Кордори Эрон: 'Қазияи Занҷонӣ ҳеҷ таъсире дар равобит бо Тоҷикистон надорад'
Image copyrightBBC World ServiceКордори сафорати Эрон дар Тоҷикистон гуфтаст, ки қазияи Бобаки Занҷонӣ дар муносиботи ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон таъсири манфӣ нахоҳад гузошт.
Сайидмаҳмуди Садрӣ рӯзи сешанбеи 28 январ дар як нишасти матбӯъотӣ дар шаҳри Душанбе гуфта, ки додгоҳ дар Эрон машғули расидагӣ ба қазияи оқои Занҷонӣ аст.
Вале вай афзудааст, ҳар он чизе ки ҳоло дар расонаҳо дар мавриди Бобаки Занҷонӣ матраҳ мешавад, “ҳадсу гумон” аст.
Бархе аз расонаҳои ширкаткунанда дар ин нишасти матбӯъотӣ аз қавли оқои Садрӣ овардаанд: "Занҷонӣ ҳеч нуктае манфӣ бар муносибати Эрон бо Тоҷикистон надорад. Эшон ба унвони як тоҷир, мисли онҳое, ки дар Тоҷикистону Эрон фаъъолият мекунанд, фаъъолият доштааст."
Ҳамчунин оқои Садрӣ афзудааст: "Дар робита ба оқои Занҷонӣ масоиле матраҳ аст. Хеле аз шоеъоте дар расонаҳо матраҳ мешаванд. Занҷонӣ ҳоло дар Эрон даргири масоили қазоӣ аст ва додгоҳҳои мо ба он расидагӣ мекунанд. Он чизе ки ҳоло атрофи Занҷонӣ матраҳ мешавад, ин ҳадсу гумон аст. Ман наметавонам он ҳама масоилро таъйид ва ё рад кунам."
Оқои Садрӣ ҳамчунин дар посух ба суолоти хабарнигорон дар мавриди таъйини сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки базудӣ як фарди масъул барои фаъъолият дар Тоҷикистон аз Эрон эъзом хоҳад шуд, аммо мушаххасан аз касе ном набурдааст.
Вай ҳамчунин гуфта, ки Алиасғари Шеърдӯст, сафири қаблии Эрон дар Тоҷикистон, дар кишвараш машғули фаъъолиятҳои дигарест. Вай гуфта, ки масъалаи сафир низ бо қазияи Бобаки Занҷонӣ ҳеҷ рабте надорад.
Ин нахустн бор аст, ки масъулони сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо гузашти як моҳ аз оғози қазияи оқои Занҷонӣ дар мавриди он изҳори назар мекунанд.
Дар авохири соли гузашта намояндагони маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар мавриди ироаи санади тақаллубӣ аз сӯйи оқои Занҷонӣ дар робита бо интиқоли 2 милёрд дулор ба вазорати нафти Эрон хабар доданд.
Ҳамчунин онҳо афзуданд, ки гувоҳие, ки ин тоҷири эронӣ дар мавриди интиқоли пул ироа карда, зоҳиран аз номи Бонки миллии Тоҷикистон аст.
Вале масъулони ин бонк ин иттилоъро такзиб карданд ва гуфтанд, ки ҳеҷ гуна санадеро дар мавриди интиқоли сармоя дар ихтиёри оқои Занҷонӣ нагузоштаанд.
Аммо дар пайи ин иттиҳомоти ворида ва иттиҳомоти дигар алайҳи оқои Занҷонӣ вай дар авоили соли ҷорӣ дар Эрон боздошт шуд.
Бобаки Занҷонӣ яке аз сармоягузорони аршади эронӣ дар Тоҷикистон буд.
Вай молики беш аз 60 ширкат дар кишварҳои мухталиф аст ва ширкатҳои "Конт косметик" дар Туркия, бонки сармоягузории " "Kont Investment" дар Тоҷикистон, муассисаи молии Эс-си-тӣ дар Дубай ва ширкати нафтии Ой-эс-у дар Молезӣ ба ӯ таъаллуқ доранд.
