мақоми 35-умро касб кардааст. Эрон дар радаи 167 ва Афғонистон дар радаи 187 ҳастанд.
Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки чунин арзёбии вазъи суръати интернет дар Тоҷикистон воқеъӣ аст.
Ҳарчанд, ба гуфтаи бархе аз коршиносон, дар як соли ахир корбарони шабакаи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон борҳо бо мушкили суръати суст ва масдуд шудани дастрасӣ ба интернет рӯбарӯ шудаанд.
Оқои Атоев дар посух ба ин иддаъо мегӯяд, ки чунин мушкилот ба масоили фаннӣ ва баргузории маросими сиёсӣ дар кишвар рабт дошта ва дар маҷмӯъ, арзёбии ширкати «NetIndex» вазъи воқеъии рушди арсаи мухобирот ва фанноварии иртиботот дар Тоҷикистонро бозтоб додааст.
Аз сӯйи дигар, Асомуддин Атоев мегӯяд, ки Тоҷикистон аз имкони беҳтар кардани мавқеъияти худ дар арзёбиҳои мушобеҳи байналмилалӣ бархурдор аст.
Вай гуфт: “Тоҷикистон бояд дар арсаи мухобирот ба як кишвари тронзитӣ барои ироаи сервисҳои иртибототӣ ба кишварҳои минтақа табдил шавад. Бавижа, барои Афғонистон. Дар ин сурат фароҳамгарони интернет зарфияти троффики худро афзоиш медиҳанду сокинон аз суръати бештари интернет бархурдор мешаванд."
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи соҳибназарон, суръати дастрасӣ ба шабакаи интернет дар шаҳрҳо ва марокизи бузурги Тоҷикистон нисбатан хуб аст, вале бахши аъзаме аз мардум дар манотиқи рустоӣ аслан ба шабакаи ҷаҳонӣ дастрасӣ надоранд.
Бо ин ҳол, Асомуддин Атоев бар ин назар аст, ки дар ду-се соли ахир теъдоди корбарони интернет дар манотиқи рустоии Тоҷикистон низ рӯ ба афзоиш ниҳода ва ба ин далел феълан дастрасии сокинони рустоӣ ба шабакаи ҷаҳонӣ дар муқоиса бо солҳои қаблӣ беҳтар шудааст.
