Эътои ҷоизаи вижаи теотрӣ ба муҳоҷирони ҳунарманд
Image copyrightBBC World ServiceҲайъати доварони ҷашнвораи теотрии "Ниқоби тилоӣ" дар Русия ҷоизаи вижаи доваронро ба се нафар аз як гурӯҳи ҳунарии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия эъто кардааст.
Дар канори ин ҳунармандон бархе аз ҳунармандони муҳоҷир аз Узбакистон низ, ки дар теотри мавсум ба "Акын Опера"-и Всеволод Лисовский фаъъолият мекунанд, ин ҷоизаро касб кардаанд.
Ин ҳунармандони муҳоҷир дар канори фаъъолиятҳои аслии худ дар Русия ба шуғли ҳунармандӣ низ иштиғол меварзанд. Ба гуфтаи Абдумамад Бекмуҳаммадови 45-сола, яке аз аъзои гурӯҳи ҳунарӣ, онҳо дар замони фароғат аз корҳои аслияшон дар теотр машқи намоишнома мекунанд.
Орзуҳои барбодрафта
Оқои Бекмуҳаммадов ҳудуди 15 сол боз дар Русия ба фаъъолиятҳои мухталиф, аз ҷумла умури сохтмонӣ, машғул аст. Аҷам Ҷаққабоев ва Покиза Қурбонҳусейнова, ду ҳунарманди муҳоҷири дигар, низ ба кори сохтмонӣ ва тамизкорӣ дар Русия машғул ҳастанд.
Чанд сос қабл ду фарзанди духтари оқои Бекмуҳаммадов, ки мадраки омӯзгорӣ доранд, барои ба даст овардани даромади рӯзгори хонавода ба Русия рафтанд ва дар мағозаҳои шаҳри Маскав ба унвони фурӯшанда кор мекунанд.
Оқои Бекмуҳаммадов рӯзи панҷшанбеи 24 апрел дар суҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, замоне ки вай рӯйи саҳнаи теотри Бузурги (Большой театр)-и шаҳри Маскав баромад ва ҷоизаро аз дасти доварони ҷашнвора гирифт, орзуи "барбодрафтаи" ӯ дар бораи ҳунарманд шуданаш дубора зинда шуд.
Ӯ афзуд: "Ман он замон аз он афсӯс мехӯрдам, ки Покиза ва Аҷам дар паҳлӯи ман набуданд. Аз шодӣ ашк аз чашмонам мешорид. Худро хушбахт эҳсос мекардам."
Аммо замоне, ки вай бо мо суҳбат мекард, гуфт, ки равонаи маҳалли кори аслиаш, таъмири хонае, аст: "Ман дар чанд рӯзе, ки ба хотири дарёфти ҷоиза дар маросим ширкат мекардам аз фаъъолияти аслии худ канор мондам ва аз он бим дорам, ки аз кор сабукдӯшам накунанд. Зеро сармояи аслие, ки барои гузарони зиндагии худ ва хонаводаам пайдо мекунам, маҳз аз корҳои сохтмонӣ аст."
Абдумамад Бекмуҳаммадов дар авоили даҳаи 1990 барои ҳунарманд шудан ба Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Мирзо Турсунзодаи Тоҷикистон ворид шуд, вале бо оғози ҷанги дохилӣ водор ба тарки донишгоҳ шуд. Вай чанд сол дар Бадахшон машғули ҳунар буд, вале мушкилоти рӯзгор ӯро равонаи Русия кард.
Оқои Бекмуҳаммадов мегӯяд, ки баъд аз ширкат дар ҷашнвораи мусиқии осиёӣ дар Маскав гурӯҳи онҳо барои иҷрои намоишнома аз сӯйи Всеволод Лисовский ба барномаи "Акын Опера" даъват шуд ва чаҳор сол аст, ки дар теотри Лисовский барнома иҷро мекунанд.
Тибқи иттилоъи расмии ниҳодҳои марбут ба муҳоҷират дар Русия, дар ҳоли ҳозир дар он кишвар беш аз як милюну 200 ҳазор нафар муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд.
Бахши аъзами ин муҳоҷирон бо корҳои ба истилоҳ сиёҳ ва камдаромад машғуланд ва дар миёни онҳо ҳунармандон, навозандагону овозхонон низ кам нестанд. Вале шумори андаке аз онҳо хуштолеъанд ва метавонанд дар замони фориғ аз кор ба фаъъолияти аслии хеш даст зананд.
Барои иштиғол варзидан ба ҳунарпешагӣ низ маблағе лозим аст, вале муҳоҷирон маболиғи аслии хешро ба ватан барои бастагонашон мефиристанд.
