Интиқоли маболиғи ҳангуфт аз Русия ба Тоҷикистон
Тибқи иттилоъи Бонки марказии Русия дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон беш аз 3 милёрд дулор ворид шудааст.
Ин маблағ дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли гузашта ҳудуди 440 ҳазор дулор бештар будааст.
Ин манбаъ гуфтааст, дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз Русия ба кишварҳои шӯравии пешин ба миқдори 15 милёрд дулор интиқол шуда ва Ӯзбакистон бо 4,9 милёрд дулор дар миёни ин кишварҳо пешӣ доштааст.
Бино ба иттилоъи Идораи муҳоҷирати Русия беш аз 1 милюн тан аз атбоъи Тоҷикистон барои дарёфти кор дар ин кишвар ба сар мебаранд. Аммо Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ҳудуди 700 ҳазор нафар гуфтааст.
Ба гуфтаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, маболиғи интиқолӣ аз муҳоҷирони кории тоҷик баробари 47 дар сади тавлидоти нохолиси дохилии Тоҷикистон аст.
