Уфти чашмгири сомонӣ дар баробари дулор дар Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceТайи ду ҳафтаи ахир арзиши пулии миллии Тоҷикистон дар баробари арзҳои хориҷӣ, аз ҷумла дулор, ба таври чашмгире пойин рафтааст.
Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки ин амр бо таниши байни Русия ва Ғарб бар сари Укройн иртибот дорад ва метавонад ношӣ аз таъсири таҳримҳое бошад, ки кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия ба роҳ андохтаанд.
Бар асоси додаҳои торнамои Бонки миллии Тоҷикистон, қимати дулор дар баробари сомонӣ аз рӯзи чаҳоршанбе то имрӯз ҳудуди як сомонӣ (94 дирам) афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин рӯзи панҷшанбеи аввали моҳи май қимати фурӯши дулор дар бархе аз саррофиҳои шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, аз 5,03 то ба 5,10 сомонӣ расид. Ҳамакнун 100 дулори омрикоӣ, ки як моҳ қабл бо қимати 500 сомонӣ харида мешуд, имрӯз ба 510 сомонӣ расид.
Мақомоти ниҳодҳои молии Тоҷикистон фароянди боло рафтани қимати дулор дар баробари сомониро, ки аз авоили моҳи апрел оғоз шудааст, тавзеҳ надодаанд. Аммо бархе аз саррофон мегӯянд, ки иллати ин амр коҳиши вуруди дулор ба Тоҷикистон аст.
Ба гуфтаи корманди як дукони саррофӣ дар хиёбони Рӯдакӣ, дар маркази шаҳри Душанбе, ки нахост номаш ифшо шавад, тайи ду рӯзи ахир мизони фурӯши дулор дар шаҳр коҳиш ёфта ва мардум бештар пули русиро барои табодул ба саррофиҳо арза мекунанд.
Бархе аз коршиносон бар ин ақидаанд, ки яке аз сабабҳои аслии афзоиши қимати дулор дар Тоҷикистон буҳрони Укройн ва таҳримҳои Омрико алайҳи Русия барои даст доштан дар ин қазия аст.
Саймиддин Дӯстов, таҳлилгари масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки Русия дар соли ҷорӣ бештар машғули ҳалли мушкилоти иқтисодии дохилӣ хоҳад буд. Ва ин амр дар вазъи муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар он кишвар кор ва зиндагӣ мекунанд, таъсири манфӣ мегузорад.
Вай афзуд: "Тибқи гузоришҳои ғайрирасмӣ, дар соли ҷорӣ мизони сармояи интиқолии муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон аз 15 то 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Бо таваҷҷуҳ ба ҳадсҳои иддае аз иқтисоддонҳо, то авохири соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аз як то як милёрду 200 милён дулор аз муҳоҷирон камтар сармоя ба ин кишвар ворид хоҳад шуд."
Беш аз як милюн муҳоҷири тоҷик дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд. Бар асоси иттилоъи Бонки марказии Русия, дар соли 2013 муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба хонаводаҳои худ беш аз 4 милёрду 173 милюн дулор интиқол додаанд.
Бештари муҳоҷирон бо рубли Русия сару кор доранд ва аз тариқи бонкҳо маъмулан рубл мефиристанд, аммо гуфта мешавад, ки бахши қобили мулоҳизае ҳам ба хонаводаҳои худ дулор мефиристоданд. Аммо дар пайи таҳримҳои Омрико алайҳи Русия муъомила бо дулор дар он кишвар душвор шудааст.
Таъсири ин таҳримҳо дар иқтисоди Русия низ андак набуда ва пешбинӣ мешавад, ки муҳоҷирон имсол бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ хоҳанд шуд. Рӯзи гузашта Сандуқи Байналмилалии Пул эълом кард, ки иқтисоди Русия вориди марҳилаи рукудӣ шудааст.
Ба эътиқоди оқои Дӯстов, саҳми муҳоҷирон дар интиқоли пул ба Тоҷикистон имсол коҳиш хоҳад ёфт. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, бо таваҷҷуҳ ба маболиғи нақде, ки муҳоҷирон меоранд, мизони пулҳои интиқолии муҳоҷирон дар соли гузашта муъодили 53 то 55 дарсади тавлидоти нохолиси дохилии Тоҷикистон будааст.
Оқои Дӯстов мегӯяд, ки таҳримҳои эъломшуда алайҳи Русия дар вазъи молии муҳоҷирон дар соли ҷорӣ таъсири манфӣ хоҳад гузошт ва давлати Тоҷикистон бояд барои ҳалли ин мушкил тадобире бияндешад.
Ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки коҳиши мизони интиқоли сармоя аз хориҷ ба Тоҷикистон ба боло рафтани қимати колоҳо ва маводди ғизоӣ дар бозорҳо ва уфти назарраси сомонӣ дар баробари дулор мунҷар хоҳад шуд. Ин амр метавонад норизоятии иҷтимоъиро низ ба дунбол дошта бошад.
Набуди машоғил, фақр ва фасоди густарда садҳо ҳазор нафар аз атбоъи Тоҷикистонро маҷбур карда, ки ҳамасола барои дарёфти кор ва таъмини рӯзгори хонаводаҳояшон ба Русия раванд.
