Зуҳуров: 'Русия ба омӯзиши ҳирфаии муҳоҷирон кумак мекунад'
Image copyrightBBC World ServiceРаиси порлумони Тоҷикистон гуфт, ки ҷониби Русия омода аст дар омодасозии коргарони ботахассус ба Тоҷикистон кумак кунад.
Шукурҷон Зуҳуров, ки рӯзи ҷумъаи 20 июн ба ҳангоми баррасӣ ва тасвиби тарҳи ислоҳи Қонуни “Таҳсилоти ибтидоии касбӣ” дар иҷлоси Маҷлиси Намояндагон суҳбат мекард, гуфт, ки Русия дар садад аст ба беҳбуди вазъи молию фаннии литсейҳо ё омӯзишгоҳҳои фаннию ҳирфаии Тоҷикистон ва омӯзиши ҳирфаии муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар мусоъидат кунад.
Оқои Зуҳуров гуфт, ки дар ҷараёни дидори дурӯзааш аз Русия дар ҳафтаи ҷорӣ бо руасои маҷолиси улёю суфлои порлумон ва раҳбари Идораи муҳоҷирати Русия масоили марбут ба таъмини ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷики муқими Русия ва омӯзиши тахассусии муҳоҷирони кориро баррасӣ кардааст.
Ӯ гуфт, ки вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки ба далели надоштани тахассус корҳои ба истилоҳ “сиёҳ” ва камдаромадро иҷро мкунанд, барои давлати Тоҷикистон мавзӯъи дардноке маҳсуб мешавад.
Бар асоси тавофуқоти ахир миёни Русия ва Тоҷикистон, ки дар ҷараёни дидори расмии Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Маскав ба даст омадааст, корфармоёни рус омода шудаанд барои беҳбуд бахшидан ба вазъи молию фаннии омӯзишгоҳҳои фаннию ҳирфаии Тоҷикистон кумаки молӣ карда ва барои фориғуттаҳсилони онҳо дар Русия шуғл фароҳам кунанд.
Ҳамчунин, имкон дорад муҳоҷирони кории тоҷик, ки тахассус надоранд, дар давраҳои кӯтоҳмуддати 3 то 6-моҳаи омӯзишгоҳҳои фаннию ҳирфаии Русия соҳиби тахассусҳои барои ин кишвар зарурӣ шаванд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз қавли Константин Рамодоновский, раиси Идораи муҳоҷирати Русия, гуфт, ки омӯзишгоҳҳои фаннию ҳирфаии Тоҷикистон “ҷавобгӯйи замон набуда ва мутахассисони хуб омода намекунанд.”
Ӯ гуфт: “Соли гузашта ба ибтикори Константин Рамодоновский дар Тоҷикистон ба ҳайси таҷруба 100 нафар дар як омӯзишгоҳи фаннию ҳирфаӣ омӯзиш дода шуданд. То охири давраи омӯзиш 50 нафар фирор карданд. Аз ҷумлаи 50 нафар фориғуттаҳсил танҳо 10 нафар барои кор ба Русия рафта, танҳо як нафар бо забони русӣ суҳбат карда метавонист.”
Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки дар шароити рақобати шадид дар бозори кори Русия танҳо фарди мутахассис метавонад барои худ коре пайдо кунад ва иддаи зиёди муҳоҷирони кории тоҷик ба далели надоштани тахассуси зарурӣ аз ин кишвар ихроҷ мешаванд.
Бино ба иттилоъи манобеъи расмии Тоҷикистон, дар Русия ҳудуди 800 ҳазор тан аз муҳоҷирони тоҷик кор ва зинадгӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилоъи Идораи муҳоҷирати Русия теъдоди атбоъи тоҷик дар Русия як милюну 60 ҳазор нафар аст.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон нақши сармояҳои муҳоҷирони кориро дар иқтисоди Тоҷикистон бисёр муҳим хондаанд. Бино ба иттилоъи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар соли гузашта аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба ин кишвар беш аз 4 милёрд дулор сармоя ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли 2012 беш аз 20 сад бештар аст.
Гуфта мешавад, маболиғи интиқолӣ аз сӯйи муҳоҷирони кории тоҷик дар соли гузашта 47 дар сади тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистонро ташкил додааст.
Зимнан, дар моҳи октябри соли гузашта миёни идороти муҳоҷирати Русия ва Тоҷикистон дар бораи тамдиди муддати будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳудуди Русия прутукуле имзо шуд ва тибқи ин санад муддати иҷозаи кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз 1 сол то ба 3 сол тамдид шуд.
