Ҳакимов: “Нақби “Истиқлол” иншооти сиёсӣ аст”

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, тарҳи тунели “Истиқлол” ҷанбаи сиёсӣ дошта ва аз равобити дӯстонаи Тоҷикистону Эрон маншаъ мегирад.
Низом Ҳакимов, ки рӯзи чоршанбеи 10 апрел, Ёддошти тафоҳуми иловагӣ миёни Тоҷикистону Эрон дар бораи бозсозии тунели “Истиқлол”-ро дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муъаррифӣ мекард, гуфт: “Хостем ширкати чиниро барои бозсозии нақби “Истиқлол” даъват кунем. Аммо аз сабаби он ки ин иншоот сиёсӣ буда, ду бор аз тарафи раисони ҷумҳурии Эрону Тоҷикистон ифтитоҳ шуда буду эрониҳо гуфтанд, ки “мо сар кардем худамон анҷом медиҳем” ин кор ба ӯҳдаи ширкати эронӣ вогузор шуд. Ҳамчунин, Эрон барои корҳои бозсозӣ қарз нею грант дод, Тоҷикистон розӣ шуд.”
Ёддошти тафоҳум бо Эрон дар 4 сентябри соли 2011 имзо шуда, маблағи умумии ин тарҳ 6 милюн дулорро ташкил додааст.
Қарор аст, ба ин манзур ҷониби Эрон 3 милюн дулори кумаки билоиваз ва давлати Тоҷикистон 3 милюн дулори дигар ихтисос диҳанд.
Ба гуфтаи оқои Ҳакимов, ширкати “Собир”-и Эрон корҳои тарроҳӣ ва бозсозиро ба ӯҳда дорад.
Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ба дарозо кашида шудани корҳои бозсозии тунели “Истиқлол” ибрози нигаронӣ карда ва пурсид, ки чи вақт ин тунел ба таври комил мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт?
Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки тибқи Ёддошти тафоҳуми иловагӣ миёни Тоҷикистону Эрон корҳои бозсозӣ дар тунели “Истиқлол” бояд 11 декабри соли гузашта анҷом мешуд, аммо ба далоили мухталиф то ҳол корҳои бозсозӣ дар ин пружа оғоз нашудааст.
Ӯ гуфт, интизор меравад дар моҳи ҷорӣ як ҳайъат ба раҳбарии оқои Забеҳӣ, муъовини аввали вазири нерӯи Эрон вориди Тоҷикистон шавад ва бо ҳайъати эронӣ мавзӯъи ширкати “Собир” матраҳ хоҳад шуд. Агар ин ширкат хуб кор накунад барои анҷоми корҳои бозсозии тунели “Истиқлол” ширкати дигар даъват хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз намояндагони порлумон ин суолро матраҳ карданд, ки чаро ширкати "Innovative Road Solutions”(IRS), ки ба ҷамъоварии пул дар ин масир машғул буда ва ба ин ҳисоб суди ҳангуфте ба даст меорад, дар бозсозии тунели “Истиқлол” саҳм намегирад?
Низом Ҳакимов гуфт, тибқи мувофиқатномаи миёни давлати Тоҷикистон ва ширкати "Innovative Road Solutions”, ки онро порлумони ин кишвар тасвиб кардааст, танҳо дар сурати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани тунел ин ширкат тармими ҷузъӣ ва нигаҳдории онро ба ӯҳда хоҳад гирифт.
Оқои Ҳакимов гуфт, феълан ин ширкат барои нигаҳдории роҳи масири Душанбе-Хуҷанд, аз ҷумла, тармим ва аз сангрезаҳою тарма ё баҳман поксозии роҳ техника ва васоили мудерни фаннӣ харидорӣ кардааст.
Зимнан, тунели “Истиқлол”, ки шаҳри Душанберо ба манотиқи шимоли Тоҷикистон пайваст мекунад, дар соли 1998 бо кумаки молии Эрон шурӯъ шуда буд.
Дар моҳи майи соли 2003 миёни Тоҷикистону Эрон дар мавриди анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин пружа Ёддошти тафоҳум имзо шуд.
Барои иҷрои ин тарҳ 39 милюн дулор тахсис шуд, ки 21 милюн дулори онро кумаки билоивази Эрон ташкил додааст.
Бо вуҷуди ифтитоҳи тунели “Истиқлол” аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Эрон дар моҳи марти соли 2006 ин тунел ба таври комил фаъолият накарда ва борҳо тармиму бозсозӣ шуд.
Мушкили аслӣ ҷараёни шадиди об буд, ки аз зери фарши роҳ берун омада ва дохили тунелро ба ҳавзи об мубаддал карда буд. Ба ин далел корҳои мумфарш кардан ва насби таҷҳизоти рӯшноидиҳӣ дар дохили тунел номумкин шуд.
Гуфта мешавад, пас аз поёни корҳои бозсозӣ ва мумфарш шудани тунел таҷҳизоти ҳаводиҳӣ ва рӯшноидиҳӣ насб хоҳад шуд.
Таъкид шуд, ки дар Ёддошти тафоҳуми иловагӣ миёни Тоҷикистону Эрон барои анҷоми ин корҳо ҳазинае пешбинӣ нашуда ва дар назар аст, ба ҳисоби маболиғи нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”, ки бо сармояи Эрон бунёд мешавад, барои иҷрои ин корҳо ҳазинаи зарурӣ тахсис шавад.
Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки феълан ҷараёни об дар тунел ба маротиб коҳиш ёфта ва дар назар аст, дар моҳи оянда корҳои бозсозӣ дар тунели “Истиқлол” шурӯъ шавад.
Аз ин лиҳоз, ба муддати се моҳ, яъне, аз моҳи июн то сентябри соли ҷорӣ рафтуомади васоили нақлия аз тариқи ин тунел мутаваққиф шуда ва ҳаракати нақлиёт чун солҳои қаблӣ тавассути ағба ё гардани Анзоб сурат хоҳад гирифт.
