Афроди мусаллаҳ вазорати умури дохилаи Либиро муҳосира карданд
Мардони мусаллаҳ дар Либӣ сохтмони вазорати додгустарӣ дар Таробулус, пойтахтро бо комюнҳое, ки бар онҳо аслиҳаи зидиҳавоӣ насб шуда, иҳота кардаанд.
Се рӯз пеш шибҳнизомиён амалиёти мушобеҳеро дар баробари Вазорати хориҷа анҷом дода буданд.
Онҳо хостори ихроҷи маъмуроне ҳастанд, ки дар замони ҳукумати сарҳанг Қаззофӣ дар ниҳодҳои давлатӣ кор мекарданд.
Сарҳанг Қаззофӣ дар қиёми мардум алайҳи ӯ дар соли 2011 кушта шуд.
