Мулоқоти руасои порлумонҳои Тоҷикистону Туркия
Image copyrightBBC World ServiceРаиси порлумони Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш дар садад аст аз таҷрубаи Туркия дар заминаи баҳрабардорӣ аз захоири оби рудхонаҳои фаромарзӣ ва бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ истифода кунад.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 19 феврал зимни дидор бо Ҷамил Чичек, раиси Маҷлиси Бузурги Миллӣ ё порлумони Туркия гуфтааст, Тоҷикистон омода аст бо Туркия на танҳо дар содироти маҳсули панба, балки дар раванди кишт ва парвариши он низ ҳамкории танготанг дошта бошад.
Зимнан, дар бахши тиҷорат Туркия аз шарикони аслии Тоҷикистон маҳсуб шуда, бино ба гузориши Ожонси омори Тоҷикистон дар соли гузашта 35 дарсади колоҳои ин кишвар ба Туркия содир шудааст.
Ин дар ҳолест, ки мизони колоҳои содиротии Тоҷикистон ба Чин, дуюмин кишвари воридкунандаи колоҳои Тоҷикистон 14 дарсадро ташкил додааст.
Табодули коло миёни Тоҷикистону Туркия дар соли гузашта ҳудуди 600 милюн дулори омрикоӣ арзёбӣ шудааст, ки дар муқоиса ба нишондоди соли 2012 ба миқдори 96 милюн дулор бештар будааст.
Ҷамил Чичек, раиси порлумони Туркия, ба навбаи худ шомил шудани Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро як гоми муҳим дар роҳи тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Туркия ва Тоҷикистон арзёбӣ кардааст.
Оқои Чичек гуфтааст, миёни Тоҷикистон ва Туркия масоили мавриди баҳси сиёсӣ вуҷуд надошта, танҳо ин ду кишвар барои рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф бояд фазои қонунгузориро беҳтар кунанд.
Бино ба иттилоъи Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар ҷараёни дидори руасои порлумонҳои Тоҷикистон ва Туркия, ки дар ҳошияи Кунфаронси ҳамкориҳои исломӣ дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд, масоили амнияти минтақа, аз ҷумла, вазъияти амниятӣ дар Афғонистон низ баррасӣ шудааст.
Оқои Зуҳуров аз нақши Туркия дар бозсозии иқтисоди Афғонистон ситоиш карда ва пешниҳод кардааст, ширкатҳои туркӣ дар Афғонистон метавонанд намояндагиҳои худро дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистони Тоҷикистон, ки аз лиҳози амниятӣ амн ва ором мебошад, ифтитоҳ кунанд.
