Сояи қазияи Занҷонӣ бар ҷавви сармоягузорӣ дар Тоҷикистон
Image copyrightasianews.irБоздошти Бобаки Занҷонӣ, тоҷир ва сармоядори эронӣ, ба занни ихтилоси молӣ, ки аз сармоягузорони умда дар иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешуд, бар шаффофияти раванди сармоягузорӣ дар ин кишвар соя андохтааст.
Гуфта мешавад гурӯҳи ширкатҳои "Конт Ҳолдинг", мутаъаллиқ ба ӯ, ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи як милёрду 200 милюн сомонӣ ё беш аз 250 милюн дулор сармояи мустақим ворид кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди иқтисоддонҳои мустақил, бахши аъзами сармояи хориҷии воридшуда ба Тоҷикистонро бидеҳиҳо ташкил медиҳад ва мизони сармояи мустақими хориҷӣ ночиз аст.
Баҳром Шарифов, иқтисоддони маҳаллӣ, мегӯяд 90 дарсади сармояе, ки дар 10 соли ахир ба Тоҷикистон сарозер шуда, иборат аз вомҳои дарозмуддати Чин, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Тавсеъаи Осиёӣ, Бонки Тавсеъаи Исломӣ ва Бонки Тавсеъа ва Таҷдиди Урупо аст.
Ба эътиқоди вай, ин вазъият барои иқтисоди Тоҷикистон хатарзо буда, дар сурати номусоъид шудани шароити макроиқтисодӣ ё иқтисоди калон дар Тоҷикистон мумкин аст ин маболиғ бозпас ба хориҷа равад.
Оқои Шарифов мегӯяд, ки бо вуҷуди талошҳои давлати Тоҷикистон барои беҳбуд бахшидан ба фазои сармоягузорӣ ҳанӯз ҳам мизони сармояи мустақими хориҷӣ дар ин кишвар андак аст.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, шояд ба ҳамин далел мақомоти Тоҷикистон аз ҷалби сармояҳои машкуки хориҷӣ ба иқтисоди ин кишвар парҳез накардаанд.
Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот, аз аҳзоби умдаи мухолифи давлат, мегӯяд мақомоти Тоҷикистон медонистанд, ки дар соли 2012 Иттиҳодияи Урупо ва Вазорати дороии Омрико ба иттиҳоми даст доштан дар пулшӯйӣ ширкатҳои Бобаки Занҷонӣ, тоҷири эрониро, таҳрим карда буданд.
Оқои Зойиров гуфт: "Агар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар бахши сармоягузорӣ тоза кор карда метавонистанд, мизони иқтисоди соя аз иқтисоди воқеъӣ дар ин кишвар бештар намешуд."
Ба эътиқоди ӯ, дар сурати собит шудани иртиботи мақомоти Тоҷикистон бо қазияи Бобаки Занҷонӣ ин амр ба ваҷҳаи байналмилалии ин кишвар осеби ҷиддӣ хоҳад зад ва мумкин аст дар мавзеъгирии Омрикою Иттиҳодияи Урупо дар қиболи Тоҷикистон асар гузорад.
Зимнан, бо вуҷуди таҳримҳо, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳи марти соли гузашта дар маросими ифтитоҳи терминоли (автовокзали) шаҳри Душанбе, ки бо сармояи 140 милюн сомонӣ ё ҳудуди 30 милюн дулори омрикоӣ тармиму бозсозӣ шуд, ширкат дошт.
Ҳарчанд он замон оқои Раҳмон аз афроди мушаххасе, ки дар бозсозии ин терминол саҳм доштанд, ном набурд, вале таъкид кард, ки мубтакири аслии ин тарҳ ширкати хусусии “Конт Ҳолдинг-Тоҷикистон” аст. Бобаки Занҷонӣ низ дар ин маросим дар канори оқои Раҳмон ҳузур дошт.
Торнамои “Eurasianet”, ки бештар ба таҳлили масоили сиёсию иҷтимоъӣ дар минтақа мепардозад, дар ин бора навишт: "Қазияи Бобаки Занҷонӣ мумкин аст барои раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дардисарсоз бошад. Тасовир ва видеуҳое аз ҳузури оқои Занҷонӣ дар канори Эмомалӣ Раҳмон ба ҳангоми ифтитоҳи терминоли мусофирбарӣ бар рӯйи шабакаҳои иҷтимоъӣ қарор гирифтааст."
