Дидори руасои порлумонҳои Эрону Тоҷикистон

  • 17 Феврал, 2014
Руасои порлумонҳои Тоҷикистону ЭронImage copyrightBBC World Service
Image caption Руасои порлумонҳои Тоҷикистон ва Эрон дар шаҳри Теҳрон дидор карданд (Акс аз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон)

Руасои порлумонҳои Эрон ва Тоҷикистон хостори рушди ҳамкориҳои бештар, аз ҷумла, табодули ҳайъатҳои байнипорлумонӣ ва табодули таҷруба дар бахши таҳияи қонунҳо шудаанд.

Бино ба иттилоъи Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, субҳи рӯзи душанбеи 17 феврал, Шукурҷон Зуҳуров ва Алии Лориҷонӣ, руасои порлумонҳои Тоҷикистон ва Эрон дар шаҳри Теҳрон дидор ва масоили марбут ба тасвеъаи ҳамкориҳои байнипорлумонӣ ва бахшҳои мухталиф миёни ин ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Ин дидор дар ҳошияи Кунфаронси ҳамкориҳои исломӣ дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон баргузор шудааст.

Ҷонибҳо нақши Гурӯҳи дӯстӣ миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Эронро дар тавсеъаи ҳамкориҳои байнипорлумонӣ миёни ин ду кишвар муассир хондаанд.

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Тоҷикистонро аз шарикони аслӣ ва истротежики кишвараш дар Осиёи Марказӣ хонда ва гуфтааст, то ҳол миёни ин ду кишвар 150 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ имзо шудааст.

Ба гуфтаи оқои Султонов, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардааст, тасвиби Барномаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон роҳро барои рушди бештари ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, саноеъ, истихроҷи нафту гоз ва тиҷорат боз хоҳад кард.

Ҳамзамон, Шукурҷон Зуҳуров мушкили бозсозии тунели “Истиқлол”-ро, ки аз ҷониби ширкати “Собир”-и Эрон бунёд шуда ва ба тармиму бозсозии ҷиддӣ ниёз дорад, матраҳ кардааст.

Зимнан, мури сохтмонии тунели “Истиқлол”, ки шаҳри Душанберо ба манотиқи шимоли Тоҷикистон пайваст мекунад, дар соли 1998 бо кумаки молии Эрон шурӯъ шуда буд.

Дар моҳи майи соли 2003 миёни Тоҷикистону Эрон дар мавриди анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин пружа Ёддошти тафоҳум имзо шуд.

Барои иҷрои ин тарҳ 39 милюн дулор тахсис шуд, ки 21 милюн дулори онро кумаки билоивази Эрон ташкил додааст.

Бо вуҷуди ифтитоҳи тунели “Истиқлол” аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Эрон дар моҳи марти соли 2006 ин тунел ба таври комил фаъолият накарда ва борҳо тармиму бозсозӣ шуд.

Мушкили аслӣ ҷараёни шадиди об буд, ки аз зери фарши роҳ берун омада ва дохили тунелро ба ҳавзи об мубаддал карда буд. Ба ин далел корҳои мумфарш кардан ва насби таҷҳизоти рӯшноидиҳӣ дар дохили тунел номумкин шуд.

Феълан ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисодӣ ва энержӣ тавсеъа ёфта, Эрон дар заминаи бунёди роҳи оҳан ва интиқоли нафту гоз ва нерӯи барқ бо Тоҷикистон асноди ҳамкорӣ имзо кардааст.

Аз ҷумла, дар чорчӯби мувофиқатномаи соли 2005, дар рӯдхонаи Вахш, дар ҷануби Тоҷикистон, нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" бунёд шудааст. Дар ин тарҳ саҳми Эрон 180 милюн ва саҳми Тоҷикистон 40 милюн дулорро ташкил медиҳад.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ин кишвар ба ҷалби сармояи Эрон дар бахшҳои коркарди маҳсули олюминиюм, панба, чарм, пилла ва меваю сабзиҷот алоқаманд буда, барои сармоягузорон имтиёзҳои зиёде, назири муоф будан аз пардохти анвоъи мухталифи молиёт ва аворизи гумрукӣ пешбинӣ шудааст.

Матолиби муртабит