Дидори раиси порлумони Тоҷикистон аз Маскав

  • 16 Июн, 2014

Қарор аст, фардо, 17 июн, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо як дидори расмӣ озими Маскав, пойтахти Русия шавад.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти порлумони Тоҷикистон, сафари оқои Зуҳуров бар асоси даъвати Сергей Наришкин, раиси Думои давлатӣ ё маҷлиси суфлои порлумони Русия сурат гирифтааст.

Интизор меравад, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ин сафар дар канори Сергей Наришкин бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Маҷлиси Федерол ё Сено ва Константин Ромадоновский, раиси Идораи муҳоҷирати Русия дидор ва масоили мавриди баҳси тарафайн, аз ҷумла, мавзӯъи таъмини ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишварро баррасӣ кунад.

Ҳамчунин, дар назар аст, Шукурҷон Зуҳуров бо донишҷӯён ва устодони Донишкадаи давлатии заминсозии Маскав, ки ӯ фориғуттаҳсили ин донишкада аст, дидору гуфтугӯ кунад.