Ихроҷи беш аз 60 муҳоҷири хатлонии мубтало ба сил аз Русия
Image copyrightBBC World ServiceДар панҷ моҳи соли милодии ҷорӣ беш аз 60 муҳоҷири корӣ аз вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки мубтало ба бемории сил буданд, аз Русия ихроҷ шудаанд.
Ба гуфтаи бархе аз ин муҳоҷирон, ки солиёни зиёд дар Русия фаъъолият мекарданд, онҳо дар Русия ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.
Ин муҳоҷирон мегӯянд, ки баъд аз муъоянаи пизишкӣ дар Русия ва ташхиси бемории сил дар онҳо, кормандони интизомӣ онҳоро аз Русия ихроҷ карданд. Дар ҳоли ҳозир ин сокинони вилояти Хатлон дар шаҳрҳо ва навоҳии вилоят таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд.
Масъулони умури беҳдошт дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки дар соли гузашта низ иддае аз муҳоҷирони тоҷике, ки мубтало ба бемории сил буданд, аз Русия ихроҷ шуда буданд.
Аммо дар соли ҷорӣ шумори муҳоҷирони ихроҷшуда ба хотири бемории сил нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чаҳор нафар камтар аст. Пизишкон дақиқан намедонанд, ки ин афрод дар Тоҷикистон ба ин беморӣ мубтало шудаанд ё дар асари сармои шадид ва корҳои сангин дар Русия.
Суҳроб Камолов, масъули идораи мубориза бо бемории силли вилояти Хатлон, гуфт, ки дар тӯли соли 2013 беш аз 300 муҳоҷири мубтало ба бемории сил дар ин вилоят аз Русия ихроҷ шудаанд.
Ба гуфтаи вай, аксарияти ин афрод дар бемористонҳо ё дармонгоҳҳои вижа табобат шудаанд.
Бештари муҳоҷирони корӣ, ки мубтало ба бемории сил будаанд, ба пизишкон ҳикоят кардаанд, ки дар Русия аз сардӣ ва сӯитағзия ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.
Ба гуфтаи онҳо, муҳоҷирони корие, ки мубтало ба сил, вируси нақси эмании инсонӣ ва бемориҳои дигар ҳастанд, сарфи назар аз ин ки бо мадорик ва асноди қонунӣ дар Русия ба сар мебаранд, аз ҳаққи дармон дар бемористонҳои Русия маҳруманд ва пулиси рус онҳоро ихроҷ мекунад.
Мудофеъони ҳуқуқи башар ҳамвора аз густариши нажодпарастӣ ва мавориди нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон, бавижа ихроҷи афроде, ки ба бемориҳои мухталиф мубтало шудаанд, интиқод мекунанд, аммо ба гуфтаи соҳибназарон, мақомоти рус ин интиқодотро нодида мегиранд.
