Мардони мусаллаҳ "нахуствазири Либиро рабуданд"

  • 10 Октябр, 2013

Нахуствазири Либӣ нопадид шудааст

Рӯзи панҷшанбеи 10 октябр теъдоде аз расонаҳои арабӣ ба нақл аз манобеъи амниятии Либӣ гузориш карданд, ки афроди мусаллаҳи ношинос бо вуруд ба ҳутеле дар Таробулус, пойтахт, Алии Зейдон, нахуствазирро бо худ бурдаанд.

Ҳанӯз мақомоти давлати Либӣ дар мавриди ин гузориш изҳори назаре накардаанд ва ҷузъиёти ин воқиъа мушаххас нест.

Бархе манобеъи хабарӣ гуфтаанд, ки оқои Зейдон рабуда ва ба маҳалли номаълуме бурда шудааст.

Ба нақл аз як шоҳиди айнӣ дар ҳутел, маҳалли вуқуъи ҳодиса, гузориш шудааст, ки афроди мусаллаҳ бо як худрав ба маҳалли ҳутел омаданд ва нахуствазирро бо худ бурданд.

Алӣ Зейдон дар июли соли 2012 ба намояндагии кунгреи миллии Либӣ интихоб шуд ва дар октябри ҳамон сол намояндагони кунгре ӯро ба симати нахуствазирӣ баргузиданд. Пеш аз рақобат барои ҷалби назари кунгре вай аз симати намояндагӣ канорагирӣ карда буд.

Алӣ Зейдон дар даҳаи 1970 корманди вазорати хориҷаи Либӣ буд, аммо дар даҳаи 1980 ба хориҷ паноҳанда шуд ва саранҷом ҷабҳаи наҷоти Либиро дар мухолифат бо Муъаммар Қаззофӣ ташкил дод.

Дар ҷараёни ҷанги дохилии Либӣ вай намояндагии Шӯрои миллии интиқолӣ дар Урупоро бар уҳда дошт ва гуфта мешавад, ки нақше асосӣ дар ҷалби ҳимояти кишварҳои урупоӣ аз мухолифони Муъаммар Қаззофӣ ифо кард.

Хабари "рабуда шудани " Алӣ Зейдон дар ҳоле гузориш мешавад, ки қарор аст муҳокимаи Албағдодӣ Алмаҳмудӣ, нахуствазир дар давлати Муъаммар Қаззофӣ, дар Таробулус аз сар гирифта шавад

Вай ба қатлу фасоди молӣ дар ҷараёни ҷанги дохилии Либӣ муттаҳам аст.

Аз замони суқути ҳукумати Муъаммар Қаззофӣ, гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки дар ҷараёни ҷанги дохилӣ ба аслиҳа ва муҳиммот даст ёфтанд, боъиси эҷоди ноамнӣ дар ин кишвар будаанд.

Матолиби муртабит