Эътироз ба шибҳнизомиёни Либӣ дар Бенғозӣ даҳҳо кушта бар ҷой гузошт

Ҳадди ақал 25 нафар дар шаҳри Бенғозӣ дар шарқи Либӣ дар асари даргирӣ дар муҷовирати як сохтмони мутаъаллиқ ба шибҳнизомиёни тарафдори ҳукумат кушта шудаанд.
Ба гуфтаи мақомоти беҳдорӣ дар Банғозӣ даҳҳо нафар ҳам дар асари ин хушунат маҷруҳ шудаанд.
Тазоҳуркунандагон бо таҷаммуъ дар баробари сохтмони аслии ин гурӯҳи шибҳнизомӣ хостори халъи силоҳи онҳо шуда буданд.
Бархе мақомоти давлати Либӣ аз замони марги сарҳанг Муъаммар Қаззофӣ, раҳбари махлуъи Либӣ, дар соли 2011 то кунун барои халъи силоҳи шибҳнизомиён талош карда, аммо ин талошҳо умуман муваффақ набудаанд.
Гурӯҳи шибҳнизомии мавсум ба "Катибаи даръи Либиё", ки дар халъи сарҳанг Қаззофӣ аз қудрат нақш доштааст, то кунун дар қиболи дархости халъи силоҳ шудан муқовимат кардааст.
Ин шибҳнизомиён мегӯянд, ки бо таъйиди вазорати дифоъи Либӣ фаъолият мекунанд.
Як шоҳид гуфтааст, ки ҳудуди 300 нафар муътариз, ки аксари онҳо ғайримусаллаҳ буданд, аз минтақае дар шарқи Банғозӣ дар муқобили сохтмони фармондиҳии шибҳнизомиён таҷаммуъ карданд. Онҳо хостори тарки сохтмон тавассут шибҳнизомиён буданд.
Бо ин ҳол Алӣ Алшайхӣ, сухангӯи раиси ситоди муштараки артиши Либӣ гуфтааст, ки гурӯҳи Катибаи даръи Либиё вобаста ба артиш Либӣ аст ва ҳамла ба ин гурӯҳи шибҳнизомӣ ба манзалаи ҳамла ба ниҳоди давлатӣ аст.
Давлати Либӣ дар ҳоле ки талош дорад пулис ва артиши он кишварро бозсозӣ кунад, ба шибҳнизомиён иҷозаи дахолат барои ҳаллу фасли ихтилофоти қабилаиро додааст.
Аммо гурӯҳе аз шаҳрвандони Либӣ мегӯянд шибҳнизомиён хориҷ аз чаҳорчӯби қонун ва ҳавзаи ихтиёроти худ амал мекунанд ва онҳоро масъули бархе беназмиҳо ва беқонунӣ дар Бенғозӣ ва дигар манотиқи Либӣ аз ҷумла Таробулус (пойтахт) донистаанд.
