Боздошти як корманди арсаи барқ ба занни тассаруфи пули пардохти қимати барқ

  • 20 Январ, 2014

Пулиси Тоҷикистон аз боздошти як корманди арсаи барқ ба занни тассаруфи пули пардохти қимати нерӯи барқ дар вилояти Суғди ин кишвар хабар додааст.

Ба гуфтаи маъмурони пулис ин корманди нерӯи барқ барои “аз худ кардани 5 ҳазор сомонӣ, ки муъодили 1 ҳазор дулор будаст,” боздошт шудааст.

Бар асоси иттилоъи сойти расмии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки рӯзи душанбеи 20 январ пахш шуда, Камолхӯҷа Хоҷаев, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ин маблағро аз ҳисоби пули нақде, ки масрафкунандагони нерӯи барқ дар ин ноҳия барои масрафи он пардохт кардаанд, ба худ ихтисос додааст.

Хабар дар бораи бозодшти як корманди арсаи барқ дар ҳоле мунташир шудааст, ки бархе аз кормандони ин арса аз тахир дар пардохти маъоши моҳиёна шикоят кардаанд.

Бисёре аз кормандони арсаи барқ дар Тоҷикистоназ аз аз ҷумла нозирони ин арса, мегӯянд, ки аз моҳи авгучсти соли 2013 ширкати “Барқи тоҷик” маъоши онҳоро пардохт накардааст. Аммо масъулони ин ширкат ин иддаъоро такзиб мекунанд.