Бонки миллӣ ироаи гувоҳии интиқоли пул барои Занҷониро такзиб кард

Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон ироаи санаде дар мавриди интиқоли ду милёрд дуллор ба вазорати нафти Эрон барои Бобаки Занҷониро такзиб кардаанд.
Ҳамчунин ба гуфтаи онҳо, чунин маблағе аз тариқи ин бонк ба Эрон интиқол наёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки Саиди Ҳайдарӣ, намояндаи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар сӯҳбат бо хабаргузории "Форс” гуфтааст, ки санаде, ки ин тоҷири эронӣ дар робита ба интиқоли 2 милёрд дулор ба вазорати нафти Эрон ироа додааст, тақаллубӣ будааст.
Ҳамчунин оқои Ҳайдарӣ, афзудааст, ки гувоҳии ироакардаи оқои Занҷонӣ ба маҷлис зоҳиран аз номи Бонки миллии Тоҷикистон будааст.
Аммо Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯйи бонки миллӣ, рӯзи душанбеи 30 декабр ба Би-би-сӣ гуфт: "Ниҳоди мо ҳеҷ гуна гувоҳиро (спавка) дар мавриди интиқоли 2 милёрд дулор дар ихтиёри Бобаки Занҷонӣ нагузоштааст. Ва агар санади тақаллубие дар ин маврид бошад, бонки мо ба он ҳеҷ дахле надорад."
Оқои Қурбонов мегӯяд, ки хабарҳо дар ин мавридро онҳо аз расонаҳо шунидаанд.
Ин дар ҳолест, ки Бежани Зангина, вазири нафти Эрон ба хабарнигорон гуфтааст, ки Бобаки Занҷонӣ ду милён дуллор пул аз ҳосили фурӯши нафтро ба ҳисобҳои Эрон ворид накардааст.
Аммо оқои Занҷонӣ иттиҳоми ворез накардани ду милиёрд дулор пули нафт ба ҳисобҳои Эронро рад кардааст. Вай бо интишори видиюе дар интернет гуфтааст, ки пули нафт ба хотири таҳримҳо дар як бонке дар Молезӣ гир кардааст.
Ба гуфтаи Бобаки Занҷонӣ, ӯ молики бештар аз 60 ширкат дар кишварҳои мухталиф аст ва ширкатҳои "Кант касметик" дар Туркия, бонки сармоягузории " "Kont Investment", дар Тоҷикистон, муассисаи молии Эс-си-тӣ дар Дубай ва ширкати нафтии Ой-эс-у дар Молезӣ ба ӯ таъаллуқ дорад. Оқои Занҷонӣ тоҷири эронӣ аст, ки дар муъомилоти нафтии Эрон дахил будааст.
Вале масъулони Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз гуфтаанд, ки бонки мавсум ба "Kont Investment", низ аз як соли қабл моликияти як тоҷири туркӣ будааст.
Абдуғаффор Қурбонов мегӯяд, ки Бобаки Занҷонӣ, саҳмияҳои ин бонкро дар авоили соли ҷорӣ ба як тоҷири туркӣ фурӯхтааст.
Дар баҳори соли ҷорӣ Вазорати дороии Омрико, эълом карда буд, ки сармояҳои шабакаи бонкҳои марбут ба Бобак Занҷониро ба иттиҳоми давр задани таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон блук кардааст.
Он замон масъулони ин вазорат бо пахши иттилоъияе хабар дода буданд, ки Бобак Муртазо Занҷонӣ, тоҷири эронӣ, Бонки Аввали Сармоягузории Исломии Байналмилалӣ (FIIB) мустақар дар Молезӣ ва шабакае аз ширкатҳои байналмилалӣ ба феҳристи таҳримҳои Омрико изофа шудаанд.
Омрико Бобаки Занҷонӣ ва муассисаҳои муртабит бо ӯро ба пулшӯӣ барои давр задани таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон муттаҳам карда буд.
