Дидори Раҳмон бо муъовини вазири хориҷаи Эрон
Image copyrightBBC World Service"Эрон дар иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба дунболи суди молӣ нест ва ин тарҳҳо танҳо барои кумак ба мардуми ин кишвар иҷро мешаванд."
Ин суханро Иброҳими Раҳимпур, муъовини вазири умури хориҷии Эрон пас аз дидораш бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 14 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, дар ҳузури хабарнигорон эрод кардааст.
Ба гуфтаи манобеъи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор ҷонибҳо масоили марбут ба муносиботи гуногунҷанба ва ҳамкориҳои судбахши ду кишварро баррасӣ кардаанд.
Зимни нишасте хабарӣ оқои Раҳимпур гуфтааст: "Душанбе ва Теҳрон тавофуқ кардаанд, ки Теҳрон базудӣ ба бозсозии тунели "Истиқлол" дар гарданаи Анзоб бипардозад."
Ҳамчунин оқои Раҳимпур бар он ишора кардааст, ки дар ифтитоҳи тунели "Истиқлол" тарафҳо ба шитобзадагӣ роҳ додаанд. Вай афзуда: "Дар ифтитоҳаш як миқдор аҷала шуда, дар идомаи он низ як масоили техникӣ низ шуд, ки бояд аз ду тараф маблағгузорӣ мешуд, то ҳал шавад. Инҳо хуб мудирият нашуд. Мо, албатта, дунболи айбҷӯӣ нестем, дунболи онем, ки мавриди истифодаи хуби мардум қарор гирад."
Манобеъи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин дидор ҷонибҳо ба роҳҳои рушду густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва иҷрои тарҳҳои муштараки ду кишвар дар бахшҳои гуногун таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.
Масоили марбут ба нерӯгоҳи обии "Сангтуда 2" низ, ки аз сӯи ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон бунёд шуда, вале ахиран фаъъолияташ маҳдуд шудааст, дар мулоқоти оқои Раҳимпур бо раиси ҷумҳурии ин кишвар матраҳ шудааст.
Оқои Раҳимпур гуфтааст: "Ба далели фаннӣ як муддати маҳдуде фаъъолияти ин нерӯгоҳ қатъ шуд ва муҷаддадан фаъъолияташро аз сар гирифта, ҳоло хонаҳои мардуми тоҷикро бо барқ равшан мекунад."
Дар идомаи суҳбати худ муъовини вазири умури хориҷии Эрон дар бораи фаъъолияти ширкатҳои Бобаки Занҷонӣ, тоҷири саршиноси эронӣ, дар Тоҷикистон низ ибрози назар кардааст.
Вай аз ҷумла гуфтааст, ки қазияи оқои Занҷонӣ ҳунӯз ниҳоӣ нашудааст ва бозпурсии афроди наздик ба ӯ ва ширкатҳояш идома дорад: "Дар ҳар манотиқе ки ин ширкатҳо бошанд, моли эронанд ва дар сурати зарурат Эрон онҳоро соҳибӣ хоҳад кард."
Сафари муъовини вазири хориҷаи Эрон ба Душанбе дар ҳолест, ки ахиран бархе аз таҳлилгарон дар бораи тира шудани равобити ин кишвар бо Тоҷикистон ибрози назар мекарданд. Оқои Раҳимпур низ ба вуҷуди мушкилоте дар равобити ду кишвар изъон кардааст.
Аммо вай афзудааст: "Бояд дар бораи мушкилот хештандор бошем ва ин дӯстии Эрону Тоҷикистон набояд ҳадафи тири бегонагон қарор бигирад. Мунтақидин агар дар ин бора сухане мегӯянд, бояд бидонанд, ки мо дар Тоҷикистон ба дунболи ҳеч суде нестем, танҳо ба дунболи равобити дӯстонаи ду кишварем."
Эрон аз сармоягузорони умда дар тарҳҳои бузурги иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ширкатҳои эронӣ дар бунёди тунели "Истиқлол", ки шимоли Тоҷикистонро бо марказ ва ҷануби ин кишвар мепайвандад, ва дар бунёди нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" саҳми умдае доштаанд.
