Қазияи Занҷонӣ ва аз фаъъолият бозмондани Саристгоҳи Душанбе

Терминоли утубусҳои шаҳри Душанбе тайи ду ҳафтаи ахир аз фаъъолият бозмонда ва ҳамаи утубусҳои ширкати "Asian Express" ба маҳалли дигар мунтақил шудаанд.
Як масъули бахши иттилоъоти ин ширкат, ки терминол ба он мутаъаллиқ аст, рӯзи панҷшанбеи 2 январ ба Би-би-сӣ гуфт: "Ба далели мутобиқ набудан бо ҳавои сарди Тоҷикистон то гарм шудани ҳаво ин утубусҳо кор намекунанд."
Далери Абдулло, сухангӯйи гурӯҳи ширкатҳои "Конт Ҳолдинг", муассиси ширкати "Asian Express", хабари аз фаъъолият бозмондани терминоли мусофирбарии Душанберо таъйид кард ва гуфт, ки куллияи утубусҳо ва токсиҳои ин ширкат аз ин ҷо ба маҳалли дигар интиқол дода шудаанд.
Оқои Абдулло далели ин амрро ба таъсиси ширкати ҷадиди "Осиё Экспресс Транспорт" марбут хонд, ки феълан мақарраш дар наздикии сохтмони Намоишгоҳи Дастовардҳои Иқтисодии пешин дар шаҳри Душанбе воқеъ буда ва утубусу токсиҳои ин ширкат низ дар ҳамин ҷо нигаҳдорӣ мешаванд.
Афзун бар ин, ширкат 100 адад аз худравҳои "КИА-Оптима" аз Куреи Ҷанубӣ ворид кардааст, ки дар ҳафтаҳои оянда ҳамчун токсӣ дар хиёбонҳои Душанбе мавриди истифода қарор мегиранд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло утубусҳои ин ширкат, ки сохти ширкати олмонии "Манн" ҳастанд, аз ҷониби мутахассисони олмонӣ муъоинаи фаннӣ шуда ва чархҳои онҳо "бо шароити сармои Тоҷикистон мутобиқ" карда мешаванд.
Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳо токсиҳои ширкати "Осиё Экспресс Транспорт" дар шаҳри Душанбе фаъъолият карда ва дар рӯзҳои наздик утубусҳои ширкат низ фаъъол хоҳанд шуд.
Ҳамзамон, масъулони гурӯҳи ширкатҳои "Конт Ҳолдинг" таъкид карданд, ки мутаваққиф шудани ҳаракати утубусҳои ин ширкат ба боздошти Бобаки Занҷонӣ, тоҷири саршиноси эронӣ, рабте надорад. Оқои Занҷонӣ 30 декабр "бо таваҷҷуҳ ба масоил ва иттиҳомоти ворида дар ҳафтаҳои ахир" дар Эрон боздошт шуд.
Ин манобеъ гуфтанд, ки воқеъан бонки сармоягузории "Конт", ширкати "Ҳолдинг КонтГруп Тоҷикистон" ва "Осиё Экспресс" аз ҷониби Бобаки Занҷонӣ таъсис шудаанд, вале баъдан ӯ саҳоми худро ба афроди дигар фурӯхтааст.
Зимнан, дар сойти "kontholding.tj" омадааст, гурӯҳи ширкатҳои "Конт Ҳолдинг" дар моҳи феврали соли 2012 таъсис шуда ва ба он ширкатҳои "Asian Express Airline", "Asian Express Terminal", "Kont Bank", "Kont Building", "Kont Electronic", "Kont Tourism" ва "Kont Trading" шомил ҳастанд.
Тибқи иттилоъи ин манбаъ, Рустам Саидов, раиси кулли гурӯҳи ширкатҳои "Конт Ҳолдинг" маҳсуб мешавад.
Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯйи Бонки миллии Тоҷикистон, низ хабарҳои мабнӣ бар бозпас гирифтани муҷаввизи кори бонки сармоягузории "Конт"-ро такзиб карда ва гуфт, ки дар ин замина ҳеч гуна дастуре ворид нашудааст.
Зимнан, бонки сармоягузории "Конт" тавассути ширкати "Ҳолдинг КонтГруп Тоҷикистон" барои корҳои тармиму бозсозии терминоли мусофирбарии шаҳри Душанбе 140 милюн сомонӣ масраф кардааст.
Суҳроб Оймаҳмадов, раиси кулли ширкати ҳавопаймоии "Asian Express Airline", ки гуфта мешавад бо сармояи Бобаки Занҷонӣ таъсис шудааст, ба хабарнигорон гуфта, ин ширкат ба оқои Занҷонӣ ва ширкатҳои ӯ рабте надорад.
Ин дар ҳолест, ки дар моҳи октябри соли 2012 оқои Оймаҳмадов дар ҷамъи хабарнигорон гуфта буд, ки ширкати ҳавопаймоии "Asian Express Airline" ба "Ҳолдинг Контгрупп Тоҷикистон"-и Бобаки Занҷонӣ таъаллуқ дорад.
Ин ширкат дар соли 2007 таъсис шуда ва чанд ҳавопаймои мудерни "Airbus" дар ихтиёр дорад.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ки мумкин аст дар пайи таҳримҳои Омрико алайҳи ширкатҳои Бобаки Занҷонӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз асароти таҳримҳо моликони ширкатҳои ӯ иваз шудаанд.
Аз сӯи дигар, асомии соҳибони бархе аз ширкатҳои "Ҳолдинг Контгрупп Тоҷикистон" махфӣ боқӣ мондааст.
Аз ҷумла, ба ҳангоми баррасии мавзӯъи муъофияти ширкати "Осиё Экспресс" аз пардохти аворизи гумрукӣ ва молиёт дар порлумон дар 1 октябри соли 2012 бо вуҷуди исрори Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, масъулони вазорати молия асомии соҳибони ин ширкатро ошкор накарданд.
Бо ин вуҷуд, Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон ширкати "Осиё Экспресс"-ро аз пардохти аворизи гумрукӣ ва молиёт, ки дар маҷмӯъ 5,6 милюн сомонӣ ё беш аз як милюн дулорро ташкил медод, муъоф карда буд.
Он замон бархе аз коршиносон ҳадс зада буданд, ки мумкин аст дар пушти ин ширкат лоббӣ ё ҳомиёни нерӯманде дар дохили ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд, ки бо вуҷуди шакку тардидҳо дар мавриди ширкати "Осиё Экспресс" порлумон ба додани имтиёзоти молӣ ба он водор шудааст.
Маъмулан номҳои саҳомдорон ва фаъъолияти молии ширкатҳои наздик ба мақомоти радаи болои давлати Тоҷикистон ифшо намешавад ва ин мавзӯъ ҳатто боъиси нигаронии созмонҳои муътабари молии байналмилалӣ шудааст.
