Низом Ҳакимов: "Эрон таъаҳҳудоти худро барои тунели "Истиқлол" иҷро намекунад"

  • 29 Июл, 2013
Ҳакимов
Image caption Оқои Ҳакимов гуфт, ба далели иҷро нашудани таъаҳҳудоти ҷониби Эрон корҳои тармиму бозсозии тунели “Истиқлол” ба таъвиқ афтодааст

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ба далели иҷро нашудани таъаҳҳудоти ҷониби Эрон корҳои тармиму бозсозии тунели "Истиқлол" дар шимоли кишвар ба таъвиқ афтодааст.

Низом Ҳакимов, ки рӯзи душанбеи 29 июл, дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, тибқи ёддошти тафоҳум дар мавриди тармиму бозсозии тунели "Истиқлол”, ки 4 сентябри соли 2011 миёни Тоҷикистону Эрон имзо шуда буд, ҷонибҳо барои анҷоми ин кор бояд 6 милюн дулор тахсис медоданд.

Оқои Ҳакимов гуфт, давлати Тоҷикистон саҳми 3 милюндулории худро ба ҳисоби муштарак рехта, аммо Эрон то ҳол ба ин пружа ба миқдори 1 милюну 100 ҳазор дулор тахсис додааст.

Интизор мерафт, дар рӯзи 30 июни соли ҷорӣ як ҳайъати давлати Эрон вориди Душанбе шуда ва масоили марбут ба тунели "Истиқлол” ва барқро баррасӣ мекард. Вале ба далоили мухталиф ин ҳайъат ба Тоҷикистон наомадааст.

Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, мумкин аст дидори ин ҳайъат аз Тоҷикистон ба далели интихоботи раёстаи ҷумҳурӣ дар Эрон ва ташкили давлати ҷадид дар ин кишвар ба таъвиқ афтодааст.

Ба гуфтаи ӯ, қарор буд ширкати эронии "Собир” то моҳи майи соли ҷорӣ маводди зарурии сохтмониро омода карда ва дар се моҳи тобистон корҳои бозсозиро дар тунели "Истиқлол” ба поён мерасонд.

Дар назар буд, дар ин муддат ҳаракати васоили нақлия аз дохили тунел комилан мутаваққиф шуда ва убуру мурури утумубилҳо ба манотиқи шимол аз тариқи гардана ё ағбаи Анзоб сурат гирад.

Image caption Тунели "Истиқлол" ба бозсозӣ ниёз дорад

Масъулони Вазорати нақлиёт гуфтанд, бар асари борандагию ҷорӣ шудани сел бархе аз қисматҳои ин роҳ хароб шуда, аммо имкон дорад ин қисмати роҳ сареъан тармим шавад.

Маъмулан ин роҳ эҳтиётӣ маҳсуб шуда, дар сурати пеш омадани мушкил дар тунели "Истиқлол” ва танҳо дар фасли тобистон истифода хоҳад шуд. Дар пайи боридани барф ин роҳ масдуд мешавад.

Аммо корҳои бозсозӣ дар ин пружа ба таъвиқ афтода ва маълум нест, ки то чи замоне анҷом хоҳад шуд.

Аз ин лиҳоз, вазорати нақлиёти Тоҷикистон зимни як нома ба давлати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, дар мавриди тавофуқ бо ширкати "Собир”-и Эрон таҷдиди назар карда ва барои анҷоми корҳои бозсозӣ ширкатҳои ватанӣ даъват шаванд.

Гуфта мешавад, Бонки Тавсеъаи Осиё, Бонки Тавсеъаи Исломӣ ва Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Жопун мавсум ба "Ҷайка” омодагии худро барои тахсиси маболиғи зарурӣ барои анҷоми корҳои бозсозӣ дар тунели "Истиқлол” иброз доштаанд.

Талошҳо барои сӯҳбат бо масъулони ширкати "Собир”-и Эрон дар Тоҷикистон ва сафорати Эрон барои рӯшан кардани мавзеъяшон дар мавриди иддаъои мақомоти Вазоати нақлиёти Тоҷикистон натиҷае ба дар пай надошт.

Зимнан, тунели "Истиқлол”, ки ҷануби Тоҷикистонро ба манотиқи шимоли ин кишвар пайваст мекунад, дар соли 1998 бо кумаки молии Эрон шурӯъ шуда буд.

Дар моҳи майи соли 2003 миёни Тоҷикистону Эрон дар мавриди анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин пружа ёддошти тафоҳум имзо шуд.

Барои иҷрои ин тарҳ 39 милюн дулор тахсис шуд, ки 21 милюн дулори онро кумаки билоивази Эрон ташкил додааст.

Бо вуҷуди ифтитоҳи тунели "Истиқлол” аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Эрон дар моҳи марти соли 2006 ин тунел ба таври комил фаъолият накарда ва борҳо тармиму бозсозӣ шуд.

Мушкили аслӣ ҷараёни шадиди об буд, ки аз зери фарши роҳ берун омада ва дохили тунелро ба ҳавзи об мубаддал карда буд. Ба ин далел корҳои мумфарш кардан ва насби таҷҳизоти рӯшноидиҳӣ дар дохили тунел номумкин шуд.

Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки феълан як гурӯҳи 7 нафарии коргарони маҳаллӣ барои коҳиш додани ҷараёни об дар тунел фаъъолият мекунанд, вале ин тадбир мушкили тунели "Истиқлол”-ро ҳалл нахоҳад кард.

Матолиби муртабит