Дидори Шукурҷон Зуҳуров бо Дабири кулли МПО
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Муҳаммад Ҳодӣ Наҷот Ҳусайниён, Дабири кулли Маҷмаъаи Порлумонии Осиё (МПО) дидор кардааст.
Шукурҷон Зуҳуров таҷрубаи ғании Маҷмаъаи Порлумонии Осиёро дар “фаъъолияти қонунофарии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон” муфид ва муассир арзёбӣ кардааст.
Бино ба хабари Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар ин мулоқот роҳҳои тавсеъаи ҳамкориҳо миёни порлумони Тоҷикистон ва МПО, фаъъол сохтани гурӯҳҳои дӯстии порлумонӣ, рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, энержӣ, сармоягузорӣ ва фарҳанг баррасӣ шудааст.
Зимнан дидори Шукурҷон Зуҳуров бо оқои Ҳусайниён рӯзи сешанбеи 18 феврал, дар ҳошияи Кунфаронси ҳамкориҳои исломӣ дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон анҷом шудааст.
Маҷмаъаи Порлумонии Осиё дар моҳи сентябри соли 1999 дар шаҳри Даккаи Бонгладеш ба манзури мусоъидат “ба таҳкими ваҳдат, сулҳ ва асосҳои бунёдии ҳамкориҳои минтақавӣ” таъсис шуда ва Тоҷикистон аз аъзои фаъъоли ин ниҳод маҳсуб мешавад.
Феълан 41 кишвари Осиё узви МПО буда ва 17 кишвари дигар, назири Озарбойҷон, Устролиё, Жопун, Уммон, Қатар ва мамолики дигар ба унвони кишварҳои нозир дар фаъъолияти ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ ширкат мекунанд.
