Маҳдудияти иртиботи телефунӣ то савганди раиси ҷумҳурӣ

Дар ҳоле, ки телефунҳои ҳамроҳ дар бархе аз манотиқи пойтахти Тоҷикистон ва манотиқи атрофи зиндонҳои кишвар аз рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ фаъъол нестанд, масъулони ширкатҳои телефунҳои мобилӣ мегӯянд, ки ин маҳдудияти иртиботи телефунӣ дар кишвар пас аз баргузории маросими таҳлифи раисҷумҳури тозаинтихоб бардошта хоҳад шуд.
Як манбаъи муътамад аз ширкати мухобиротии "Мегафон" рӯзи чаҳоршанбеи 13 ноябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки бо мақомоти амниятии кишвар дар бархе аз манотиқи Душанбе ва атрофи зиндонҳои Тоҷикистон порозит ё таҷҳизоти фурунишонанда насб кардаанд, ки иртиботи телефунҳои мубойлро маҳдуд мекунанд.
Ин манбаъ афзуд, ки интизор меравад ин таҷҳизоти маҳдудкунандаи иртибот баъд аз баргузории маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури тозанинтихоб, ки қарор аст 16-уми ноябр сурат бигирад, барчида шавад.
Як манбаъи дигар аз ширкати "ТоҷМубойл" низ ин хабарро таъйид карда ва гуфт, ки ин маҳдудиятҳо дар остонаи баргузории интихоботи президенти Тоҷикистон ба далоили амниятӣ роҳандозӣ шуд.
Ин масъули "ТоҷМубойл" таъкид кард, ки ислоҳи ин вазъ дар ҳоли ҳозир ғайримумкин аст ва муштариёне, ки дар маҳаллоти мавриди пушиши порозитҳо ба сар мебаранд барои бардошта шудани маҳдудияти иртиботи телефунӣ , бояд то анҷоми маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури кишвар мунтазир бимонанд.
Ин дар ҳолест, ки бархеҳо дар шабакаҳои иҷтимоъии интернетӣ аз шунуди сӯҳбатҳои телефунии сокинони кишвар ҳушдор додаанд. Ин афрод гуфтаанд, ки аз тағйири садо ва кайфияти иртиботи телефунҳо ҳадс мезананд, ки телефунҳояшон аз сӯйи ниҳодҳои вижа шунида мешаванд.
Интихоботи соли ҷории раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо иттихози тадобири шадидтари амниятӣ баргузор шуд. Дар остонаи баргузории ин интихобот дастрасӣ ба бархе сойтҳои интернетӣ маҳдуд шуда ва дар кулл суръати интернет дар кишвар ба сурати қобили мулоҳиза поин омад.
Масъулони Анҷумани ширкатҳои ироъакунандаи хадамоти интернетӣ ин вазъро ба афзоиши муруркунандагони хориҷӣ ба сойтҳои тоҷикистонӣ дар остонаи баргузории интихобот марбут хонда буданд.
Аз сӯйи дигар, дар остонаи ин интихобот дастрасии корбарони интернет ба бархе аз сойтҳои иттилоъотӣ ва иҷтимоъӣ, назири "Ozodagon.tj" ва "youtube.com" масдуд ва танҳо пас аз гузашти чанд рӯз дубора фароҳам шуд.
Ғайр аз ин бархеҳо ба ҷуз аз маҳдудият дар фаъъолияти телефунҳои мубойл дар Тоҷикистон аз қатъ шудани иртиботи байналмиллалӣ дар телефунҳои заминӣ дар чанд рӯзи ахир шикоят кардаанд.
Ҳамчунин мақомоти кишвар бо тасмиме бесобиқа ҳузури хабарнигорон дар яке маркокизи раъйдиҳиро ба ҳангоми раъйдиҳии Президент Раҳмон дар онро мамнуъ карданд ва барои нахустин бор ширкати Президент Раҳмон дар раъйдиҳӣ бидуни ҳузури хабарнигорон сурат гирифт.
Бархе аз созмонҳои байналмиллалӣ зимни натиҷагирӣ аз раванди интихобот дар Тоҷикистон ба вуҷуди мавонеъ дар озодии баён ва камбуди шаффофоият дар ҷараёни интихобот таъкид кардаанд.
