Бобаки Занҷонӣ кист?

Номи Бобаки Занҷонии 42-сола авохири соли 1391 барои аввалин бор дар ҷаласаи истизоҳи (бозхости) вазири кор дар саҳни Маҷлиси Эрон сари забонҳо уфтод.
Дар ин ҷаласа Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури вақт, бародари руасои қувои муқаннана ва қазоияро ба талош барои суиистифода аз мавқеъияти худ ва бародаронаш муттаҳам кард.
Оқои Аҳмадинажод дар ҷаласа филме аз гуфтугӯи Фозили Лориҷонӣ, бародари Алӣ ва Содиқи Лориҷонӣ, руасои маҷлис ва қувваи қазоия, бо Саъиди Муртазавӣ, раиси вақти Созмони таъмини иҷтимоъӣ, пахш кард.
Вай гуфт, ки Фозили Лориҷонӣ аз оқои Муртазавӣ хоста муқаддамоти ошноии ӯро бо Бобаки Занҷонӣ, тоҷири сарватманде, ки хоҳони хариди чандин ширкати Созмони таъмини иҷтимоъӣ буд, фароҳам кунад.
Ба гуфтаи раисҷумҳури вақти Эрон, Фозили Лориҷонӣ талвеҳан (пардапӯшона) ба оқои Муртазавӣ гуфта буд, ки агар оқои Занҷонӣ ӯро ба унвони мубошири худ ба кор гирад, ӯ хоҳад тавонист бо таваҷҷуҳ ба нуфузи бародаронаш мушкилотеро, ки маъмулан барои фаъъолиятҳои иқтисодӣ пеш меояд, ҳал кунад.
Бобаки Занҷонӣ пас аз ҷанҷолҳои марбут ба пахши филми мазкур гуфт, ки Фозили Лориҷонӣ дар як мулоқоти кӯтоҳ ба ӯ пешниҳод карда буд, то дар корҳои нақлу интиқоли ширкатҳо кумак кунад, вале "дар муқобил ҳеч дархосте надоштааст."
Дар гузориши ахири таҳқиқ ва тафаҳҳуси (ворасии) Маҷлис аз Созмони таъмини иҷтимоъӣ ҳам Саъиди Муртазавӣ муттаҳам шудааст, ки қасд дошта бидуни риъояти мароҳили қонунӣ саҳоми таъмини иҷтимоъӣ дар 138 ширкатро ба маблағи чаҳор милёрд юру ба ширкати Суринет Қишм, мутаъаллиқ ба оқои Занҷонӣ, мунтақил кунад.
Аксҳое бо як 'дӯсти' мусаллаҳ ва либосшахсӣ
Ҳамзамон бо тарҳи номи Бобаки Занҷонӣ дар расонаҳо сойти "Бозтоб" имрӯз тасовире аз оқои Занҷониро мунташир кард, ки ӯро мусаллаҳ ба аслиҳаи камарӣ ва дар маконе номаълум нишон медод.
Оқои Занҷонӣ ин аксҳоро марбут ба 15 сол пеш ва дар минтақаи Арбили Ироқ донист ва гуфт, ки барои ҳифозати худ дар сафарҳои заминӣ ба Ироқ мусаллаҳ будан амре маъмул будааст.
Оқои Занҷонӣ, ба гуфтаи худаш, дӯстии наздике ҳам бо Ҳасани Миркозимӣ, аз нерӯҳои мавсум ба либосшахсӣ, дорад. Тасовире аз оқои Миркозимӣ дар ҷараёни бархӯрд бо муътаризон ба натоиҷи интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 1388 мунташир шуда буд, ки ӯро мусаллаҳ ба култ (тапонча ё пистолет) дар хиёбонҳои Теҳрон нишон медод.
Оқои Занҷонӣ дар мусоҳибае дар бораи оқои Миркозимӣ гуфт, ки ӯ "воқеъан хатое надошта ва кори ҳирфаияшро анҷом додааст ва дар ҷараёноти соли 88 ба далели масъулияте, ки дошта, як силоҳ ҳам ба камараш буда ва иттифоқи хоссе наюфтодааст.
Бархе аз расонаҳои Эрон оқои Миркозимиро аз шарикони аслии Бобаки Занҷонӣ дар фаъъолиятҳои бузурги иқтисодӣ донистаанд, аммо оқои Занҷонӣ дар гуфтугӯ бо сойти "Тобнок" гуфта буд "косибии хоссе ҳам бо ишон надорам. Фақат дар гузашта яке аз ҳутелҳои вайро дар Кеш харидорӣ кардам ва аз он ҷо ҳамдигарро шинохтем ва чанд мусофират ҳам бо ҳам рафтем."
Оқои Занҷонӣ ҳамчунин молик ва раиси ҳайъати мудираи бошгоҳи футболи "Роҳоҳан" аст. Ӯ батозагӣ эълом карда буд, ки ҳозир аст 200 милёрд тумон пули нақд бидиҳад, то молики бошгоҳи "Персепулис" шавад.
Вай ҳамчунин раиси ҳайъати мудираи ширкати ҳавопаймоии "Қешм" аст ва дар санъати ҳутелдорӣ фаъъолият мекунад.
Фурӯши нафти хоми Эрон ва таҳрим
Оқои Занҷонӣ дар фурӯши нафти Эрон ва интиқоли пули он ба дохили кишвар ҳам фаъъол будааст.
