Тавсеъаи ҳамкориҳои Эрон бо Тоҷикистон

  • 13 Май, 2013
Эрону Тоҷикистон
Image caption Ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар ҳоли тавсеъа гузориш шудааст

Мақомоти Эрону Тоҷикистон зимни як дидор хостори тавсеъаи бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманд, бахусус, дар бахши тиҷорат миёни ин ду кишвар шудаанд.

Бино ба иттилоъи хабаргузории "Форс"-и Эрон, ду рӯзе қабл, мақомоти утоқҳои бозаргонии Эрон ва Тоҷикистон дар шаҳри Қазвин, дар шимоли Эрон дидор ва мавзӯъи густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни вилояти Қазвин ва Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Алиризо Кишоварз Қосимӣ, раиси Утоқи бозаргонӣ, санъатӣ, маъдан ва кишоварзии вилояти Қазвин гуфтааст, тоҷирони қазвинӣ омодаанд бо ҳамтоёни тоҷики худ ҳамкориҳои тиҷоратиро густариш диҳанд.

Оқои Қосимӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст: "Вилояти Қазвин метавонад маҳсулоти санъатӣ ва кишоварзиро ба Тоҷикистон содир кунад ва ин фурсати хубе барои тавсеъаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Тоҷикистон хоҳад буд."

Бар асари талошҳои пайгиронаи сарони Эрон ва Тоҷикистон ҳамкориҳо миёни ин ду кишвар дар бахшҳои мухталиф дар ҳоли тавсеъа гузориш шудааст.

Зимнан, дидори ахири Маҳмуд Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон, руасои ҷумҳурии Эрону Тоҷикистон дар пойтахти Кувайт дар моҳи октябри соли гузашта мунҷар ба тавсеъаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба шудааст.

Дар ин дидор, ки дар ҳошияи ҳамоиши 1-уми сарони кишварҳои узви созмони Гуфтугӯи Ҳамкориҳои Осиё дар Кувайт анҷом шуда буд, руасои ҷумҳурии Эрону Тоҷикистон рӯйи тавсеъа ва дурнамои ҳамкориҳои миёни ин ду кишвар таъкид доштанд.

Дар ҷаласаи 9-уми Кумисиюни муштараки Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрон дар моҳи майи соли гузашта низ дар бахшҳои энержӣ, иқтисодӣ, беҳдошт, бунёди нерӯгоҳҳои обӣ ва таробарӣ 5 санади ҳамкорӣ имзо шуда буд.

Феълан ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисодӣ ва энержӣ тавсеъа ёфта, Эрон дар заминаи бунёди роҳи оҳан ва интиқоли нафту гоз ва нерӯи барқ бо Тоҷикистон асноди ҳамкорӣ имзо кардааст.

Аз ҷумла, дар чорчӯби мувофиқатномаи соли 2005, дар рӯдхонаи Вахш, дар ҷануби Тоҷикистон, нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" бунёд шудааст. Дар ин тарҳ саҳми Эрон 180 милюн ва саҳми Тоҷикистон 40 милюн дулорро ташкил медиҳад.

Эрон, ки ба далели адами худдорӣ аз қатъи ғанисозии урониюм дар чаҳор чӯби барномаҳои ҳастаияш мавриди таҳрими Омрико ва муттаҳидони ғарбиаш қарор гирифтааст, бо ҳамкориҳои иқтисодӣ бо давлатҳои назири Тоҷикистон талош карда нишон бидиҳад, ки ин таҳримҳо онро дар инзиво қарор надодаанд. Омрико борҳо ба мақомоти Тоҷикистон аз аз ҳамкории онҳо бо Эрон изҳори норизоятӣ кардааст.