Боздошти фарде ба занни қочоқи 26 милюн рубли русӣ дар фурӯдгоҳи Душанбе

  • 23 Январ, 2014
Рубли русӣImage copyrightRIA Novosti
Image caption Як шаҳрванди Тоҷикистон барои қочоқи ҳаҷми зиёди рубли русӣ дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт шудааст

Идораи гумруки Тоҷикистон мегӯяд, ки як табаъаи ин кишвар ба ҳангоми қочоқи миқдори зиёди рубли русӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Ҳайдар Маҳмадзода, раиси бахши мубориза бо тахаллуфоти қонунии ин ниҳод, рӯзи панҷшанбеи 23 январ гуфт, ки ин қочоқбари пул чаҳор рӯзи қабл боздошт шуд. Ин нахустин бор дар даҳ соли ахир дар Тоҷикистон аст, ки мақомоти интизомӣ аз талош барои қочоқи маблағи ҳангуфте иттилоъ медиҳанд.

Оқои Муҳамадзода бо баҳонаи идомаи таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ аз ифшои ҳувияти ин фарди боздоштшуда худдорӣ кард. Аммо гуфт, ки вай қасд доштааст, ки беш аз 26 милюн рубли русиро, ки муъодили беш аз 800 ҳазор дулор аст, ба Русия интиқол диҳад.

Масъулони идораи гумрук мегӯянд, ки қонун ба ҳар як шаҳрванд иҷоза медиҳад то 10 ҳазор дулорро бо худ ба хориҷ аз ин кишвар интиқол диҳад. Аммо дар сурате, ки фард мехоҳад аз ин маблағ бештар сармояеро аз қаламрави Тоҷикистон берун барад, бояд иҷоза бигирад.

Кормандони гумрук мегӯяд, ки дар гузашта низ шуморе аз сокинон барои интиқоли миқдори на чандон зиёди сармоя ба хориҷ боздошт ва ҷарима шуда буданд. Аммо вай афзуд, ки дар як соли ахир ин нахустин бор аст, ки як нафар аз шаҳрвандон бо маблағи ҳангуфт ба ҳангоми сафар ба хориҷ боздошт мешавад.

Оқои Муҳаммадзода гуфт, ки таҳқиқот ҳануз мушаххас накарда, ки ин сармоя аз ҳисоби чи тиҷорате ба даст омадааст, аммо вай афзуд, ки мусалламан фарде, ки ба қочоқи пул муттаҳам шуда, қонуни Тоҷикистонро дар бораи мизони муҷози интиқоли сармоя ба хориҷ намедонистааст.

Бо ин вуҷуд, кормандони гумрук мегӯянд, ки кӯшиши интиқоли сармояи барзиёд аз меъёри муқарраршуда “қочоқ” ба шумор меояд ва қочоқи маблағи ҳангуфт аз Тоҷикистон рӯйи гардиши пул дар ин кишвар таъсири манфӣ мегузорад.

Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои қочоқи коло ва амволи дигаре ба миқдори зиёд, аз ҷумла пул ё арз, то панҷ сол маҳкумият ба зиндонро пешбинӣ кардааст.

Матолиби муртабит