Додгоҳ дар Русия як табаъаи тоҷикро ба 16 соли зиндон маҳкум кард
Додгоҳи шаҳри Маскав, пойтахти Русия, як шаҳрванди Тоҷикистонро дар қочоқи маводди мухаддир муҷрим шинохта ва барои 16-сол равонаи зиндони дорои низоми сангин кардааст.
Тибқи хабари сойти расмии Додситонии Русия, қозии додгоҳ рӯзи 27 май Худоёр Қодирови 30-соларо барои ҳамли ғайримуҷози ҳафт килуграм ҳеруин муҷозот кардааст.
Дар хабари ин ниҳод омадааст, ки оқои Қодиров дар соли 2013 ин маводди мухаддирро дар қаламрави Тоҷикистон харидорӣ кардааст. Вай барои интиқоли ин мавод ба Русия онро дар махфигоҳе дар ҷомадони сафари худ пинҳон карда ва бо ҳавопаймоии масири Душанбе-Маскав онро ба Русия интиқол додааст.
Вале кормандони интизомии фурӯдгоҳи “Внуково”-и шаҳри Маскав ба ҳангоми расидагӣ ба ҷомадон ӯро боздошт ва ҳеруинро аз вай мусодира карданд.
Ин дар ҳолест, ки дар авоили моҳи майи соли ҷорӣ Додгоҳи вилояти Ҳаштархон дар Русия як шаҳрванди дигари тоҷикистониро дар қочоқи беш аз 500 килуграм маводди мухаддири шоҳдона муҷрим шинохта ва ӯро барои беш аз 15 сол равонаи зиндон карда буд.