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи Бонки миллии Тоҷикистон, дар пайи эъмоли таҳримҳои Вазорати дороии Омрико алайҳи сармоя ва ширкатҳои оқои Занҷонӣ фаъъолияти бонки сармоягузории “Конт”, ки гуфта мешавад ба ин тоҷири эронӣ мутаъаллиқ аст, маҳдуд шудааст.
Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯйи Бонки Миллӣ, мегӯяд, ки аз ҷумла, аз моҳи марти соли гузашта бонки “Конт” аз ҳаққи боз кардани бахшҳои худ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон маҳрум шуда ва ниҳодҳои молии ин кишвар муваззаф шудаанд, ки аз ҳама гуна муъомилаи молӣ бо ин бонк худдорӣ кунанд.
Ба гуфтаи оқои Қурбонов, маҳдудиятҳо дар фаъъолияти бонки сармоягузории “Конт” то замони поёни таҳримҳои Омрико боқӣ хоҳад монд.
Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси масоили сиёсӣ, муътақид аст, ки ин маҳдудиятҳо ба дунболи эъломи таҳримҳо алайҳи Бобаки Занҷонӣ ва фишорҳои Вазорати дороии Омрико ва Иттиҳодияи Урупо бар мақомоти Тоҷикистон эъмол шудааст.
Оқои Ҳакимов мегӯяд, ки аз қабл мақомоти тоҷик дар бораи эъмоли таҳримҳо алайҳи ширкатҳои Бобаки Занҷонӣ огоҳӣ ёфта буданд, вале ба далели вуруди сармояи бузурги мустақими ӯ ба иқтисоди Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ накардаанд.
Ӯ баъид намедонад, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки бахши қобили таваҷҷуҳе аз дороиҳои Бобаки Занҷонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон воқеъ аст, мумкин аст ин дороиҳо ба нафъи Тоҷикистон мусодира шавад.
Гуфта мешавад, бонки сармоягузории "Конт", ширкатҳои "Конт Ҳолдинг" ва "Осиё Экспресс" аз ҷониби Бобаки Занҷонӣ таъсис шудаанд, вале баъдан ӯ саҳоми худро ба афроди дигар фурӯхтааст.
Зимнан, дар сойти "Конт Ҳолдинг" омадааст, ки гурӯҳи ширкатҳои "Конт Ҳолдинг" дар моҳи феврали соли 2012 таъсис шуда ва ба он ширкатҳои "Asian Express Airline", "Asian Express Terminal", "Kont Bank", "Kont Building", "Kont Electronic", "Kont Tourism" ва "Kont Trading" шомил ҳастанд.
Тибқи иттилоъи ин манбаъ, Рустам Саидов мудири кулли гурӯҳи ширкатҳои "Конт Ҳолдинг" маҳсуб мешавад.
Ба эътиқоди коршиносон, дар ин қазия нукоти норӯшан зиёд буда ва ба тавзеҳоти бештаре ниёз дорад. Масалан, чаро санади интиқоли 2 милёрд юруи Бобаки Занҷонӣ тавассути Бонки миллии Тоҷикистон ба Эрон, ки мақомоти ҳарду кишвар онро ҷаълӣ хондаанд, барои таҳқиқ ба ҷониби Тоҷикистон ироа нашудааст?
Интизор меравад дар ҷараёни аудит ё бозрасии фаъъолияти соли гузаштаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки қарор аст ояндаи наздик шурӯъ шавад, ба бештари суолот посух пайдо шавад.
Аммо бо таваҷҷуҳ таҷрубаи талхи Бонки миллии Тоҷикистон дар авосити даҳаи 2000, ки ба Сандуқи Байналмилалии Пул дар бораи захоири арзию тилои кишвар иттилоъи нодуруст дода буд, коршиносон имкони рӯи об баромадани бархе асрори номатлубро баъид намедонанд.
Аз сӯйи дигар, бархе аз коршиносон мегӯянд, дар ҳоле ки таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон эъмол шуда ва интиқоли ҳама гуна маболиғ ба Эрон аз ҷониби ниҳодҳои вижаи молии Омрико назорат мешавад, ба таври махфӣ мунтақил кардани маблағи 2 милёрд дулор аз Тоҷикистон ба Эрон душвор аст.
Ин коршиносон гуфтаанд, ки то ҳол бонкҳои Тоҷикистон дар интиқоли маболиғи даромад аз фурӯши нерӯи барқи "Сангтӯда-2" ва баҳраи вомҳои Эрон ба он кишвар мушкил доштаанд.
