Асозода: Барои анҷоми кор дар тунели 'Истиқлол' худамон нерӯ дорем
Image copyrightBBC World ServiceВазорати нақлиёт ё таробарии Тоҷикистон мегӯяд, ки барои тармиму бозсозии тунели “Истиқлол” мутахассисони варзида ва васоили фаннӣ дар ихтиёр дорад.
Хайрулло Асозода, вазири таробарӣ, рӯзи панҷшанбеи 13 феврал дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: "Ба роҳбари давлати Тоҷикистон гуфтем, агар иҷоза шавад, мо ин корро худамон мекунем. Мо аз уҳдааш мебароем. Мо мутахассисони варзида ва техника (таҷҳизот) дорем."
Оқои Асозода аз ширкати "Собир"-и Эрон интиқод кард, ки ба ҳангоми бунёди ин тунел ба иштибоҳоти фаннӣ роҳ дода ва барои ислоҳи онҳо шитоб намекунад.
Ӯ гуфт: "Мо бо ширкати "Собир", намояндагони Вазорати нерӯи Эрон ва кафили сафорати Эрон гуфтугӯ кардем. Масъала гузоштем, ки ё хатоҳоро ислоҳ мекунед ё мо аз ҳамкорӣ бо шумо даст мекашем."
Вазири таробарии Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, ки дар ҷараёни дидори қарибулвуқӯъи вазири нерӯи Эрон аз Тоҷикистон ба масъалаи тунели "Истиқлол" "нуқта гузошта мешавад."
Ҳамзамон, мақомоти ин вазорат гуфтанд, ки то ҳол бо маблағи будҷеи Тоҷикистон барои нигаҳдории роҳҳо роҳсозони тоҷик конолҳои обпарто ва роҳи харобгаштаи дохили тунелро тармим кардаанд.
Тибқи иттилоъи Вазорати таробарии Тоҷикистон, феълан роҳи дохили тунел ҳамвор ва ҷараёни об масдуд шуда, системи рушноӣ комилан фаъъол шудааст.
Мақомоти ин вазорат гуфтанд, то соли оянда дар ҳамкорӣ бо ширкати “Собир”-и Эрон ё бо нерӯи худӣ тармиму бозсозии тунели “Истиқлол” анҷом хоҳад шуд.
Талоши мо барои суҳбат бо масъулони ширкати "Собир"-и Эрон дар Тоҷикистон ва намояндагони зидахли сафорати Эрон барои рӯшан кардани мавзеъашон дар мавриди тунели "Истиқлол" натиҷае надод.
Зимнан, сохтмони тунели “Истиқлол”, ки шаҳри Душанберо ба манотиқи шимоли Тоҷикистон пайваст мекунад, дар соли 1998 бо кумаки молии Эрон шурӯъ шуда буд.
Дар моҳи майи соли 2003 миёни Тоҷикистону Эрон дар мавриди анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин пруже як ёддошти тафоҳум имзо шуд. Барои иҷрои ин тарҳ 39 милюн дулор ихтисос дода шуд, ки 21 милюн дулори онро кумаки билоъивази Эрон ташкил медод.
Бо вуҷуди ифтитоҳи тунели "Истиқлол" аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Эрон дар моҳи марти соли 2006 ин тунел ба таври комил фаъъолият накарда ва борҳо тармиму бозсозӣ шудааст.
Мушкили аслӣ дар ин тунел ҷараёни шадиди об буд, ки аз зери фарши роҳ берун омада ва қитаъоте аз дохили тунелро ба ҳавзи об мубаддал карда буд. Ба ин далел, корҳои осфолтрезӣ ва насби таҷҳизоти рӯшноӣ дар дохили тунел то кунун иҷро нашудааст.
