Боздошти як табаъаи тоҷик ба занни қатли як тоҷир дар Челябинск
Кумитеи бозҷӯии Русия аз боздошти як табаъаи Тоҷикистон ба занни қатл дар шаҳри Челябнски он кишвар хабар дод.
Торнамои расмии ин ниҳод рӯзи чаҳоршанбеи 29 апрел навишт, ки кормандони интизомӣ ин фардро бар асоси муқаррароти қисми дувуми моддаи 105-и қонуни кайфарии Русия ба қатли беш аз ду нафар муттаҳам кардаанд.
Таҳқиқоти муқаддамотиӣ мушаххас карда, ки ин шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон дар манзили берун аз шаҳри як тоҷири 53-солаи рус ба унвони коргар фаъъолият мекардааст.
Кумитеи бозҷӯии Русия ҳувияти ин фардро эълом накарда, вале мегӯяд, ки ин табаъаи Тоҷикистон якҷо бо волидон ва бародари худ се сол қабл вориди Русия шуда ва машғули корҳои мухталиф будааст.
Ин ҷавони тоҷик муттаҳам шуда, ки ба қасди қатл ва сирқати амволи тоҷири рус аз манзили ӯ тапончаеро пайдо карда ва замони ворид шудани тоҷир ба манзилаш ба вай аз тапонча гулӯла шилик кардааст.
Вай ба қатли ин тоҷири рус ва муоъвинаш иқрор карда ва амволеро, ки ба сирқат бурда буд, ба кормандони интизомӣ таслим кардааст. Дар асноди парванда омада, ки тоҷири рус ба ин муҳоҷири тоҷик бамавқеъ дастмузд медод ва миёни онҳо ҳеҷ гуна ихтилофи назаре дар ин бора набуд.
Қонуни кайфарии Русия барои иртикоби қатл беш аз 15 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.
