Мушовири нахуствазири Либӣ дар пойтахти ин кишвар рабуда шуд

  • 1 Апрел, 2013

Муҳаммад Алғатус, мушовири нахуствазири Либӣ дар ҳошияи шаҳри Таробулус замоне ки савори худрави худ буд, тавассути афроди ношинос рабуда шуд.

Хабар дар бораи рабуда шудани ӯ пас аз он мунташир шуд, ки давлати Либӣ эълом кард оқои Алғатус мавриди таҳдид қарор гирифтааст.

Тайи ҳафтаҳои ахир дар Либӣ мавориди рабуда шудани афрод ва таҳдидҳо алайҳи маъмурони давлат афзоиш ёфтааст.

Давлати марказии ин кишвар то кунун дар амри таҳти кунтрул қарор додани гурӯҳҳои афроди мусаллаҳ, ки тайи замони қиём барои барканор сохтани Муъаммар Қаззофӣ, раҳбари пешини Либӣ вориди саҳна шуданд, муваффақ набудааст.