Ифтитоҳи тунели "Чормағзак" дар масири Душанбе-Кӯлоб

Субҳи рӯзи сешанбеи якуми октябр тунели "Чормағзак" дар масири Душанбе-Кӯлоб фаъъол шуд.
Дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин тунел Президент Раҳмон ширкат карда ва худравҳои раёсати ҷумҳурӣ нахуст аз ин тунел убур карданд.
Тибқи иттилоъи маркази матбӯъотии дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз кори дафтари кории ин тунел дидан карда ва ба шароити фаннии ташкили низоми кори ин тунел "баҳои баланд дод."
Тибқи иттилоъи ин манбаъ, ҳаракати васоили нақлия дар ин тунел, ки ҳудуди 4,5 килуметр тӯл дорад, ба ду самт роҳандозӣ шуда ва тавассути дурбинҳо назорат мешавад.
Системи рӯшноӣ ва поксозии ҳаво дар дохили тунели "Чормағзак" тавассути компютерҳо танзим мешавад. Сохтмони ин тунелро ширкати чинии "China Road" анҷом додааст.
Гуфта мешавад, ки баъд аз мавриди истифода қарор додани ин тунел тӯли масири Душанбе-Кӯлоб дар муқоиса бо роҳи Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ҳудуди 100 километр коҳиш ёфтааст.
Сохтмони ин тунел дар чорчӯби бозсозии ҷоддаи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара анҷом шудааст. Барои иҷрои ин тарҳ ва сохтмони тунели "Чормағзак" 630 милюн сомонӣ ё муъодили 143 милюн дулор масраф шудааст.
Зимнан, тунели "Чормағзак" дар масире воқеъ аст, ки пойтахти Тоҷикистонро бо маркази вилояти Бадахшон ва сипас бо Чин муттасил мекунад. Соҳибназарон мегӯянд, ки то чанд соли дигар миёни кишварҳои минтақа ҳамлу нақли миқдори зиёди коло тавассути ин масир сурат мегирад.
Сохтмони ин тунел ба табдили роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-марзи Чин ба як ҷоддаи тронзитӣ мусоъидат хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар фасли сармо дар бархе рӯзҳо фаъъолияти гарданаи "Чормағзак" мутаваққиф шуда ва ҳамасола мавориди зиёди сонеҳаҳои роҳ дар он ҷо мушоҳида мешуд.
Мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтани тунели "Чормағзак" ҳамакнун имкон медиҳад, ки ҳаракати васоили нақлия бидуни мушкил тӯли сол роҳандозӣ шуда маболиғи зиёде сарфа шавад.
Тайи чанд соли ахир давлати Тоҷикистон барои раҳоӣ аз бунбасти иртиботӣ талошҳое анҷом дода ва сохтмони чанд тунелро анҷом додааст.
Аз ҷумла, бо мусоъидати давлатҳои Чин ва Эрон дар масири Душанбе-Хуҷанд, ки пойтахт ва шимоли Тоҷикистонро ба ҳам муттасил мекунад, ду тенели "Истиқлол" ва "Шаҳристон" сохта ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Масъулини роҳу таробарии Тоҷикистон иддаъо доранд, ки дар сададанд ба сохтмони чанд тунели дигар дар шарқи кишвар иқдом кунанд.
