Зуҳуров: 'Ҳар куҷо дасти онҳо (САҲУ) буд, на оромӣ буд, на демукросӣ'
Image copyrightBBC World ServiceРаиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ки ба ҳангоми таҳияи қавонини марбут ба интихобот на усули Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо (САҲУ), балки арзишҳои миллӣ бояд ба назар гирифта шавад.
Шукурҷон Зуҳуров, ки рӯзи панҷшанбеи 24 апрел дар ҷараёни баррасии тарҳи ислоҳи Қонуни интихоботи порлумонии ин кишвар дар иҷлоси порлумон суҳбат мекард, гуфт: "Як камтар таҳлил кунем. Дар куҷое, ки дасти онҳо (ОБСЕ ё САҲУ) то охир буд, дар он ҷо ҳеч вақт на тинҷӣ буд, на оромӣ буд, на демократия."
Ин эроди оқои Зуҳуров ба дунболи таъкидҳои мукаррари намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар порлумон ба усул ва чорчӯбаи САҲУ барои баргузории интихоботи озоду демукротик дар Тоҷикистон садо дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳар кишвар ё миллат шароит, арзишҳо ва таърихи худро дорад, ки дар муддати 10 то 100 сол ташаккул меёбад.
Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт: "Барои ҳамин, биёд арзишҳои худамонро муъайян кунем ва бо роҳи демократӣ, ки рафта истодаем, қадам ба қадам коре кунем, ки ин таҳаммул шавад, яъне қабул шавад аз тарафи мардум."
Зимнан, интиқоди алании як мақоми аршади Тоҷикистон аз чунин як созмони бонуфузи байналмилалӣ камсобиқа будааст. Маъмулан, нозирони САҲУ аз наҳваи баргузории интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ дар Тоҷикистон интиқод карда ва онро ғайридемукротик ва ношаффоф арзёбӣ кардаанд.
Нозирони ин созмон, ки бар ҷараёни интихоботи риёсатиҷ умҳурии Тоҷикистон дар 6 ноябри соли 2013 назорат мекарданд, наҳваи баргузории ин интихоботро низ муғоёир бо мавозини байналмилалӣ хонда буданд.
Шокир Ҳакимов, коршиноси маҳаллӣ, далели "ҷасорати" Шукурҷон Зуҳуров дар интиқод аз як созмони бонуфузи байналмилалир, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, "ба бархӯрди манфиъатҳо ва эҳтимоли дубора интихоб нашудан ба мақомаш" марбут хонд.
Ба гуфтаи оқои Ҳакимов, дар соли ҷорӣ ваколати Маҷлиси Намояндагон ба поён расида ва дар авоили соли оянда дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ баргузор хоҳад шуд.
Ӯ гуфт, чун САҲУ аз давлатҳои худкома баргузории интихоботи воқеъан демукротик, озоду шаффофро тақозо мекунад, дар сурати пазируфта шудани тавсияҳои ин созмон ва тасвиби санади ҳуқуқӣ барои баргузории чунин интихобот шонси оқои Зуҳуров барои касби дубораи ин мақом камтар хоҳад шуд.
Зимнан, ба ҳангоми баррасии тарҳи пешниҳодии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) барои ислоҳи Қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ дар иҷлоси порлумон намояндагони аҳзоби наҳзати исломию кумунист аз пазируфта нашудани пешниҳодҳои калидии ин аҳзоб ибрози нороҳатӣ карданд.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, гуфт, ки пешниҳодҳои аслӣ дар бораи узвияти намояндагони аҳзоб дар кумисиюни марокизи (участка) раъйгирӣ, ширкати муҳоҷирон дар интихобот ва коҳиши ҷиддӣ ё лағви гаравпулӣ аз сӯйи порлумон рад шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Галия Рабиева, муъовини раиси Кумитеи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии Маҷлиси намояндагон, гуфт, ки аз 11 пешниҳоди намояндагони ҲНИТ барои ислоҳи Қонуни интихоботи порлумонӣ ду пешниҳод пазируфта шуда ва бақия ба далели "муғойир будан" бо Қонуни асосӣ ё махориҷи зиёд доштани иҷрои онҳо рад шудаанд.
Ба ин тартиб, дар иҷлоси имрӯзи порлумон, ки умдатан аз намояндагони ҳизби ҳокими халқи демукрот ибора аст, танҳо ду пешниҳод: бо худкори рангӣ хонапурӣ шудани прутукулҳои интихобот ва бозгардонда шудани гаравпулӣ ба номзадҳо ба ҳангоми касби 10 дарсад аз оро тасвиб шуд.
Зимнан, тарҳи дигаре низ барои ислоҳи Қонуни интихоботи порлумонии Тоҷикистон аз ҷониби Шодӣ Шабдолов ва Исмоъил Талбаков, намояндагони ҳизби кумунист дар порлумон, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол шудааст.
Шодӣ Шабдолов гуфт, ки узвияти намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар кумисиюнҳои марокизи раъйгирӣ (участкаҳои интихоботӣ) аз пешнҳодҳои калидӣ дар ин тарҳ маҳсуб мешавад.
Оқои Шабдолов ҳузури намояндагони аҳзобро дар ин кумисиюнҳо муҳим хонда ва гуфт, ки шумориши оро дар ин марокиз сурат мегирад ва “сарнавити интихобот низ дар ин ҷо ҳал мешавад.”
Се моҳ қабл, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи ислоҳи Қонуни интихоботи порлумонии ин кишварро, ки аз ҷониби Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитеи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони порлумон, пешниҳод шуда ва дар он коҳиши ду баробари гаравпулии интихобот пешбинӣ шуда буд, тасвиб кард.
