Дархости Зуҳуров аз кишварҳои исломӣ барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceРаиси порлумони Тоҷикистон аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ даъват кардааст, то дар тарҳҳои бузурги сармоягузории ин кишвар ширкат кунанд.
Шукурҷон Зуҳуров, ки рӯзи чаҳоршанбеи 19 феврал дар Кунферонси ҳамкориҳои исломӣ дар шаҳри Теҳрон суханронӣ мекард, бунёди хутути баландшиддати интиқоли барқ, роҳҳои оҳан, лӯлаҳои обрасонӣ ва нафту гозро аз ҷумлаи чунин тарҳҳо арзёбӣ кард.
Аз ҷумла, ба гуфтаи оқои Зуҳуров, дар сурати эҳдоси хатти интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон мавсум ба “CASA-1000” кишварҳои Осиёи Марказӣ дар фасли тобистон нерӯи барқи изофиро ба ду кишвари Осиёи Ҷанубӣ содир хоҳанд кард.
Зимнан, ҳазинаи тарҳи “CASA-1000” 1 милёрду 600 милюн дулор арзёбӣ шуда, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Тавсеъаи Осиёӣ ва Бонки Тавсеъаи Исломӣ омодагии худро барои сармоягузорӣ дар ин тарҳ иброз доштаанд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон захоири нерӯи барқи обии кишварро солиёна 527 милёрд кулвот/соъат арзёбӣ карда ва гуфтааст, ки феълан танҳо 3,2 дарсади ин захоир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар садад аст то соли 2020 солиёна ба миқдори 30 милёрд кулвот/соъат нерӯи барқи обӣ тавлид кунад, ки ниёзҳои ин кишварро ба нерӯи барқ комилан бароварда сохта ва бахше аз ин нерӯи барқ ба кишварҳои хориҷӣ содир хоҳад шуд.
Ҳамчунин, Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа дар мавриди бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, хатти лӯлаи оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба Эрон ва лӯлаи нафту гоз аз Эрон ба Тоҷикистон мувофиқатномаҳоеро имзо кардааст.
Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст: “Ин тарҳҳо ҷавобгӯи манфиъатҳои на танҳо кишварҳои иҷрокунандаи онҳо, балки дар маҷмӯъ, ба фоидаи кулли давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ мебошад ва итминон дорам, ки кишварҳои узви ин созмон дар ин замина кумаки худро ҷиҳати ба охир расондани тарҳҳои мазкур дареғ намедоранд.”