Танҳо зани ҳунарманди гурӯҳ
Покиза Қурбонҳусейнова, танҳо зани ҳунарманди ин гурӯҳи сенафарӣ, мегӯяд, ки ба хотири фарзандаш, ки алоқаманди таҳсил дар донишгоҳ буд, ба Русия рафта ва ҳар пуле, ки пайдо мекунад, ба ватан ба писараш мефиристад, то ӯ тавонад дар донишгоҳ таҳсил кунад.
Замоне ки саргузашти Покизаро шунидам, зиндагии худам дар авоили даҳаи 1990 ёдам омад. Бо шурӯъи ҷанги дохилӣ, бисёре аз мо, ҳунармандон, бо мушкилоти сахте рӯбарӯ шудем ва баночор саҳнаро тарк кардем.
Бархе аз ҳамкоронамон дар ҷанг кушта шуданд ва бархе тарки Тоҷикистон карданд. Ман шахсан маҷбур будам ба изофаи ҳунарпешагӣ муддате ба тамизкорӣ ҳам машғул шавам. Дар ниҳоят, шуғли муносибе пайдо кардам, вале ҳунарпешагиро канор гузоштам.
Покиза Қурбонҳусейнова, ки он замон дар Филормунии давлатии Тоҷикистон овозхонӣ мекард, акнун дар Русия аст. Вай орзу дорад, ки ба ватан баргардад ва фаъъолияти ҳунариашро дар Тоҷикистон идома диҳад.
Аммо ҳоло ин имкон ба ӯ даст надодааст. Бо маъоше, ки ҳунарпешаҳои теотру синемо дар Тоҷикистон дарёфт мекунанд, пешбурди зиндагӣ бағоят душвор аст.
Хонуми Қурбонҳусейнова мегӯяд: "Дар соли 2000 ба Русия омадам ва рӯзҳои аввали кориям дар ғурбат хеле риққатбор буданд. Сипас, бо гурӯҳ ба теотр даъват шудем ва дар он ҷо низ дар рӯзҳои аввали машқ мушкилоти зиёдеро пушти сар кардам. Баъд аз кори тамизкорӣ ба саҳна мебаромадам ва бароям сахт буд, вале ҳоло то андозае одат кардам ва шод низ ҳастам."
Покиза мегӯяд, ки муҳтавои аслии барномаи теотрии онҳо аз сарнавишти худи онҳо иборат аст. Яъне аз замони ворид шуданашон ба Русия ва мушкилоту дастовардҳои онҳо. Ва албатта дар он аз мусиқӣ ва таронаҳои мардумии манотиқи мухталифи Тоҷикистон истифода мешавад.
Замоне, ки барнома иҷро мешавад, дар тоблуи вижае дар саҳна матни таронаҳои ҳунармандон ба забони русӣ тарҷума мешаванд.
Сармоя барои хонаводаҳо
Ҳамаи аъзои ин гурӯҳ бо созҳои мухталифи миллии тоҷикӣ навозандагӣ мекунанд ва Аҷам Ҷаққабоев дар ин гурӯҳ бо тор мусиқӣ менавозад.
Оқои Ҷаққабоев 50 сол дорад ва дар яке аз таъсисот дар шаҳри Маскав ба унвони корманди сохтмон кор мекунад. Вай мегӯяд, ки ҳарчанд орзуи навозандаи ҳирфаӣ шуданро дошт, аммо имкони таҳсил дар донишгоҳро надошт ва навозандагиро ба таври худомӯз ёд гирифт.
Ӯ мегӯяд: "Ман то ҳол орзу дорам, ки дар филм ва ё теотр низ нақше иҷро кунам ва агар чунин пешниҳоде ба ман шавад, не намегӯям. Ҳамчунин, агар шароити беҳтари зиндагӣ дар Тоҷикистон фароҳам шавад, ҳатман ба ватан бозмегардам."
Аҷам низ ба монанди ҳамтоёни гурӯҳи худ, бештари вақташро дар сохтмон мегузаронад ва бештари сармояи ба даст овардаи хешро ба Тоҷикистон ба бастагонаш мефиристад.
Аъзои ин гурӯҳ аз иҷрои барномаҳои ҳунарӣ маъош намегиранд ва сармояеро, ки аз даромади фурӯши билет ба теотр ба даст меоранд, саъй мекунанд, ки ба хонаводаҳои худ бифиристанд.
Тибқи иттилоъи Бонки марказии Русия, дар соли 2013 муҳоҷирони кории тоҷик аз он кишвар ба Тоҷикистон беш аз 4 милёрду 173 милюн дулор интиқол додаанд, ки ин маблағ муъодили беш аз 50 дарсади тавлидоти нохолиси дохилии ин кишвар аст. Агарчи заррае ҳам бошад, ин се ҳунарманди муҳоҷири тоҷикистонӣ ҳам дар сармояи интиқолии муҳоҷирон ба Тоҷикистон албатта саҳм доранд.