Иттиҳодияи Урупо ба далели ончи "кумак ба давр задани таҳримҳо аз тариқи доштани нақши калидӣ дар тиҷорати нафти Эрон ва интиқоли пули марбут ба фурӯши он ба давлати Эрон" хонда шуд, авохири соли 2012 (даймоҳи 1391) номи оқои Занҷониро дар феҳристи таҳримҳо қарор дод.
Чанд моҳ баъд Омрико ҳам номи ӯро дар феҳристи сиёҳи афроди ноқизи (шиканандаи) таҳримҳои Эрон афзуд.
Оқои Занҷонӣ гуфтааст, ки коре хилофи қавоъиди Иттиҳодияи Урупо накарда ва нафти Эронро дар кишварҳои муъоф (афвшуда) аз таҳрим ва тибқи қавонини байналмилалӣ фурӯхтааст.
Дар нахустин ҳафтаҳои давлати Ҳасани Рӯҳонӣ Бежани Зангана, вазири нафти Эрон, гуфта буд, ки оқои Занҷонӣ ду милёрд дулор аз пули фурӯши нафтро ба хазона ворез накарда , аммо оқои Занҷонӣ дар видеуе, ки мунташир кард, посух дод, ки адами (набуди) интиқоли ин пул ба вазорати нафт рабте ба ӯ надорад.
Оқои Занҷонӣ дар ин видеу гуфта, ки нақши ӯ дар ин моҷаро сирфан кумак ба ифтитоҳи (боз кардани) ҳисоб барои яке аз ширкатҳои вазорати нафт дар бонке буда, ки ӯ дар таъсиси он нақш доштааст.
Ба гуфтаи оқои Занҷонӣ, монеъи аслии интиқоли ин пул ба Эрон ин аст, ки вазорати нафт мехост мавҷудии (нақди мавҷуд дар) ин ҳисоб ба ҳисобҳои вазоратхона ва ё бонки марказӣ ворез шавад, ки ба далели таҳримҳои байналмилалӣ интиқоли ин маблағ ба он ҳисобҳо имконпазир набуд.
Ӯ гуфта буд ба маҳзи ин ки ширкати ҳунгкунгии вобаста ба вазорати нафт ҳисоберо муъаррифӣ кунад, ки барои интиқол мушкиле надошта бошад, билофосила ин пулро ба ҳисоб мунтақил хоҳад кард.
Иттиҳоми фасоди молӣ дар Туркия
Дар ҷараёни ҷанҷолҳои марбут ба буҳрони фасоди молии Туркия, ки шуморе аз фарзандони мақомҳои давлатӣ даргири он ҳастанд, низ номи оқои Занҷонӣ, ин бор дар иртибот бо иттиҳоми "интиқоли ғайриқонунии тило", матраҳ шуд.
Ризо Зароб, тоҷири эрониасли табаъаи Туркия, дар ин парванда ба пардохти ришва ва ҷобаҷоии (нақлу интиқоли) ғайриқонунии арз ва тило муттаҳам шудааст ва баъзе расонаҳо навиштаанд, ки шарики ӯ дар Эрон оқои Занҷонӣ будааст.
Аммо оқои Занҷонӣ гуфтааст, ки оқои Заробро танҳо ба муддати чанд дақиқа дида ва ҳеч муъомила ё ҳамкорӣ бо ӯ надоштааст.
'Сарвати афсонаӣ'
Оқои Занҷонӣ худро корофарин (соҳибкор) муъаррифӣ мекунад ва мегӯяд, ки барои наҷоти Эрон аз таҳримҳо талош кардааст.
Ӯ мегӯяд, ки дар давраи сарбозӣ ронандаи раиси кулли вақти Бонки марказии Эрон (зоҳиран Муҳсини Нурбахш) буда ва дар он ҳангом ба унвони омили тазриқи арз ба бозор барои кунтрули қиматҳо амал мекардааст.
Гуфта мешавад, ки фаъъолиятҳои ӯ дар ҳамин давра боъиси ошноии ӯ бо фазои тиҷорат ва иқтисод ва вуруди ӯ ба дунёи тиҷорат шудааст.
Мунтақидони Бобаки Занҷонӣ ӯро омили фасод хондаанд ва мегӯянд ӯ дар солҳои риёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод бо суиистифода аз равобиташ бо мақомҳои давлатӣ ва буҳрони ношӣ аз таҳримҳои байналмилалӣ сарвате афсонаӣ андӯхтааст.
Ӯ худ гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир молики 64 ширкати эронӣ ва хориҷӣ аст ва дар кишварҳои мухталиф 17 ҳазор ҳуқуқбигир (корманд) дорад.
Тоҷикистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Молезӣ ва Туркия аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки оқои Занҷонӣ дар онҳо, аз ҷумла дар бахшҳои ҳамлу нақл, бонкдорӣ ва тиҷорат, фаъъолият мекардааст.
Чанд рӯз пеш аз дастгирии оқои Занҷонӣ 12 намояндаи Маҷлис дар номае ба сарони ҳар се қувва хоҳони таъқиби қазоии ӯ шуда буданд.
Оқои Занҷонӣ рӯзи душанбеи 9 дай (30 декабри 2013) тавассути Додситонии кулли Эрон боздошт ва ба зиндони Эвин мунтақил шуд.
