Ҳамлаи интиҳорӣ ва қатъи интернет дар Либӣ

  • 22 Декабр, 2013
Image caption Акси оршив аст

Ҳамлаи интиҳорӣ ба як исти бозрасӣ дар шаҳри Бенғозӣ, дар шарқи Либӣ дастикам ҳафт кушта бар ҷой гузошт. Ҳаддиақал ҳашт нафари дигар ҳам дар ин ҳодиса захмӣ шудаанд.

Ин ҳамла бо як мошини бумбгузоришуда анҷом гирифтааст.

Яке аз мақомҳои пулис ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки эҳтимол дорад теъдоди талафоти ин ҳамла бештар шавад.

Бенғозӣ дар даврони шӯриш алайҳи Муъаммар Қаззофӣ, диктотури пешини Либӣ яке аз конунҳои мухолифон буд. Пас аз сарнагунии Муъаммар Қаззофӣ ҳам ин шаҳр саҳнаи хушунат ва нооромӣ будааст ва дар моҳҳои ахир беш аз 300 нафар дар он кушта шудаанд.

Манотиқи дигари Либӣ низ гирифтори бесаботӣ ва мушкилоти амниятӣ ҳастанд. Аз ҷумла ҳамлаи муътаризон ба дафтари як ширкати мухобиротии умда ба қатъи интернет дар манотиқи ҷанубӣ ва ғарбии Либӣ мунҷар шуд.

Қатъи интернет дар ин манотиқ ҳудуди ҳашт соъат ба тул анҷомид.

Мушкилоти Либӣ ба тартибе аст, ки боъис шуда тавлиди нафти ин кишвар аз ҳудуди 1,5 миллиюн бушка дар рӯз ба 250 ҳазор бушка коҳиш ёфтааст.

Матолиби муртабит