Ҷавонони хатлонӣ: Муҳоҷират ба Русия баъд аз мактаб
Image copyrightBBC World ServiceХудоёр Назаров, як ҷавони 18-сола аз шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, мегӯяд, ки баъди фориғ шудан аз мактаб тасмим дорад, ки ба Русия муҳоҷират кунад.
Худоёр мегӯяд, ки ваъзи молии хонаводаи вай чандон хуб нест ва ӯ барои таъмини ниёзҳои хонавода ба назди пайвандони бузургтар аз худ, ки ҳоло дар Русия ба сар мебаранд, равон аст.
Ӯ афзуд: "Бародарзодагонам дар муҳоҷират ҳастанд, ман имкони идомаи таҳсилро надорам ва аз ин рӯ ба назди онҳо рафта кор мекунам."
Худоёр, ки имсол аз мактаб фориғ мешавад, ҳанӯз пешаеро ёд нагирифта, аммо баночор роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтааст. Ӯ ҳамчунин иттилоъи дақиқе дар бораи мушкилоти муҳоҷирон ва корҳои сангини онҳо надорад, вале мегӯяд, ки тасмими ниҳоӣ гиирфтааст, ки ба Русия равад.
Русия кишварест, ки садҳо нафар аз ҷавонони тоҷик баъди фориғуттаҳсил шудан аз мактаб барои раҳоӣ аз мушкилоти иқтисодӣ сафар ба онро аз тасмил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон тарҷеҳ медиҳанд. Ва дар бештари авқот дар ҷустӯҷӯйи кор ва сармоя бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ мешаванд.
Умедҷон Каримов, як сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, ки таҷрубаи муҳоҷиратро дидааст, мегӯяд, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия мушкилоти зиёде доранд.
Умедҷон гуфт: "Тоҷик будан барои муҳоҷир дарди сар аст, афзун бар ин, бисёре аз муҳоҷирон забони русӣ ва қонунҳои он кишварро намедонанд. Чанд соли аввали фаъъолиятам наметавонистам, ки аз ҳуқуқи худам дифоъ кунам ва шабҳоро дар боздошгоҳҳо рӯз мекардам. Бисёр вақт русҳо маро масхара мекарданд."
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар шаҳри Қурғонтеппа, як маркази иттилоъотӣ ва омӯзишӣ барои муҳоҷирони корӣ ва аъзои хонаводаҳои онҳо ифтитоҳ шудааст. Дар ин марказ, барои довталабони сафар ба Русия забони русӣ тадрис мешавад ва ҳуқуқдонҳо сокинонро бо қавонини муҳоҷирати Русия ошно месозанд.
Дар миёни ин довталабон онҳое низ ҳастанд, ки ба Русия борҳо сафар кардаанд. Баъд аз ду моҳи омӯзиши забони русӣ онҳо аз ин марказ гувоҳиномаҳои омӯзишии кӯтоҳмудатро низ дарёфт мекунанд.
Саъодат Маҳмадқулова, як сокини вилояти Хатлон, мегӯяд, ки ба хотири надонистани забони русӣ ӯ водор шудааст, ки ба ватан бозгардад.
Хонуми Мамадқулова гуфт: "Дар як корхона кор мекардам, вале надонистани забон ва қонун барои занон душвор буд. Ҳоло дар марказе, ки тоза ба фаъъолият шурӯъ кард, забонро меомӯзам, ҳамин ки каме русиро омӯхтам, дубора ба он кишвар меравам. Дар Тоҷикистон пуле, ки дар изои фаъъолиятамон медиҳанд, хеле ночиз буда ва бо он зиндагӣ кардан мушкил аст."
Дар маркази иттилоъотӣ ва омӯзишӣ ҳоло ҳудуди 50 нафар аз сокинони манотиқи мухталифи вилояти Хатлон, ки бештарашон муҳоҷирони корӣ ҳастанд, омӯзиш мегиранд.
Ба гуфтаи иддае аз таҳлилгарон дар вилояти вилояти Хатлон, яке аз мушкилоти аслии муҳоҷирон дар Русия надонистани ҳуқуашон буда ва дар бисёре аз маворид онҳо наметавонанд аз ҳаққи худ дифоъ кунанд.
Зубайдулло Холмуродов, яке аз ҳуқуқдонҳои маҳаллӣ, мегӯяд, ки ҳамарӯза сокинони зиёде, ки таҷрубаи муҳоҷиратро пушти сар кардаанд, барои дарёфти машваратҳои ҳуқуқӣ ба онҳо муроҷеъа мекунанд.
Оқои Холмуродов мегӯяд: "Мо бештар он идда аз афродеро, ки ба муҳоҷират мераванд, бо се Қонуни асоси лозимӣ, аз ҷумла қонуни муҳоҷирати Русия, қонун дар бораи ваъзи ҳуқуқии шаҳрвандон дар он кишвар ва қонун дар бораи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ошно месозем. Бо ин вуҷуд мавориди риъоят нашашудани ин қонунҳои Русия аз сӯи муҳоҷирони тоҷик сабт мешаванд."
Ёқубҷон Ҳусейнов, ҷавони 19-солае аз ноҳияи Бохтар, мунтазири парвоз ба Русия дар фурӯдгоҳи шаҳри Қурғонтеппа буд. Вай мегӯяд, ки феълан издивоҷ кардааст ва баъд аз гузашти даҳ рӯз аз маросими арӯсӣ ба муҳоҷират ба Русия меравад.
Оқои Ҳусейнов гуфт: "Қаблан дар Русия будам ва сармоя барои издивоҷ ва маросими арӯсиро низ аз фаъъолиятҳоям дар он кишвар пайдо кардам. Ҳоло дубора ба он ҷо барои дарёфти пул барои зиндагӣ меравам. Ман намехоҳам ба муҳоҷират равам, аммо дигар илоҷ надорам."
Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар Русия беш аз як милюну 200 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон машғули корҳои мухталиф ҳастанд. Беш аз 80 дарсади ин сокинонро ҷавонон ва афроди зери 40-сола ташкил медиҳанд. Гуфта мешавад 95 дар сади муҳоҷирони тоҷик дар Русия машғули кор ҳастанд.
